banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
САДОИ ОСИЁ

Ҷараёни таърих ва зиндагӣ дар ҳақиқат Шарқи асирро ба ҷӯшу хурӯш овард. Бедории миллӣ ва худшиносии сиёсии халқҳои мамлакатҳои мустамлика муборизаи зидди империализмро тезонда, озодӣ ва истиқлолияти давлатии Ҳиндустон, Индонезия, Бирма, Миср ва амсоли ин мамлакатҳои дигари Осиё ва Африқоро таъмин намуд. Акнун садои Осиёи бедор ва мубориз баланд шунида мешавад. Шоир дар ин асно ба даъватҳои револютсионии худ ҷавоби шоёни таҳсин гирифт, ки инъикоси онро дар достони «Садои Осиё» (1956) вусъат дод:

Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед!
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард...

Табаддулоти таърихии мамлакатҳои Осиё, яъне аз ғафлат ба бедорӣ, аз итоат ба эътироз, аз сукут ба забон ва аз асорат ба истиқлолият гузаштани халқҳои он дар достон бо усули шарҳу қиёси пуртаъсир ва ташбеҳу кинояҳои ҳаётӣ тасвир шуда, лаҳзаҳои боэътимоди ҳаёти нави ташнагони сулҳу озодӣ бо нуктасанҷӣ ба шарҳ омадааст.
Аксарияти халқҳои Осиё ва Африқо аз дӯстони озоду таҷрибадори худ, пеш аз ҳама, аз Мамлакати Советӣ, ибрат гирифта, соҳиби озодии миллӣ шуданд ва ба роҳи тараққиёти мустақил даромаданд. Мушкилкушои Осиё ва Африқо мубориза, қатъият ва майли озодихоҳии мардумони ин қитъаҳо гардид:

Осиё ҳамроҳи Африқо сухан оғоз кард,
Бо ду дасти худ дари иқболи худро боз кард.

Моҳияти туғёну талош ва ҷидду ҷаҳди ватандӯстони Шарқи хориҷӣ аз асорат ва таҳқири ирқпарастони аврупоию америкоӣ халос шудан ва ҳаёти мӯътадили инсонӣ ташкил кардан аст. Ба ҳамин мақсад қитъаи Осиё чун баҳр туғён дорад ва «хуни халқи Осиё ба ҷӯш омадааст». Байтҳои хотимавии достон, ки оромона ва босаловат садо медиҳанд, ҷангҷӯёнро меогоҳонанд:

...Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол...

Турсунзода ин идеяро дар шеърҳои «Хоҳари мубориз, Африқо», «Ҳар касе гӯяд — Лумумба» ва ғайра инкишоф додааст. Дар ин асарҳо ду давраи таърихии ҳаёти Африқо тасвир ёфтааст: давраи ғафлат ва бенасибии Африқо, ки дар вазъияти мустамликавӣ ва асорати истилогарони аврупоӣ ва америкоӣ буд. Сонӣ, давраи бедорӣ ва муборизаи Африқо, ҷунбиши истиқлолпарастии халқҳои Миср, Алҷазоир, Конго ва дигарон ҳамчун аломати гусастани занҷири асорати мустамликавӣ ва пай дар ҳам истиқлолияти миллию давлатӣ ба даст оварда, ба роҳи тараққиёти мустақил даромадани халқҳои африқоӣ:

Солҳо рафтанд, даврон шуд дигар,
Қисмати фарзанди инсон шуд дигар...
Ҳеҷ чизе дар назар пинҳон намонд,
Хуни ноҷӯшидаи инсон намонд…
Нест Африқои мискин баъд аз ин,
Нест оромии дерин баъд аз ин.
Пурхатар шуд ин замин бегонаро,
Гӯркови охирин бегонаро.

Дар достони «Садои Осиё» ибораи «хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш» ва дар шеъри «Хоҳари мубориз, Африқо!» ибораи «хуни ноҷӯшидаи инсон намонд» умумияти вазъияти ин ду қитъаи бузург ва ягонагии ғоявии -мавзӯи ин ду асарро баён мекунад, ки асли моҳияти он дар инкишофи босуръати ҷараёни худшиносии миллӣ ва ҷунбиши озодихоҳонаи зиддиимпериалистии халқҳои Осиё ва Африқо мебошад. Шоир дар шеъри «Ҳар касе гӯяд — Лумумба» низ мустабидонро қатъӣ огоҳ мекунад:

Лек душманро ба фатҳ умед бастан мушкил аст,
Рӯҳи озодипарастонро шикастан мушкил аст.

1   2

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011