IV
Ҳасан аз раҳи дур меомад
Қад-қади рӯди шӯхоби Вахш,
Рӯйро карда мисли лахча сиёҳ,
Аз шамолу аз офтоби Вахш.
Монда аспу аробаи худро
Дастхолӣ, пиёда меомад,
Ба дами тафтбоди кӯҳу даман
Синаашро кушода меомад.
Бехабар буд аз гузаштани вақт,
Аз равуои одамони савор,
Худписандона гоҳ менигарист
Ба шитоби машинаҳо ночор.
Май нанӯшида мениҳод қадам
Дар раҳи хештан ба сармастӣ,
Ба хаёлаш намерасид, ки он
Луқмаеро хӯрад ба сардастӣ.
Ташналаб буду майли об надошт,
Хоболуду фикри хоб надошт.
Ҷуз ниҳодан қадам ба сӯи шаҳр
Дар дил он дигар интихоб надошт.
Мепариданд аз замин ба ҳаво
Гоҳ хӯсида мурғҳои ҳилол,
Менамуданд марди танҳоро
Гоҳ сагҳои подабон дунбол.
Галаи аспҳои колхозӣ
Аз бараш беадад гузар карданд,
Мисли най рост гардани онҳо
Аламашро зиёдтар карданд.
Аз назаргоҳи он намерафтанд
Ҷилваи шаҳри нав ба зебоӣ,
Дару деворҳои пурҳашамат
Сояҳои чанори бобоӣ.
Манзари кӯчаҳои пурҳаракат,
Қасрҳои аҷоиби дилкаш,
Хонаву остонаи маҳбуб,
Рӯи зебову чашми чун оташ...
Ҳамаи ин хаёлҳо ба Ҳасан
Дар сафар ғайрате ато карданд,
Бағали пойтахти наврасро
Гарму ҷӯшон ба рӯш во карданд.
* * *
Рӯзе аз рӯзҳо ба зери чанор
Шуд Ҳасан мисли сояе пайдо,
Бар танаш буд бори вазнине
Сари пур бо ҳазорҳо ғавғо.
На дигар ҷуръате ки дар кӯча
Мисли дерина сар баланд кунад,
Аз сари асп харсаворонро
Дар сари роҳ нописанд кунад.
Роҳҳоро ба ҳукми худ гирад,
Одамонро бароварад ба канор.
Гузарад аз миёни мардуми шаҳр
Бо ғуруру такаббури бисёр.
Худ кунун мегурехт аз ҳама кас,
Аз нигоҳи тамоми раҳгузарон,
Аз салому алек, аз одоб,
Аз мулоқоти қадрдон ёрон.
ӯ нишони сарои деринро
Дар қади кӯча ҷустуҷӯ мекард,
Шиштухези аробакашҳоро
Раҳравон дар дил орзӯ мекард.
Саргарангона борҳо пасу пеш
Рафта меомаду намедонист,
Ки ба зери чанор кайҳо боз
Ҳеҷ осор аз сарое нест.
Дид дар ҷои он бинои наве,
Лавҳаеро ба рӯи дарвоза.
Канда-канда ҳуруфҳоро хонд
“Ав-то-школ-ла”, — мактаби тоза.
Берун омад машинае аз дар.
Сар бароварда як ҷавон аз он
Ба Ҳасан гуфт: “Омадӣ охир,
Эй ту оворагаштаи ду ҷаҳон!
Зад ба девор гарчи пешонет,
Тавба аммо наменамоӣ ту,
Гар фароӣ зи асп, аз узангу
Ба гумонам намефароӣ ту!”
Чашму рӯи Ҳасан сиёҳӣ зад,
Ларза дар узвҳои он афтод.
Ҷуз ғазабнок як нигаҳ кардан
Беадабро дигар ҷавоб надод.
Рафт аз сояи дарахти чанор
Ёди маҳбуб кард, ёди Садаф
Бе Садаф зистан бувад мушкил,
Гар Садаф нест, нест шаъну шараф.
Ғам агар ҳаст ғамгусор куҷост?
Дӯст шарт аст, дӯстдор куҷост?
Майли ёре агар ба сар дорӣ
Меҳрубону азиз ёр куҷост?
Ҳасан омад ба кӯчаи дигаре
Дилкашолона бо баҳонаи дӯст,
Дару боми шиносро чун дид,
Хост меҳмон шавад ба хонаи дӯст.
Гашт дар гирди хонаву аммо
Надаромад Ҳасан ба он хона.
Ба Садаф бо кадом рӯи сурх
Менамояд нигоҳ мардона.
Дар ҳамин лаҳза балки машғул аст
Ёр дар хондани ҷавоби хат,
Балки ҳаргиз намеравад сарфаҳм
Хонда-хонда ба сарҳисоби хат.
Балки машғули хатнависӣ аст,
Сарзаниш мекунад маро дар хат
Кай шавад, ки ба дасти ман бирасад
Қосиди ишқ, муждаовар хат?
Ин тараф-он тараф парешонҳол
Чарх зад, бемадор шуд, калавид
Соате хост, ки биёсояд
Пастдевори пахсагиро дид.
Омаду кард такя бар девор,
Чашм пӯшиду монд беҳаракат,
Гуфт, ки: “Ранҷ агар, Ҳасан, набарӣ,
Нест дар корҳои ту баракат”.
Меравам, меравам ба зери чанор
То кунам имтиҳон саодати хеш.
Бигузоред, ки маро бошад
Кулфати нав, азоби нав дар пеш!
* * *
Хушкаломанд, шӯх, густоханд
Ҳамдигарро дугонаҳои Садаф,
Ҳалқа биншастаанд дар таги ток
Гирди дастурхони бои Садаф.
Сӯҳбати духтарони ҳаммактаб
Дилфиребу мароқовар буд,
Гоҳ ҷиддию гоҳ ҳазломез,
Диққатангезу хандаовар буд.
Аксари ин дугонаҳо кайҳо
Духтарони ба қад расида буданд.
Баъзе дар зиндагӣ ба мисли Садаф
Рӯзҳои фироқдида буданд.
Духтаре гуфт, ки — Ба хурсандӣ
Оқибат шуд тамом мактаби мо,
Бо машаққат кунун ба даст омад
Чандсола умеду матлаби мо.
Барзада дасту остин фардо
Ба маҳалҳо барои кор равем,
Монда дур аз дугонаҳои азиз
Ҳар кадоме ба як канор равем.
Дигаре гуфт, ки — илоҷе нест,
Мефиристем зуд-зуд хабар
Дӯстонро кунанд чунки қарин
Почтаву телграф ба ҳамдигар.
Менависем, ки чӣ гуна бувад
Қилиқу сӯҳбати дугонаи нав
Кори нав, ҷои нав, шароити нав,
Ҳастию нестии хонаи нав.
Менависем, ки пас аз рафтан
Аз ҳама пештар кӣ шавҳар кард,
Кӣ киро дод дил, дил аз кӣ бурд,
Ки чӣ сон бо кӣ хонаву дар кард.
Саввумӣ гуфт, ки
— Дар ин бора
Садафи мо намекунад парво.
Чунки ишқи аробакаш кардаст
Дили онро асири худ кайҳо.
Ин кас акнун ба пеши ӯ рафта
Дар ароба савор мегардад,
Аз паси дӯстдори хонабадӯш
Ҳамадам соявор мегардад.
Садаф андак ба қаҳр омаду гуфт:
— Ҷон дугона, кинояро бас кун.
Бадзабонӣ туро намезебад,
Ҳурмати нафсу иззати кас кун.
Ҳайф, ки меҳмони ман ҳастӣ
Варна беобрӯй мекардам,
Бо ту дар лаҳзаи забонхорӣ
Нағзакак гуфтугӯй мекардам.
Солҳо боз аз ҳама беҳтар
Мешиносам аробакашро ман.
ӯ сазовор нест, бовар кун,
Ба чунин таънаҳои сахт задан.
Ору номусдор як мардест,
Тамае аз касе надорад он.
Ба умеди Садаф — умеди висол
Ҳеҷ гоҳе нагашт аз паймон.
Ман гумон мекунам, ки нияти ӯ
Аз ақик, аз булӯр софтар аст,
Ҳамаи мардҳо ба чашми ман
Дигаранду аробакаш дигар аст.
Дар ҳамин дам Ҳасан агар мешуд,
Месупурдам ба дасташ изнамро.
Бо табассум, такаллуми ширин
Мебаровардам аз дилаш ғамро.
* * *
Охири навбаҳор омада буд,
Мешуданд об барфҳои кӯҳ.
Пой мемонд фасли тобистон
Ба сари сарзамини азму шукӯҳ.
Раста буданд донаҳо аз хок
Хабар оварда аз фаровонӣ,
Киштҳо гӯиё ки мегуфтанд
Хуб шуд хуб кори деҳқонӣ.
Дар бари домани адир комбайн
Ҷави навпухтаро дарав мекард,
Ба сари теппаи баланд касе
Бош-боше ба ҷуфти гав мекард.
Дар нишемангаҳи баландиҳо
Деҳаи сабзи обшоре ҳаст.
Дар ҳама кӯчабоғҳои он
Соф чун нуқра чашмасоре ҳаст.
Дар шаби моҳтоб, дар шаби тор
З-осмонаш ситора меборад,
Аз чароғи электрӣ ба сараш
Хирмани пуршарора меборад.
Мактаби хушҳавои даҳсола
Сап-сафед аст
дар миёни деҳ,
Ҳадя созад ҷаҳон-ҷаҳон шодӣ
Ба хушиқбол баччагони деҳ.
Буд омӯзгори ин мактаб
Қаҳрамондухтари ҳикояи мо,
Мисли ҷон дӯст дошт аҳли деҳ,
Боташаббус муаллими худро.
Аввалин рӯзҳои омаданаш
Ошное надошт дар қишлоқ,
Хуб санҷида аз паи ҳар кор
Пойро мегузошт дар қишлоқ.
Ҳар чӣ бошад ҳанӯз нобалад аст
Бо русумоту бо таомули деҳ,
Ҳар чӣ бошад муфассал огаҳ нест
Аз дигаргунию такомули деҳ.
Рӯзи аввал Садаф намедонист,
Ки чӣ сон дарсро шурӯъ кунад,
Аз паси кӯҳи илм чун хуршед
Ба сари деҳ чӣ сон тулӯъ кунад.
Деҳаро мисли панҷ ангушташ
Садаф акнун намуда буд аз худ,
Ҳеҷ камбудие ба чашми ӯ
Ноаён,
ношиносмонда набуд.
Ба ягон хона медаромад агар
Садафи дӯстрӯи ҷингиламӯй,
Мешуданд аз камоли хурсандӣ
Ҳама дар пеши ӯ ҳикоятгӯй.
Баччае гар ба дарс дер ояд,
Сабабашро Садаф дарак мекард,
Кори мактаб, ҳаёти оиларо
Зич пайваста муштарак мекард.
Маслиҳатро ба модарон медод,
Илму одобро ба шогирдон.
Ҳушу ёдаш ба кори мактаб буд,
Ба ривоҷи фазилату ирфон.
Буд дар гирду пеши ин мактаб
Саҳни пур аз гиёҳу пурхоре,
Дасти хонандагон иваз бинмуд
Он заминро ба боғу гулзоре.
Бомдодон ба рӯи гул шабнам
Медурахшид мисли лӯълӯе,
Мефишонд аз тирезаҳои яла
Ба ҳама синф анбарин бӯе.
Ҳар саҳар омадан ба боғи гул
Ба Садаф шуғли беҳтарин гардид,
Духтари табънозуки гулбоз
Бо гули боғ ҳамнишин гардид.
Чида гулдаста
аз гули садбарг
Ёд мекард як ҷавонеро,
Аз лаби бомҳои Душанбе
Ба сари ёр гулфишониро...
Дар чунин субҳ сӯи ин қишлоқ
Як сабукрав машинае метохт,
Ба гумонат,
ки аз замин ба ҳаво
Роҳи ҳамвор тир меандохт.
Бохабар шуд аҳолии қишлоқ
Ки шитобон сабукраве ояд.
Ҳама гуфтанд, ки: “ба пеши мо
Ояд аз шаҳр раҳбаре шояд.
Балки ояд раиси Совнарком,
Ё чу ҳаррӯза котиби райком,
Балки мо корҳои колхозро
То ҳамин дам надодаем анҷом?”
Чун сабукрав ба деҳ қарин гардид
Дод ронанда сигнали бисёр.
Ба шигифт омаданд аҳли деҳ
Ки чӣ сон одам аст, ин чӣ виқор?
Ҷамъ гаштанд аз калон то хурд
Гирди онро чу ҳалқа печонданд,
Дида як марди ношиносеро
Ҳама хомӯшу бетараф монданд.
Ҳама буданд бетараф, оре,
Садаф аммо дар изтироб афтод,
Мисли борон ба сатҳи дарёи
Сермавҷу пур аз ҳубоб афтод.
Аз тараб курта-курта гӯшт гирифт,
Кард лабхандҳои ширине.
Лаб зад аз нав чу гул ба рухсораш
Орзуву умеди дерине...
* * *
Роҳ дар пешу ёр дар паҳлу,
Дастҳои Ҳасан ба рули машин,
Чархҳои машина мегаштанд,
Манзили дурро намуда қарин.
Дар бараш менишаст ёри азиз,
Буд аз хуррамӣ дилаш чун кӯҳ,
Ба гумонаш, ки зиндагӣ ин хел
Ҳеҷ гоҳе надошт шаъну шукӯҳ.
Дид он ин шукӯҳро дар хеш,
Дар Садаф, дар нигоҳи чашми сиёҳ,
Дар суруде, ки мешунид аз дил,
Дар насиме, ки мевазид аз роҳ.
Дар уфуқи баланди ҳалқаи кӯҳ,
Дар ҳудуди васеи мулки азиз,
Дар сафедии рӯдҳои шӯх,
Дар кабудии сабзаи навхез.
Чӯбу семент мекашонид он
Ба бинокори сохтмони Вахш,
То канал сохта равон созанд
Обро сӯи ташнагони Вахш.
Шаҳр гӯё, ки аз қафои сараш
Даст афшонда менамуд гусел,
Ошиқонро салом медоданд
Дар сафар манзил аз паи манзил.
Мешуд аз қуллаи баландиҳо
Бо шуои чароғҳо ҳамсар,
Дар бари киштҳои водиҳо
Медамид аз замин чу гандуми тар.
Ба Садаф гуфт:
— Ҷонакам, дидӣ
Чӣ қадар ин машина тездав аст,
Беқанат мепарад ба рӯи замин,
Зеби ин роҳҳои хубу нав аст.
Дар ҳама ҷои мамлакат дигар
Нест аз нусхаи машинаи ман,
Ҳама гӯянд аз калон то хурд
З-ин сабаб ҳам ба ман,
ки “қандата зан!”
— Ман надидам,
ки бе муболиғае
Зада бошӣ ту гап ягон боре.
— Дар гапам заррае муболиға нест
Ҷони ширин, макун маро хорӣ!
Росташро, Садаф, агар гӯям,
Ту ҳам аз духтарони ноёбӣ,
Кас надидам,
ки мисли ту бошад
Дар чунин дилбарию дилёбӣ.
Ба сари теппаҳои Оби Киик
Мошини ӯ даме ки боло шуд,
Дар ду паҳлӯи кӯҳи Боботоғ
Сабз ду манзара ҳувайдо шуд.
Як тараф водии васеи Ҳисор
Ҷанг бо ранги осмон мекард,
Як тараф рӯди сероби Вахш
Водии хешро ҷавон мекард.
Ҳасани мо машинаи худро
Ҷониби Вахши дилкушо меронд,
Аз қафои машинааш танҳо
Чанги ғафсе дар осмон мемонд.
1952-1954
1 2 3 4 5
|