banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
(Силсилаи шеърҳо)

  1. БОҒИ МУАЛЛАҚ

  2. БОЗГАШТ

  3. ДАР ЁДИ КАС

  4. ДАР ОРЗӮИ ОШЁН

  5. ДУ РОҲ

  6. ҚАДАҲИ МАН

  7. ҚИССАИ ҲИНДУСТОН

  8. КӮЛОҲИ ПРОФЕССОР

  9. МЕҲМОНИ МАҒРИБӢ

  10. РӮДИ ГАНГ

  11. САЁҲИ ҲИНД

  12. ТАРА-ЧАНДРӢ

  13. ТОҶМАҲАЛ


РӮДИ ГАНГ

Дар шаби тор оби рӯди Ганг
Буд бо акси Каҳкашон ҳамранг.
Ё ба чашми ту ҷилвагар мешуд
Мисли шамшерҳои занголуд.
На ба рӯи касе нигаҳ созад,
На зи кас рӯйро панаҳ созад.
Асрҳо дар замини Ҳиндустон
Гашта ҷорӣ хамӯшу гӯшгарон.
Меравад сӯи баҳр бо сари хам,
Гӯӣ дорад ба дӯш кӯҳи алам.
Гуфтам: эй Ганг, аз чӣ хомӯшӣ,
Аз чӣ дарёсифат намеҷӯшӣ?
Сар ба саҳро ниҳодаӣ, чунӣ,
Ё ки дар ғам ширики Маҷнунӣ?
Нафасат аз чӣ гарму сӯзон аст,
Рег пеши дами ту бирён аст.
Ку насими баҳории чаманат,
Зиннати боғу лолаю суманат?
Ку чаманзори сабзпӯши ту,
Савти мурғони пурхурӯши ту?
Ё нуҳуфтӣ даруни сина магар
Орзуро чу донаҳои гуҳар?
Ё шарикӣ ба дарди ҳамватанон,
Мехӯрӣ ғам барои Ҳиндустон?
Рози дилро ниҳон макун аз ман,
Аз барои савоб, о ба сухан!
Омадам ман ба назди ту меҳмон
Аз шукуфта диёри тоҷикон.
Ту равонӣ ба ҳар дари хона,
Бар дари ошною бегона.
Ба ҳавои ту сабзаи намнок
Дар лаби ҷӯй сар кашад аз хок.
Ба ҳавои ту чашмаҳои соф
Синаи кӯҳро кунанд шикоф.
Дар ҳавои ту абр гирён аст,
Дашти беоб синабирён аст.
Ба гумонам, ки гаштаӣ ҷорӣ,
Ту на аз чашмаҳои кӯҳсорӣ,
Балки аз оби чашми гирёнӣ,
Арақу ашкҳои деҳқонӣ.
Дар дилат ҷои донаҳои гуҳар
Мурдаҳоянд гашта хокистар,
Мардумонат агарчи деҳқонанд,
Дар замини ту хӯшачинонанд.
Кардаанд одамони бадкирдор
Як пули оҳанин ба дӯшат бор.
Рӯзу шаб аз сарат кунанд убур
Корвонҳо ба сӯи Ғарби дур.
Ҳар вагоне ки меравад лабрез,
Шояд аз баҳри туст ғамангез,
Ё магар дидаӣ, ки бемузде
Дили ту канда мебарад дузде,
Мебарад ҳусни навбаҳоратро,
Вопасин тухми киштзоратро,
Мебарад шири модарони туро,
Ризқи бечора кӯдакони туро.

* * *

Ҳар чӣ бошад, бузург руд астӣ,
Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ,
Рӯдворона зиндагонӣ кун!
Ҷӯш зан!
                       Ҷӯш зан!
                                              Ҷавонӣ кун!

1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011