banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
(Силсилаи шеърҳо)

  1. БОҒИ МУАЛЛАҚ

  2. БОЗГАШТ

  3. ДАР ЁДИ КАС

  4. ДАР ОРЗӮИ ОШЁН

  5. ДУ РОҲ

  6. ҚАДАҲИ МАН

  7. ҚИССАИ ҲИНДУСТОН

  8. КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР

  9. МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ

  10. РӮДИ ГАНГ

  11. САЁҲИ ҲИНД

  12. ТАРА-ЧАНДРӢ

  13. ТОҶМАҲАЛ


ҚАДАҲИ МАН

Дидани ғоратшуда Ҳиндустон —
Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён,
Дидани як тӯдаи бедарду ғам —
Мардуми бегона зи лутфу карам,
Дидани бечора гадоёни роҳ —
Мурдани сад марду зани бепаноҳ,
Дидани бегонаи шайтонҳунар,
Аз паси шайтонии худ судвар,
Дидани майдони бародаркушӣ, —
Сохтан аз хуни касон дилхушӣ,
Дидани як сӯ ҳама вайронаҳо,
Сӯи дигар серқабат хонаҳо,
Дар дили мо кӯҳсифат зам шуданд —
Кӯҳи бузурги аламу ғам шуданд.
Манзараи боғу чаманҳои хуб,
Софу кабудии самои ҷануб,
Болу пари қомати нахли кабуд,
Бешаи беқадду бари хушнамуд,
Гардиши шаббодаи дарёи Ҳинд,
Шӯълаи моҳи нави шабҳои Ҳинд,
Хотири моро нанамуданд шод,
Мо Ватани хеш намудем ёд.
Ёд намудем насими Ҳисор,
Алмаато — мамлакати себзор,
Ёд намудем канори Хазар,
Водии Фарғонаи шаккарсамар,
Қуллаи Помир, яхи Элбрус,
Волга — ҳамон модари дарёи рус.
Ёд намудем рафиқони худ,
Халқи пур аз меҳнати шоёни худ.
Кист дар ингуна дами пурмалол
Сӯҳбати ёрон нанамояд хаёл,
Кист нахоҳад дами беғам занад,
Лашкари ғам яксара барҳам занад.
Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Сӯҳбати як оилаи ҳамватан.
Монда ба мағзи дилу ҷонам ниҳон
Вохӯрии якшаба бо дӯстон.
Вохӯрии якшабаи дури мо
Кард сабуктар алами зӯри мо.
Боғчае дар дили Калкутта буд,
Шаъну шараф ёфта аз аҳли худ.
Чанд тан аз халқи дусад миллион
Карда ба худ боғчаеро макон,
Қарзи граждонӣ адо мекунанд,
Бар Ватану халқ вафо мекунанд.
Монда агарчи зи Ватан дур чанд,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашанд.
Кай равад аз хотиру аз ёди ман
Сӯҳбати як оилаи ҳамватан
Буд дар он боғчаи хурду танг
Ҳусни табиат ҳама хушобу ранг,
Ҳусни табиат ҳама ҳиндуӣ буд,
Бод фишонандаи хушбӯӣ буд
Боз ҳамон ҷилваи товуспаре,
Чатр ба сар қомати сарви таре,
Боз ҳамон ҷилваи найзорҳо,
Найшакару хубии гулзорҳо.
Боз ҳамон бозии санҷобҳо,
Варзиши ҳаррӯза зулол обҳо,
Боз ҳамон маймуни рӯсӯхта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта,
Боз ҳамон моҳу ҳамон осмон,
Боз ҳамон зинати Ҳиндустон
Буд, вале одами он ҷо дигар,
Тарзи суханронии онҳо дигар.
Одати инсонию қонун дигар,
Фикр дигар, маънию мазмун дигар.
Боғчаи мамлакати дурдаст,
Гашт ба ин сӯҳбати мо ҳамнишаст.
Сӯҳбати мо хуш буду хуш буд насим,
Боғ сафобахшу ҳаво буд ҳалим.
Ҳеҷ кас аз ҳеҷ касе дил наканд,
Чашми худ аз соҳиби манзил наканд
Рафт чу аз маъракаи мо қамар,
Кард фурӯзон рухи худро саҳар,
Дар кафи худ дошта ман ҷомро,
Ҷоми пур аз бодаи гулфомро,
Як-ду сухан хостам аз косагул,
Он сухан ин аст, ту ҳам кун қабул:
“Гар гузарӣ аз сари Қутби Шимол,
Аз сари дарё ту бароварда бол,
Гар гузарӣ аз сари чӯли Ироқ,
Мисли ҷигарсӯз навои фироқ,
Гар гузарӣ чун маҳи оламнамой,
Аз сари девори баланди Хитой,
Ғарб, агар Шарқ, кунӣ ҷустуҷӯ,
Рӯи ҷаҳонро бикунӣ зеру рӯ,
Ҳеҷ наёбӣ ту дар ин моҳу сол
Одами хушбахти советимисол.
Аз Ватан он дур агарчи фитад,
Бо Ватан аммо нафаси худ кашад.
Рафта ба ҳар ҷо ки ниҳад пои худ,
Дур кунад ғам зи қадамҳои худ.
Пас ҳама нӯшем, рафиқон, шароб
Баҳри чунин одами олиҷаноб!”

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011