БОҒИ МУАЛЛАҚ
БОЗГАШТ
ДАР ЁДИ КАС
ДАР ОРЗӮИ ОШЁН
ДУ РОҲ
ҚАДАҲИ МАН
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР
МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ
РӮДИ ГАНГ
САЁҲИ ҲИНД
ТАРА-ЧАНДРӢ
ТОҶМАҲАЛ
САЙЁҲИ ҲИНД
Ба ту, хонандаи азиз, аз нав
Менамоям муроҷиат, бишнав;
Бо хаёли диёри Ҳиндустон
Ҳиндуи номуроди рӯи ҷаҳон,
Кишвари мардуми ҷигарпора,
Халқи бехонумони бечора,
Хоби шабҳои хуш ҳаром кунам,
Қиссаи хешро давом кунам.
Кӯдаке мегашт бо қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.
Метавонистӣ, ки дар чашмони ӯ
Пай барӣ аз мақсади пинҳони ӯ.
Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷӯ,
Сӯи ҳар як раҳгузар оварда рӯ.
Огаҳӣ медод симои писар,
К-омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар.
ӯ нарезондаст хуни нофи худ
Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.
Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,
Меҳмон аз мулки афғон омадаст.
Гуфтам: “Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҷими хурдатро ба пушти Ҳиндукуш
Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамӯш?
Ё туро бахти сиёҳат рондааст?
Боди афғонӣ магар паррондааст?
Баҳри чӣ кардӣ, ту, эй наврасписар
Аз сари кӯҳи Сулаймонӣ1 гузар?
Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон
Ризқи инсон аст чун оби равон?
Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,
Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ,
Мекунӣ пур доманат аз чормағз,
Аз бананҳову апелсинҳои нағз.
Меравад дар ҷӯйҳояш ҷои об
Дар тамоми фаслҳо ширу шароб,
Балки овардӣ ту ҳангоми сафар,
Ҷаннати афсонавиро дар назар
Хостӣ ё аз ҷаҳонгардон шавӣ —
Навҷавон сайёҳи Ҳиндустон шавӣ?
Ин замин кардаст аз даври куҳан
Фикри оламро асири хештан,
Дар фироқи он Сикандар шуд кабоб,
Бобуру Темурҳо хоку туроб.
Кард Да Гама2 ба рӯи баҳрҳо,
Чун ҳубоби хонабардӯше шино.
Лордҳои англисӣ дер боз
Рафтуо доранд монанди “миҷоз”.
Хуб медонам, ки сӯи ин диёр
Н-омадӣ монанди қавми судхор.
Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н-омадӣ то хуни ҳиндуро хурӣ,
Бахти бад орию нафъи сад барӣ,
Омадӣ ёбӣ ту нони хешро,
Зинда дорӣ хурд ҷони хешро,
Гушнагӣ партофтат бе хайру хуш,
Дар паси кӯҳи баланди Ҳиндукуш.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Баччагон бояд ки дар ин синну сол
Баҳраҳо гиранд аз фазлу камол;
Баҳраҳо аз давлати умри ҷавон,
Аз навозишҳои хандон модарон;
Баҳраҳо аз рӯзгори пур-умед,
Аз шукуфтанҳои иқболи сафед.
Дар диёри аъзами пуршони ман,
Эҳ, чӣ хушбахтанд фарзандони ман!
Мешавад ояндаи онҳо аён
Пеши чашми ман чу дунёи калон!
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ,
Худ сияҳ буд боз бадтар шуд сиёҳ,
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Аннаеро1 чун худоӣ медиҳанд,
Назр гӯё бар гадое медиҳанд.
Хонадонеро ту бо ин аннаҳо
Менамоӣ “сер” гӯё доимо.
Ҳам падар, ҳам модари бекори ту
Чашм баста дар раҳи бозори ту.
Мисли ту сайёҳи хурди номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод.
Мешунидам аз падар шабҳои тор
Мисли ту афсонаҳои бешумор.
ӯ ба ман мегуфт: “Дар самти ҷануб
Кишваре бисёр зебоясту хуб.
Сурати он мамлакат дигар бувад,
Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад.
Пасттар ҳар сол гардад офтоб,
Як қади найза ба рӯи хоку об”.
Ман кунун аз мулки хуррам омадам,
Чун вакили халқи аъзам омадам.
Омадам дидам туро бо чашми худ
Дар биёбони лаби баҳри кабуд.
Медавӣ, бо чашми пурнам медавӣ,
Пеши пои нокасон хам мешавӣ.
Мекунӣ бо рангу бори хеш пок,
Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.
Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.
Ҳайфам ояд, ки ту дар ин синну сол
Мондаӣ бебаҳра аз фазлу камол.
Дузди бахти халқҳо минбаъд боз
Пои худро сӯи ту созад дароз,
Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок аз он бояд ки акнун хок кард!
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13
|