БОҒИ МУАЛЛАҚ
БОЗГАШТ
ДАР ЁДИ КАС
ДАР ОРЗӮИ ОШЁН
ДУ РОҲ
ҚАДАҲИ МАН
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР
МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ
РӮДИ ГАНГ
САЁҲИ ҲИНД
ТАРА-ЧАНДРӢ
ТОҶМАҲАЛ
ДАР ЁДИ КАС
Нақш бандад солҳо дар ёди кас
Дашти бепоёну фарёди ҷарас.
Раъду барқу гиряи абри баҳор,
Мавҷи баҳру фикри дурии канор.
Мерасад гоҳо ба ёди одамӣ
Роҳати ҷон — бӯстони хурраме.
Месарояд булбули ширинсухан
Рӯзу шаб бо як забон дар он чаман.
Дар ҷаҳон кардам сафар ман борҳо,
Зиндагӣ санҷидаам бисёрҳо —
Дидаам ҳар гуна халқу кишваре,
Мамлакатҳои аҷоибманзаре.
Дидаам, ки олам аз баҳру бар аст,
Хислати ҳар кишвар аммо дигар аст.
Мерасад дар ёди кас беихтиёр,
Мулки зебое чу рӯи навбаҳор.
Дар назар ӯ ҷилва созад гоҳ-гоҳ
Аз ақиби пардаи абри сиёҳ;
Дар миёни мардуми ин сон диёр
Дӯстӣ якбора гардад барқарор.
З-ин сабаб балки намудам ҷо ба дил
Ёди ёроне, ки кардандам гусел...
З-ин сабаб ҷо кардаам дар ёди худ,
Манзари шаҳрею дарёи кабуд.
Ҳалқаи майдони он аэродром,
Дидаҳои пур-умеди издиҳом.
Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳон,
Ман ба ёди худ нигаҳ дорам аён
Чеҳраҳои тираи ғамнокро,
Синаҳои чок-чоки покро,
Дастафшону ҳаросон дӯстро,
Ҳайкали аз устухону пӯстро.
Мо шудем аз ҳашт боғи як чаман —
Ҳашт республикаю аз як ватан,
Меҳмони кишваре, ки халқи он
Умрҳо аз бахт меҷӯяд нишон.
Меҳрубон будем мо бо якдигар
Мисли фарзандони як модар, падар.
Мо ҳама гуфтем дар чандин забон:
“Меравем акнун ба сӯи хонамон!”
“Дӯст” гуфтам, чун бидидам, ки шумо
Дида бикшодед ғамгинтар ба мо...
Хубтар кардам нигаҳ ман сӯи дӯст,
То барам бо худ нишон аз рӯи дӯст:
Сӯи он рухсору чашмони сиёҳ
Бо муҳаббат менамудам ман нигоҳ.
Дида дидам, чун чароғи мурдае,
Рӯй дидам, чун гули пажмурдае.
Гуфтам: аз чӣ боғатон тороҷ шуд?
Ё ки марвориди рӯи тоҷ шуд?!
Халқи онро кӣ чунин хораш намуд?
Дар парешонӣ кӣ водораш намуд?
Ҷустуҷӯ кун боғбонро, зуд ёб,
То назар созад ба ин боғи хароб,
То дарахти хушкро аз бун канад,
Пистаҳои пучро дур афканад.
То бирӯёнад дарахти дигаре,
Шохи нав рӯёнаду барги таре.
Чун бигуфтам: “дӯст”, ту гуфтӣ ба ман:
“Нест қиматтар ба дунё з-ин сухан.
Кай шавад рӯзе ки пайвандем мо?
Шодмон мисли шумо хандем мо?
Кай шавад рӯзе, ки дар чандин забон
Мо ҳам орем аз дилу ҷон “хонамон!”?
Узви як хона чаро мо нестем?
Аз чӣ ҳоло бо шумо мо нестем?
Нест дар мулки шумоён золиме,
Не фақиру не гадо, не ҳокиме.
Соҳиби зебоватан гардидаед,
Ҳокими боғу чаман гардидаед”.
Гуфтию бурдӣ дами худро фурӯ...
То даме ки бо ту будам рӯ ба рӯ.
Шуд вазон боди фараҳноки баҳор,
Як умеди нав ба дилҳо кард кор.
Дар лабони хушки бенам шуд падид
Ғуссаи садсолаи касношунид;
Дар бари рухсора аз чашмони тар
Рехт мисли жола хуноби ҷигар.
Дар фазои тира овози ҷавон
Рафт то авҷи сурайё барқсон:
“Мо ба монанди шумо хоҳем шуд,
Дур аз ҷабру ҷафо хоҳем шуд!”
Паҳн шуд дар кишвари андӯҳгин
Аз дили пурҷӯш овозе чунин:
“Доимо овар ба ёдат рӯи мо,
Чашми уммедат макан аз сӯи мо!
Мешавад рӯзе ки аз зери саҳоб,
Аз паи шаб мебарояд офтоб!”
Мурғи пӯлодини мо парвоз кард,
Корвони турнаҳо парвоз кард,
То барад моро ба оғӯши Ватан —
Дар ҷаҳон ноёб мулки хештан.
Дӯстон монданд дар аэродром
Бо дуруди дӯстию эҳтиром
Дурам, аммо ёди ёрон мекунам,
Ёди он чашмони гирён мекунам;
Мекунам ёди дили садрешро,
Мефиристам ман суруди хешро...
Гар ту пурсӣ: дар куҷо ин кишвар аст,
Дар кадомин нуқтаҳои меҳвар аст?
Дар кадомин соҳили дарё бувад?..
Гӯямат, ки: — дар дили ман ҷо бувад!
Гар ту пурсӣ: роҳ чандинрӯза аст?
Ин гапи дирӯза ё имрӯза аст?
Гӯямат, ки: роҳ наздик асту бин
Дидаамро бо ду чашми тезбин.
Чашми ман гӯё ки меҷӯяд мудом
Сояи он дӯстонро субҳу шом.
Номи онҳо аз дилам ояд ба лаб
Ҳам ба бедорию ҳам дар хоби шаб.
Мешавад шаҳре ки дидам ҷилвагар
Дар назар чун сӯхта рӯи қамар.
Дар фазо мегардад аммо ин садо:
“Мешавем озод монанди шумо!
Доимо овар ба ёдат рӯи мо,
Чашми уммедат макан аз сӯи мо!”
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13
|