БОҒИ МУАЛЛАҚ
БОЗГАШТ
ДАР ЁДИ КАС
ДАР ОРЗӮИ ОШЁН
ДУ РОҲ
ҚАДАҲИ МАН
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР
МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ
РӮДИ ГАНГ
САЁҲИ ҲИНД
ТАРА-ЧАНДРӢ
ТОҶМАҲАЛ
ДУ РОҲ
Сар шуд ин парвози мо аз роҳи дур
Рӯ ба сӯи кишвари иқболу нур,
Мепаридем аз сари чандин диёр
Рӯ ба сӯи сарзамини навбаҳор.
Мепаридем аз сари роҳи қадим,
Роҳи чандинасраи пурхавфу бим, —
Роҳи Қуръону Мадоин, роҳи дин,
Роҳи зарҷӯяндагон то Ҳинду Чин,
Роҳи Фиръавну раҳи пайғамбарон,
Роҳи Нилу Даҷлаи аз хун равон,
Роҳи чандинасраи ғоратгарӣ,
Роҳи нангорандаи одамхарӣ.
Мепаридем аз сари чандин диёр,
Аз сари Байтулмуқаддас шӯълавор,
Аз сари хоки Фаластину Ироқ, —
Дашту саҳроҳои майдони нифоқ,
Мепаридему фазо хомӯш буд,
Моҷарое дар замин пурҷӯш буд.
Моҷарое буд дар ин сарзамин
Аз барои пахтаи абрешимин,
Моҷарое дар сари рангин фулуз,
Аз барои ҳукмронию нуфуз.
Бӯи бензин, нефт аз ин баҳру бар
Меравад то қитъаҳои бохтар,
То дари контори Уолл-стрит
Мебарад аз ганҷу маъданҳо “навид”.
Меравад бо абрҳои осмон
То паси уқёнус он сӯи ҷаҳон.
Меравад, меорад аз иқлими дур
Бар сари ин сарзамин иғвою шӯр.
Дар Ироқ оварда он бисёрҳо
Коммунистонро ба рӯи дорҳо.
З-ӯ дар Эрон зулми нав эҷод шуд,
Дори нав, зиндони нав бунёд шуд.
Дидаам дар шаҳри Теҳрон манзаре,
Манзари пурдаҳшату марговаре.
Тӯпхона ном майдоне дар он
Қатлгоҳе гашта бар номоварон.
Сулҳҷӯёнро ба он майдон баранд,
Гардад аз зери замин доре баланд.
Муддате чун бигзарад, гардад ниҳон
Дор бо он ҷисми қурбонгаштагон.
Мепаридем аз Ҷануб аз роҳи дур
Рӯ ба сӯи кишвари иқболу нур.
Роҳи дунёи куҳан мешуд тамом,
Роҳи нав медод сӯи мо салом, —
Роҳи равшан мисли субҳи пурсафо,
Роҳи сидқу дӯстии халқҳо,
Роҳи азми оҳанин, роҳи субот,
Роҳи инсонпарварӣ, роҳи ҳаёт,
Роҳи фикри болшевики номдор,
Роҳи халқи аъзами пуриқтидор.
Меравад ин роҳ пинҳону аён
То ба дилҳои ҳама халқи ҷаҳон.
Меравад он бо қадамҳои азим
То ба Ню-Йорку ба Лондону ба Рим.
Қувваи он зӯртар аз доллар аст,
Зӯртар аз банкҳои пурзар аст,
Зӯртар аз душманони роҳи мост,
Зӯртар аз Маршаллу атомҳост.
Меравад он бо Ливои ленинизм,
Сӯи тобон қуллаҳои коммунизм.
Аз барои халқҳо — навъи башар
Нест ҳаргиз ғайри он роҳи дигар!
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13
|