banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҲАСАНИ АРОБАКАШ

  1. ОИДИ ДОСТОН

  2. ҚИСМИ I

  3. ҚИСМИ II

  4. ҚИСМИ III

  5. ҚИСМИ IV


ҲАСАНИ АРОБАКАШ

Ин асари худро ба иди бошарафи 25-солагии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон мебахшам.
Муаллиф

I

Пӯшт, машкоб!
                       Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигоҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!

Бо чудин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда
Мегузашт аз миёнаи бозор.

Мегузашт аз даруни обу гил,
Аз бари чойхонаю дӯкон,
Аз таги бомгӯшаҳои паст,
Аз раҳи танг — кӯчаи вайрон.

Мекашонид санги дарёро
Аз барои кадом деворе,
Хонае, кӯчае, сарои наве,
Ё барои дигар ягон коре.

Асп — зотӣ, ароба — қӯқандӣ
Баста зангӯлаҳо ба гардани асп...
Шӯру ҳангомаро Ҳасан доим
Дӯст медошт аз паси ин касб.

Дар ҳамон солҳо
                       Душанбеи мо
Деҳи хурди камаҳолӣ буд.
Аз тамоми нишонаҳои ҳаёт
Солҳои зиёд холӣ буд.

Деҳаи ҷабру зулмдидаи халқ
Дашти беоб, чӯли бирён дошт.
Ба сараш фаслҳои тобистон
Шӯълаи офтоби сӯзон дошт.

Тоқа-тоқа чанорҳои сабз
Хизмати одилона мекарданд, —
Ҷониби мо насими форамро
Гоҳ-гоҳе равона мекарданд.

Кас дар он солҳои пурташвиш
Дами оромро намедонист,
Рафтани рӯзрову омадани
Пурхатар шомро намедонист.

Менамуданд душманони шадид
Давлати навасосро таҳдид,
Халқи моро фиреб медоданд
Шайхҳо дар мазор,
                       дар масҷид.

Коммунистон яроқу хома ба даст
Мамлакатро идора мекарданд,
Ба ҳама корҳои камбағалон
Бо муҳаббат назора мекарданд.

Фикрашон буд, ки кунанд аз нав
Сарзамини харобро обод,
Аз асирии ҷаҳлу нодонӣ
Халқи тоҷикро кунанд озод.

Мо ҳам он вақтҳо дар интернат
Тарбиятгир баччагон будем,
Аввалин отряди пионерӣ
Аз ятимони тоҷикон будем.

Дафъаи аввалин дар интернат
Мо китоби саводро дидем.
Аввалин бор номи Ленинро
Аз алифбои хеш бишнидем.

Аввалин бор аз нақораи мо
Савти марши қадам ба гӯш омад.
Аввалин бор аз таронаи мо
Дили шогирдҳо ба ҷӯш омад.

Галстуки сурх аввалин дафъа
Зинату зеби гардани мо шуд.
Қасаму ваъдаи пионерӣ
Шарафи мо, бараҳнапоҳо шуд.

Маркази нав — Душанбеи худро
Дӯстдоранда наврасон будем.
Ба ҳама корҳои ин марказ
Ҳамаи мо мададрасон будем.

Аз гилу хок тоза мекардем
Кӯчаҳои баланду пасташро,
Мо ба тартиб медаровардем
Ҳар яке ҳавлии нишасташро.

Аз дилу ҷон ба ҳар иморати нав
Аввалин хиштро гузоштаем.
Бо нишондоди коммунист — падарон
Халқи худро азиз доштаем.

Деҳаи аз қадим бе унвон
Қомат аз рӯи хок мебардошт.
Аввалин донаҳои матлабро
Ба замини хароби худ мекошт.

* * *

Омад аз тангкӯчаи қишлоқ
Тақ-тақи пову шеҳаи аспон,
Дар дами шом рӯи саҳни сарой
Пур шуд аз асп, аз аробакашон.

Охирин рӯзҳои сармо буд,
Рехт сел аз ҳаво ба сар имрӯз.
Дару деворҳои лоинро
Шуст борону барфи тар имрӯз.

То миён, то ба гӯш дар кӯча
Хару аспон ба лой ғӯтиданд,
Одамони пиёда пушт ба пушт
Дар сари роҳу ҷӯй ғелиданд.

Чархҳои аробаҳои калон
Мепаронданд лойро ба ҳаво,
Лойҳои парида мехӯрданд
Ба сару рӯю кифти одамҳо.

Ҳасан омад аробаро ронда
Ба сарои аробаҳо пурхашм,
— Зуд во кун, саройбон, дарро,
Ком шуд асп,
                       ҷав биёр! — Ба чашм.

— Чӣ бало рӯзи наҳс шуд имрӯз,
Ки ягон кори кас барор накард,
Аз саҳаргоҳ то намози шом
Барфу борон дигар қарор накард.

Сӯҳбату чақ-чақи аробакашон
Гарм дар гирди тоза гулхан буд,
Гирду атрофи хонаву айвон
Аз шуоъ, аз шарора равшан буд.

Ҳасан ин дам ба пеши гулхан рафт,
То кунад гарм дасту пояшро,
То ки нӯшида чои талхи кабуд,
Хушк созад либосҳояшро.

Чойҷӯши сияҳ ба назди алав
Буд акнун балақ-балақ дар ҷӯш,
Сӯҳбати гармро аробакашон
Менамуданд бо муҳаббат гӯш.

Пеши чашмони аҳли сӯҳбатро
Хира мекард дуди ғафси чилим,
Чойкаш менамуд бо навбат
Ба каси нав пиёларо тақдим.

Чойро дода чойкаш ба Ҳасан
Гуфт, ки: — Нӯш кун ба ҷони ғариб,
Дур гаштӣ аз одаму олам
Ту, ҷавонмарди яккагард, қариб.

Душману дӯстро шинос, писар!
Дур парто ҳавобаландиро,
Каси одамгурез одам нест,
Кун фаромӯш худписандиро.

Мо ҳам одам, аробакаш ҳастем,
Дӯстӣ дар миёни худ дорем.
Гар ягон рӯзи бад ба сар ояд,
Ҳамдигарро ҳамеша даркорем.

Ба ҳама кор ёфт мешаваду
Дӯстро ёфтан бувад мушкил.
То тавонӣ,
                       диле ба дастат ор,
Машав аз дӯстони худ баддил.

Наякӣ карда як аробакаше
Нашъаро, менишаст чашмхумор,
Гуфт: — Беҳуда хун макун дилро,
Гапи бисёр ҳаст як хара бор.

Як мақолест, ки чу ин гӯянд:
“Дави гӯсола аст то каҳдон”
Худписандӣ натиҷаи хомист,
Адаби хешро нахӯрдаст он.

ӯ гумон мекунад, ки якка худаш
Борбардори мамлакат бошад.
Пеши чашми ҳама калону хурд
Гули сурхи сари сабад бошад.

Хом тушбераро, писар, машумор,
Гир ин пилтаро зи гӯши худ,
Чун пушаймон шавӣ, пушаймонӣ
Додари ман, дигар надорад суд!

— Нестам аз ту ман забонкӯтоҳ,
Пӯш барвақттар даҳонатро!
Ҳасан оё саги туро “тур” гуфт,
Ё кӣ кардаст нима нонатро?

Ман ба роҳи худам, ту ба роҳи худ,
Машав аз ман йигит, домангир.
Аспи олампаноҳро кардаст
Ба мани камбағал худо тақдир.

Девкор аст аспи зотии ман.
Заррае ҳам ба нӯги нохуни он
Аспҳои дигар намеарзанд.
Рашкат ояд агар, қаламфур мон.

Чакманашро Ҳасан гирифта ба кифт
Гуфт, ки: — Вақт рафт, субҳ дамид,
Сӯҳбати мо кашол ёбад агар
Бештар мешавем сурху сафед.

* * *

Дар сарои нави аробакашон,
Дар таги сершоху барг чанор
Рафтуо доштанд беором
Тӯда-тӯда аробаҳои қатор.

Мардуми мо аробаро он вақт,
Беҳтарин нақлиёт медонист.
ӯ гумон менамуд, ки ҳаргиз
Бе ароба наметавонад зист.

Дар миёни аҳолии кишвар
Буд номи аробакаш машҳур,
З-ин сабаб ҳам нагаштааст ҳанӯз
Ҳасан аз лавҳи хотири мо дур.

Мардуми водии Ҳисор онро
Ҳасани аспбоз, мегуфтанд.
Аҷали роҳҳои пурхатару
Ҳар нишебу фароз мегуфтанд.

Аз паи корҳои боркашӣ
Ҳафтаву моҳ бедарак мерафт.
Гаҳ барои керосину гӯгирд,
Гаҳ ба овардани намак мерафт.

Ҳеҷ гоҳе надошт тарсу ҳарос
Ҳасан аз гармселу боди сард,
Дар ҳама ҳол худ ба худ мегуфт:
“Мард бояд мудом бошад мард”.

Ба сараш монда лабшикан тоқӣ
Ҳасани мо ғами зиёд надошт,
Набароварда мӯи лаб, худро
Дар сафи мардҳо ҳамепиндошт.

Дошт дар дил Ҳасан таманное,
Ки чунин аспи бодпо дорад,
Ҷуфт карда аробаро ба саманд
Ин қадар сайру гаштҳо дорад.

Ба гумонаш,
                       ки ҳеҷ маҳлуқе
Нест аълотар аз саманди ӯ.
Гар бихоҳад аз осмон ояд
Тезпар боз ҳам ба банди ӯ.

Гар нишинад ба асп дар наздаш
Бодро, раъдро мутеъ кунад,
Бағали танги кӯҳсоронро
Аз қадамҳои худ васеъ кунад.

Гар ба сағрии аспи оламгард
Аз сари шавқ тозиёна занад,
Ба рухи моҳу офтоб Ҳасан,
Даст гӯё ки ғолибона занад.

Асп — зотӣ, ароба — қӯқандӣ,
Дар бадан дошт чакмани моҳут,
Шахси танҳову як сару ду гӯш
Ҳамаи давлати Ҳасан ин буд.

Менамуд ӯ гумон, ки танҳоӣ
Ба кас аз ҳар чӣ ҳаст афзалтар,
Сари танҳо ҳамеша озод аст
Аз ғами рӯзгору хонаву дар.

Ба куҷое, ки ихтиёр кунад,
Меравад бемалол, бепурсиш,
Дар куҷое, ки афтаду хезад,
Касе онро намедиҳад ташвиш.

Гарчи худ як каси муҷаррад буд,
Дӯст медошт тӯй хӯрданро,
Дар ароба савор карда ба тӯй,
Қӯша-қӯша арӯс бурданро,

“Нақшҳои калон”-и мардонро,
Рақси мавзуни наварӯсонро,
Пойандоз паҳн карданро,
Чашмакӣ кардани ҷавононро.

Гирдгардии гирди гулханро,
Ғазал аз духтарон шуниданро,
Аз таги пои келину домод
Тангаву қандалот чиданро.

Хабарӣ буд ба тӯй як бегоҳ
Ҳасани тӯйхоҳи базмталаб,

Карда бар тан лабоси идиро
Рафту аз тӯй пас наёмад шаб.

Ҳасан имшаб арӯси нав овард,
Ҷилави аспро гирифта ба тӯй,
ӯ ба домод ҳар замон мегуфт,
Ки “ман овардам ин арӯси накӯй!”

Чун даромад ба тӯйхона Ҳасан
Тӯй ҷӯшиду шӯъла зад гулхан.
Кард рухсораҳои аҳли тӯй
Гулхани осмонбаро равшан.

Хизмати тӯи наварӯсонро
Ҳасан аз ҷону дил адо мекард,
Меҳри худро ҷавони дидадаро
Дар дили аҳли тӯй ҷо мекард.

Чӣ шабе буд, ки дар он манзил
То саҳар базми осмонкаф шуд.
То саҳар гӯши мардуми қишлоқ,
Ба садои нақораву даф шуд.

Писарон чобукона рақсиданд,
Духтарону занон латифу ҳалим,
Дар чунин шаб чӣ гуна кас накунад
Дилу ҷонро ба дилбарон тақдим.

Балки имшаб аробакашро ҳам
Кард мафтун суруди маҳбубе,
Қади ларзону рақси мавзуне,
Чашми ҷодугаре, дилошӯбе.

Ба Ҳасан дам ба дам нигаҳ мекард
Духтаре аз канор дуздида,
Ноз мекарду рӯйро метофт
Зери лаб нозукона хандида.

Ҷониби наварӯсҳо то субҳ
Бо ҳасад балки менамуд нигоҳ,
Борҳо балки аз дилаш гузаронд:
Ҳама ҷуфтанд, ӯ чаро танҳо?

Балки мехост сурати ёре
Абадӣ нақш дар дилаш бандад.
Балки мехост бо дилороме
Баъд аз ин умрбод пайвандад.

Ҳасани тӯйрав парешонҳол
Омад аз тӯйхона вақти саҳар,
Омад, оре, аробакаш ба сарой
Буд авзои он вале дигар.

* * *

Илм омӯхтан ба кас торафт
Мисли обу ҳаво зарур афтод.
Давлати мо ба рӯи фарзандон
Дари донишкада васеъ кушод.

Рӯзе аз рӯзҳо ба дасти мо
Аз ҳукумат расид ҳуҷҷати роҳ.
Ҷониби Тошканд мерафтем
Илмҷӯ, фанталаб, саодатхоҳ.

Ба Ҳасан мо муроҷиат кардем,
То ба Тирмиз бо ароба барад,
Бурда мора сиҳат-саломат ӯ
То ба кондуктори вагон супарад.

Ҳасан аз нисфи рӯз то бегоҳ
Гашт бо аспи хеш овора, —
Шуст, ҷорӯб кард,
                       нағз хӯронд
Бедаву коҳу ҷав — ду-себора.

Ҳасан аз нисфи рӯз то бегоҳ
Кард аз меҳр аспро зилу бом,
Корҳои зарурии худро
То дами гашти рӯз дод анҷом.

Се нафар дар ароба биншаста
Сафари дурро нишон кардем,
Аспи овозадорро акнун
Дар раҳи дур имтиҳон кардем.

Буд ҳамроҳ дар сафар бо мо
Доктори меҳрубон Иван Кузмич,
Якта портфел, кампали мӯин
Дошт дар дасти хеш, дигар ҳеҷ.

Нарм кардем мо таги онро
Бо хасу бо пахол, бо кампал,
Ҷой додем дар аробаи худ
Ба куҳансол доктор аввал.

Мегузашт аз миёни кӯчаи танг
Зада зангӯларо аробаи мо,
Дар сари бомҳои Душанбе
Шуд тамошои одамон барпо.

Аз лаби бомгӯшае мекард
Ба Ҳасан духтаре ҳамеша нигоҳ.
Ба ҷавони аробакаш медод
Гӯиё аз нигоҳ тӯшаи роҳ.

Лаб-лаби бом омад он тозон
Гул ба тори сари Ҳасан афшонд,
Пайкари мисли кӯҳ сангинро
Гули нозук бубин
                       чӣ сон ларзонд.

Як нигаҳ кард сӯи бом Ҳасан,
Гуфт: - Ин ҳосили шаби тӯй аст,
Ин ҳамон шӯхчашми ширинкор,
Ин ҳамон дӯстрӯю дилҷӯй аст.

Ҳама шабҳои фасли тобистон
Ба сафаркардагон фараҳноканд,
Аспҳо, одамон дар ин сон шаб
Нафасозоду чусту чолоканд.

Ба сари кас насими форами шаб
Гули саҳрову кӯҳро резад,
Аз набототи дашту домани кӯҳ
Нолаи чирчирак ба по хезад.

Дар чунин шаб дарахтҳо гиранд
Нафаси тоза аз ҳаво ором.
Пой мемонд мунтазам дар роҳ
Асп бо ғиҷҷаси ароба мудом.

Мегузаштем аз даруни дара,
Аз миёни васеъ найзоре,
Аз сари оби рӯдҳои шӯх
Аз ҷару санглохи бисёре.

Кӯҳ аз пушти кӯҳ меомад,
Рӯд аз пушти рӯд пай дар ҳам,
Теппа аз пушти теппа саф дар саф,
Роҳ аз пушти роҳ хам дар хам.

Рӯди Варзоб дур шуд аз мо,
Ғоиб аз чашмҳо Харангон шуд,
Қалъаи зулм дар Ҳисори қадим
Бо сафедии маҳ намоён шуд.

Ёд дорем, ки ба наздикӣ
Пеш карданд ҳокими онро,
Халқ афрохт бар сари қалъа
Байрақи сурхи шӯълаафшонро.

Ёд дорам, ки ман ба наздикӣ
Дар ҳамин раҳ фитода мерафтам,
Аз Қаротоғ то ба Душанбе
Побараҳна, пиёда мерафтам.

Пинакӣ рафта буд Иван Кузмич
Хӯрд чархи чапи ароба ба санг,
Кард як қад парида мӯйсафед,
Бо насиҳат аробакашро ҷанг.

— Ин Ҳисор аст, — гуфт Иван Кузмич
Манбаи ботлоқ, ҷои таб аст,
Солҳо боз мардум аз ин дард
Муттасил дар азобу ҷон ба лаб аст.

Ғайри таб дардҳои дигар ҳам
Бешуморанд дар миёни халқ,
Бояд акнун раҳо кунем аз дард
Тезтар чора ҷуста ҷони халқ.

Рафта дар Москва ҳикоя кунам
Ҳамаи дардрову дармонро,

То ки таъмин кунанд аз доктор,
Аз шифохона Тоҷикистонро.

Гарчи кам мондааст умри ман
Умри табларза камтар аст аз он.
Ману таб ҳарду дар муборизаем,
Ҳарду дар ҷабҳаем, дар майдон.

Ҳасан аз нос карда пур кафро
Ба даҳон рехт, аспро “чу!” гуфт,
Чашм ноканда аз раҳи вазнин
Аспро ронду хеш ҳеҷ нахуфт.

Гоҳ мекард аспро таъриф,
Гоҳ мегуфт қиссаҳои латиф,
Гоҳ шӯрида месуруд баланд,
Гоҳ оҳиста бо садои хафиф.

Гуфт, ки: “— Ин саманди зотии ман
Ҷонвари меҳрубон, вафодор аст,
Ба сарат гар мусибате ояд,
Беҳтарин мӯнису мададгор аст.

Аспи зебои ман, саманди ман
Дар ҷаҳон яккаву ягона бувад,
Аз ҳамон Рахши паҳлавон Рустам
Охирин нусхаву нишона бувад.

Хизмати бойро, ки мекардам,
Аспам он вақт хурд тойча буд,
Парваридам ба дасти худ онро
То замоне, ки аспи тозӣ шуд.

Ҳар як аз номдор човандоз
Ҳаваси ин самандро мекард,
То дарорад ба дасти худ онро
Чораҳо ҷуста ҳилаҳо мекард.

Бой мехост, ки ба босмачӣ
Аспро пешкаш кунад рӯзе,
Дар дилам аз шунидани ин гап
Даргирифт оташи ҷигарсӯзе.

Рафтам оҳиста шаб ба пеши асп
Бо таваккал ба он савор шудам,
Зада қамчин, лаҷом сар дода
То саҳар вориди Ҳисор шудам.

Музди якчандсола хизмати ман
Аз ҳамон судхур ҳамин асп аст.
Чор сол аст, ки аробакашӣ
Ба худи ман, ба аспи ман касб аст”.

Пешпо хӯрд асп, “Чу, ҷонвар!”
Гуфту бубрид нақли хеш Ҳасан.
Шафақи лоларанги вақти саҳар
Мебаромад ба рӯи дашту даман.

Ба сари қуллаҳои кӯҳи Ҳисор
Оташи нури офтоб дамид,

Аз дару бомҳои деҳқонон
Дуди борик дар ҳаво печид.

Менишастанд мурғҳо ба замин
Аз дарахтон ба фикри донаву об,
Мекушоданд баччаҳои шӯх
Чашми зебои соддаро аз хоб.

Динакак Давлати Советии мо
Аз замин ронд муфтхӯронро,
Бо хату мӯҳри одилонаи худ
Кард хушбахт ҷумла деҳқонро.

Ба раҳогашта батракони диёр
Аввалин бор фасли деҳқонист,
Арақи соф дар замини худ
Мавсими рехтан зи пешонист.

Парча-парча замини сабз ба чашм
Буд мисли палоси серямоқ,
Дар китоби саодати халқӣ
Бувад аммо чу хатти заравроқ.

Дараи танг рӯ ба рӯ омад, —
Дараи хушҳавои ман — Қаратоғ,
Ин дара дошт солҳои сол
Дар дилаш кӯҳ-кӯҳ дарду доғ.

Ин дара дорад аз замони қадим
Дар бағал меваҳои хушбӯе,
Ноку ангуру пиставу гелос,
Ҷангали арчаҳои худрӯе.

Чашмаҳои зулоли пурҷӯшаш
Мисли оинаи булӯр буванд,
Дар тамошогаҳи табиати он
Кабкҳо масту пурсурур буванд.

Дар ҳамин ҷо бувад таваллуди ман, —
Дар лаби рӯди осмониранг,
Дар таги бомгӯшаи бедар,
Дар паси остонаи аз санг.

Дар ҳамин тангно шинохтаам
Аввалии бор ман бародари рус.
Аввалии бор дидаам бо чашм
Лашкари сурху солдати дилсӯз.

Аввалин бор ҳарфи русиро
Ман навиштам ба рӯи хатбаракам,
Сухани “адл”-ро ба гӯши худ
Аввалин бор доштам маҳкам.

Дар лаби ҷӯй чойхонае буд
Аз барои мусофирони роҳ,
Дар ҳамин ҷо аробаи худро
Ҳасани аспбоз дошт нигоҳ.

Дар лаби оби ҷӯи роҳатбахш
Дам гирифтем, хоб ҳам кардем,

То ба салқинии шаб осуда
Аспро пеш ронда раҳ гардем.

Ногаҳон чанг хест аз мағриб,
Гирдбоде ба осмон печид,
Аз қафо дуди ғафс сар дода
Гашт як хонаи раванда падид.

Мӯъҷизи тезгарди ҳайратбахш
Чун шамол омаду қарор гирифт,
Баҳри хӯрдан на каҳ, на ҷав, балки
Бензину оби ҷӯйбор гирифт.

Аҳли қишлоқ аз калон то хурд
Ба тамошои он шитобиданд,
Лаби ҳайрат газида дар гирдаш
Мисли парвона гирд гардиданд.

Аввалин боркаш-машинаи нав,
Аввалин нақлиёти резинпо
Омад аз Москва зи роҳи дур
Ҳамчу мушкилкушои халқи мо.

Ҳасани ақлмотгардида
Ҳеҷ наншаст аз ҳасад ба замин,
Рафтуо кард мисли мокуе
Байни аспу аробаву мошин.

Монда айнак ба чашми худ Кузмич
Гуфт, ки: — Ибтидои кор аст ин,
Баъд аз ин техника зиёд ояд
Ба тарафҳои кӯҳсорзамин,

Кӯр шуд чашми рӯзу шом омад
Соя афканд шаб ба гирду пеш.
Вақт омад, ки ман видоъ кунам
Бо ҳама дӯстону деҳаи хеш.

Бо ҳама баччагони ин қишлоқ,
Ки ба синну ба сол ҷуфти мананд,
Ҳама дар сохтмони оянда
Чашми уммеди меҳрубон Ватананд.

Чанд соли дигар видоъ кунам
Бо дару боми хонаи падарӣ,
Доим аммо ба ёди худ орам
Қарзҳои муқаддаси писарӣ.

Рӯди қишлоқро видоъ кунам,
Ки маро ӯ шиноварӣ омӯхт,
Бадани ман дар оби шӯхи он
Сахт гардиду устухонам пухт.

Чун маҳи шомхӯрда тобон шуд,
Дараву даштро мунаввар сохт,
Шӯълаи моҳ сояи шабро
Ба камарҳои кӯҳсор андохт.

Чархҳои ароба мегаштанд
Дар раҳи серсанги пасту баланд.

Аспи дамҳоткардаи ҷавмаст
Мушкилиро наменамуд писанд.

Менамуданд рудҳои соф
Дар шаби моҳтоб мисли шир,
Дили кас хоҳад ин ки онҳоро
Бо қалам нағзтар кунад тасвир.

Охир онҳо ба дашту водиҳо
Самари пурбаҳо нисор кунанд,
Дӯстдорандагони меҳнатро
Сол то сол бахтёр кунанд.

Ҳасан имшаб хамӯшу сархам буд,
Ба қафо, сӯи мо наменигарист,
Кас надонист, ки пас аз Қаратоғ
Боиси ин хамӯшии ӯ чист.

Аз машина магар димоғаш сӯхт? —
Ё шаби тӯйро ба ёд овард? —
Ёди рӯи сиёҳчашмакро
Бо худ аз даргаҳи мурод овард?

Балки бӯи гули фикандаи он
Аз димоғаш нарафтааст ҳанӯз,
Балки шоми фироқро хоҳад
Нарасонад халал Ҳасан то рӯз.

То дарояд аробакаш ба сухан
Мо суруде зи ишқ сар кардем,
Ба дили мард бо суруди худ
Шӯр андохта асар кардем.

Гуфт: — Додар, агарчи танҳоӣ
Ба ҷавонмард кори осон нест,
Дар ҷаҳон лаззати муҷаррадӣ ҳам
Камтар аз айши хонадорон нест.

Гарчи дар осмон кабӯтари ҷуфт
Менамояд баландтар парвоз,
Вақти парвоз бози танҳогард
Кай шавад бо кабӯтарон дамсоз.

Одамӣ шири хомхӯрда бувад,
Ногаҳонӣ ба дом меафтад,
Дода аз даст ақлу ҳуш ба гапи
Ёри ширинкалом меафтад.

Аз ягон гӯшаи гузаргоҳе
Шӯхчашме туро шикор кунад,
Дили кас берун аз иродаи кас
Сӯи ҷонона ихтиёр кунад.

Ҳар чӣ бошад, замона нотинҷ аст,
Нест вақти ин орзую ҳавас.
Ҳоли ҳозир барои ман, додар,
Асп бошад, ароба бошад, бас.

Мебароям даме ки ман ба сафар
Ҷони худро ба рӯи каф гирам.

Вой бар ҷони бекасу кӯям,
Ки агар дар ҷавониам мирам.

Рӯзе чою шакар ман аз Тирмиз
Бор бинмуда раҳсипор шудам,
Дар сари роҳи Деҳнаву Регар
Ман ба ғоратгарон дучор шудам.

Гӯшро ҷуфт карда аспи ман
Монд аз раҳравию шеҳа кашид,
Ба гумонам расид, ки шояд
Аспи зирак савораеро дид.

Дар ҳақиқат пас аз каме фурсат
Барқвор омаданд босмачиён,
Ба сару рӯву гардану пуштам
Бетараҳҳум заданд теғкашон.

Ғарқ дар хун ба хок афтодам,
Баъд аз он бехабар шудам аз худ,
Чӣ гузашт аз сарам, надонистам
Чун ба ҳуш омадам, касе нанамуд.

Буд танҳо аробаи холӣ,
Дастҳои ба пушт бастаи ман,
Рафта буданд аспу чою қанд
Муфт дар коми душмани раҳзан.

Аз қафо омаданд вақти субҳ,
Дӯстон дар аробаҳои дигар,
Ба Душанбе маро расониданд
Мисли мурғи шикастаболупар.

Чун ба ин ҷо расид риштаи гап,
Қасдан онро бурида пурсидам:
Пас чаро боз якка мегардед
Баъд аз ин ҳодиса, нафаҳмидам?

Гуфт, ки: — Баччаи гаранг будӣ,
Ман чаро гардам аз паси дигарон?
Аспи ман, аспи бодпои ман
Нест аз зоти аспҳои касон.

Дорад он дӯст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кӯҳу синаҳои дашт
Паҳлавонвор раҳ кушоданро.

Аспи бегона гар дучор ояд
Мезанад ӯ ба осмонҳо хез,
Мана, аз ин сабаб аробакашон
Мекунанд аз саманди ман парҳез.

Баъд аз оне, ки аспро бурданд
Дуздҳои палиди ғоратгар
То ки онро кунанд ром ба худ,
Равшан ин ки шуданд хуни ҷигар.

Қашқаи ман пас аз ду-се рӯзе
Ба сарои аробаҳо омад,

Ғарқ гардида зери обу арақ,
Чорхезу гурезпо омад.

Қашқа дар лаҳзаҳои сахтӣ ҳам
Наравад дур як қадам аз ман,
Гар ба болои зин савор шавам,
Ҳеҷ парво надорам аз мурдан.

Дар ҳамин нуқта шуд ҳикоя тамом,
Аз қафо ғул-ғули мотор омад.
Боз он хонаи равандаи мо
Бо ду чашмони шӯълабор омад.

Аз Душанбе ба дӯши худ овард
Бори бисёру одамони зиёд,
Ба гумонам, ки метавонад он
Кӯҳро ҳам барад ба пушт озод.

Кард пинҳон сутуни ғафси чанг
Худи моро, аробаи моро.
Ҳасан аз шиддати алам мезад
Аспи бечораро, накарда ибо.

Нангаш омад, ки аспи номии ӯ
Хешро аз машина оҷиз сохт,
Аспро сигнали баланди машин
Сахт тарсонду дар қафо андохт.

Баъди чандин дақиқа дар сари роҳ
Ким-куҷои машина вайрон шуд.
Ҳасани ноумедгардида
Зинда шуд, завқ кард, хандон шуд.

Ронда чархи аробаро пуршаст
Аз машина гузашт аспи Ҳасан,
Фикр мекард, ки ҷаҳон хонад
Ба чунин ғайрати Ҳасан аҳсан.

Ба паси худ нигоҳ нокарда
Ронд махлуқи безабонро ӯ,
Кард омехта дилу ҷигари
Дар ароба нишастагонро ӯ.

Пора шуд айнаки Иван Кузмич
Кайфи доктор парид, шуд маъюс,
— Зистан мушкил аст бе айнак,
Айнаки хуб буд, эй афсӯс.

Шуданӣ шуд, шикаст айнаки ман...
Гар чунин ин ароба мегардад,
Чун Ҳасан гар аробакаш бошад,
Хавф дарам, ки устухон шиканад.

Ҳеҷ гапро намешунид Ҳасан,
Фақат аспу аробаро меронд,
Ҳамаи узвҳои моро чун
Навдаи чормағз меафшонд.

Шодии ӯ накард дер давом,
Боз омад машинаву бигзашт,

Боз мондем бо аробаи худ
Дар миёни ғуборҳои дашт.

Ҳафт шаб бо аробакаш ҳамроҳ
Сахтии роҳро ба сар бурдем,
Хешро то ба истгоҳи вагон
Некбахтона бехатар бурдем.

Дафъаи аввалин расид ба гӯш
Ҳуштаку фишшаси буғи паровоз,
Охирин бор сӯи мо бинмуд
Хайрхушикунон Ҳасан оғоз:

— Мана, ин шаҳр шаҳри Тирмиз аст,
Нуқтаи охирини роҳи мост,
Охирин манзили аробакашон,
Охирин ҳадди сайргоҳи мост.

Хонда аз Тошканд баргаштед,
Банда дар хизмати шумо бошад,
Мана дидед худ ки то Тирмиз
Роҳ дар ихтиёри мо бошад.

Доктори мо чу тифл шодӣ кард
Гуфт, ки: — Хайрият халос шудем
Аз азоби раҳ, аз аробаи ту,
Варна наздик буд мурда будем.

То худи Москва пас аз ин шаҳр
Ҳукми поезд ба роҳ гардон аст,
Баъди ин шаҳр мамлакатгардӣ
Бо раҳи тахти оҳан осон аст.

1   2   3   4   5

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011