banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҒАЗАЛҲОИ ТУРСУНЗОДА

НОНРЕЗА

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.
Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,
Мешунидам зарбҳои говрона—чӯбро
Побараҳна, дилгурусна сар-сари кӯҳу адир,
Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир,
Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,
Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.
Нонвои шаҳр меояд кунун дар пушти дар,
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар,
Кӯчаҳоро пур кунанд аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тӯи висол.
Хӯшаҳо дар киштаҳо вақте ки сар хам мекунанд,
Шодию хурсандии хурду калон зам мекунанд.
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Дидаву санҷидаву болида мемолам ба чашм.

Соли 1907

ЗАМИН

Дар фазо парвоз кардам гарчи аз рӯи замин,
Чашмро аммо намекандам ман аз сӯи замин.
Бо ситора ҳамнишин, бо моҳ гаштам ҳамнафас,
Лек будам сархушу сармаст аз бӯи замин.
Бори аввал дар замии сар шуд тапиданҳои дил,
Бо умеди зиндагӣ заҳматкашиданҳои дил.
Тӯшаи раҳро ба дӯши хештан бардошта,
Сабру тоқатро дадониста давиданҳои дил.
Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро,
Ман ба ҳар як тифли аз модар ба дунё омада,
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.
Бо замин, бигзор, ки пайванд бошад пои ман,
Дар замин, бигзор, ки бошад муқаррар ҷои ман.
То абад, бигзор, бошад шӯълафкан, шӯълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.

Соли 1965

ТИРУКАМОН

Дирӯз баъди борон тирукамон баромад,
Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад,
Аз қатраҳои борон дар офтоби тобон
Рухсора тар намуда абрӯкамон баромад.
Бо рангҳои дилкаш, бо чеҳраи мунаққаш
Ҳусни замин дамида фавворасон баромад,
Аз кӯҳ то ба кӯҳе, аз дашт то ба даште
Товуси хушхироми Ҳиндустон баромад.
Мурғи қафасшикаста, аз банди зулм раста,
Чун рамзи дӯстии халқи ҷаҳон баромад.
Кардам гумон, ки аз дил савти ҳазор манзил
Чун мавҷҳои соҳил дар як замон баромад,

Соли 1966

РӮДИ МАН

Рӯди ман олам дигар шуд,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Сарзаминат пурсамар шуд,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Даври ман, даври ҳунар шуд,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Дидаю дил пуршарар шуд,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон.
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,
Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад,
Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,
Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад.
Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ,
Уштури мастӣ магар ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар мӯхарошон рӯхарошон мезанӣ,
Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ.
Дар канорат то саҳаргаҳ ҷой кас гирад хуш аст,
Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст,
Ҷои сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст,
Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад, хуш аст.
Тезтар, бурротар обат аз дами шамшер ҳам,
Софтар аз оби чашми тифли бетақсир ҳам.
Пурҷилотар аз рухи хуршеди оламгир ҳам,
Тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам.
Як назар кун, рӯди ман, атрофи ту тағйир ёфт,
Аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт,
Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сӯят дер ёфт,
Ҳарчи бошад ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт.
Боз мебинам, ки рӯдам,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Пеши ту ман дар суҷудам,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Дил ба рӯят ман кушудам,
Ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Гӯш нокарда сурудам
Ту равонастӣ, равон...

Соли 1967

1  2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16  

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011