banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
(Силсилаи шеърҳо)

  1. БОҒИ МУАЛЛАҚ

  2. БОЗГАШТ

  3. ДАР ЁДИ КАС

  4. ДАР ОРЗӮИ ОШЁН

  5. ДУ РОҲ

  6. ҚАДАҲИ МАН

  7. ҚИССАИ ҲИНДУСТОН

  8. КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР

  9. МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ

  10. РӮДИ ГАНГ

  11. САЁҲИ ҲИНД

  12. ТАРА-ЧАНДРӢ

  13. ТОҶМАҲАЛ


ДАР ОРЗӮИ ОШЁН

Ба умри худ магар дидӣ касеро,
Ки аз рӯи замин безор бошад,
Ба фикри осмони беғубору
Қадамнорас сари кӯҳсор бошад.

Кунад парвоз монанди уқобон,
Ба ҳар ҷо, ки дилаш хоҳад нишинад.
Дигар ҷабру ҷафои золимонро
Ба дӯши худ на бардорад, на бинад.

На дигар бинаду сӯзад ба доғи
Замини зерипогардидаи худ;
Дили хунину пурдоғи фақирон,
Тани бо дарду ғам печидаи худ.

Сафар кардам ба Ҳиндустону дидам
Басе ин гуна мискин одамонро,
Ба гӯши хеш дар ҳар ҷо шунидам
Суруди орзӯ, уммедашонро:

“Чаро дар кишвари худ ошёне
Ҳама паррандагон доранду мо не?
Уқобон дар фазои кӯҳсорон
Барои худ ҷаҳон доранду мо не?”

Чу ояд шаб намедонанд онҳо
Сари худро куҷо монанду хоранд,
Ба зери сар дар он шабҳои торик
Чӣ сон хишту кулӯхеро гузоранд.

Дарахти сершоху барги манго
Тамоми рӯзу шабҳо соябон аст,
Ба болои сари онҳо чу симурғ
Пари худро кушода посбон аст.

Ҳама деҳқону фарзанди заминанд,
Валекин дар замин ҷое надоранд,
Барои зистан дар рӯи дунё
Тамоми умр маъвое надоранд.

Ба шаҳр оянд агар, дар ҳеҷ шаҳре
Ба рӯи худ дари бозе набинанд;
Ба ғайр аз толеи пасту сари сахт
Дигар ёрею дамсозе набинанд.

Замин сахту баланд аст осмон ҳам
Тамоми шаб ситора мешуморанд;
Ба ғайр аз хорию зорӣ кашидан
Дигар гӯё илоҷе ҳам надоранд.

Дар ин ҳангом дасти пуртавоне
Гирифта аз бағал бардорад аз хок,
Бигӯяд: “Одамӣ ту, қадри худ дон,
Дигар маншин парешон бар сари хок!

Ба ин рӯзи сиёҳи мардуми Ҳинд
Надоранд обу хоки мо гуноҳе,
Агар хоҳӣ, ки бахти хеш ёбӣ,
Қадам неҳ бо адолатхоҳ роҳе.

Ба коми хеш кун кори ҷаҳонро,
Фазорову заминрову замонро.
Нахоҳӣ кард он дам орзуи
Саодатмандии паррандагонро”.

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011