Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё,
ғурриши баҳри дамонро бишнавед!
Осиё бедор шуд, бедор,
тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро
оқибат дарёб кард,
Шеъри Ҳофизро ба ёд оред, —
дарди Шарқро,
Нолаҳои зор-зору оҳҳои сардро:
“Шаби торику бими мавҷу гардоби
чунин ҳойил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо”.
Дар шаби торик,
бими мавҷ дигар Осиё
Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо.
Мефишоранд аз таҳи дил
дасти онро дӯстон,
То сари онро расонанд аз замин бар осмон.
Рафт он давре, ки одамро пур аз таҳқир буд,
Шабнишинро нуқли маҷлис
донаи занҷир буд.
Рафт давре, ки ҷудо буданд мисли чашмҳо
Халқҳо-ҳамсояҳо дар сарзамини Осиё.
Меваҳо аз меваҳо гиранд пайванди наве,
Гирад аз ҳамсояҳо
ҳамсоя ҳам панди наве.
Рафт давре, ки садои Чин
намеомад ба гӯш,
Хуни дил мехӯрд ҳиндӣ —
буд Ҳиндустон хамӯш.
Рафт давре, ки
ба гирдаш индонезӣ хӯрд ҳеҷ
Дар ғами як луқма моҳӣ,
дар ғами як каф биринҷ
Мешавад нобуд акнун
фирмаи ҷабру ситам,
Занг мебандад дар оби баҳр занҷири ситам
Бирма чун боғи ҷавон
майли шукуфтан мекунад,
Дар Сарандеб коргар
ҷуръат ба гуфтан мекунад.
Осиё!
монанди модар меҳрубонастӣ маро
Мӯҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷонастӣ маро.
Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам,
Чеҳраи хандони фарзандони онро дидаам.
Дидаам садҳо нишони мозии манҳусро,
Аз қафои панҷара нолидани маҳбусро.
Аз намоишгоҳи Ханкоу
гузарҳо кардаам,
Ёди деҳқонони Чинро
дар дилам овардаам.
Ғоиб аз чашмам намегарданд
мазлумон ҳанӯз,
Теғу шамшеру камону
кундаву зиндон ҳанӯз.
Сангдил жандармаву
фармони сардорон ҳанӯз,
Даҳшатафкан,
ларзаафкан
ҳайкали ҳоқон ҳанӯз.
Дар намоишгоҳ дидам
чорпоя моларо,
Садямоқӣ ҷомаҳои пораи садсоларо.
Аз даруни синаи деҳқон
дилеро кандаанд,
Саркашонро дар таги чоҳи сияҳ
афкандаанд.
Духтари даҳсоларо
дар деги ҷӯшон пухтаанд.
Метавонам оварам ин қисаҳоро
чанд-чанд...
Зинда бошад,
зинда бошад,
ин ҷавондухтар ҳанӯз,
Мебарояд чун шафақ
дар пешвози субҳи рӯз.
ӯ садои Чин бувад,
ӯ шӯълаҳои Осиё,
Халқҳои рӯи оламро расонад ин нидо:
— Зиндаам,
чунки Ватан нӯшид аз оби ҳаёт,
Мегузорад по ба роҳи бахт бо азму субот.
Киштзороне, ки зери бор сархам кардаанд,
Бар суруди ман
суруди тозаро зам кардаанд.
Месароям
ман ба базми дӯстдорони замин,
Дар замини навҷавонгардида,
дар оғӯши Чин.
Ман суруди Осиёям,
қитъаи огоҳдил,
Қитъае, ки кард қомат рост
аз болои гил.
Ман суруди коргар —
муздури бандаргоҳҳо,
Ҳамдами дарёдавардон,
посбони роҳҳо”.
Осиё ҳамроҳи Африка сухан оғоз кард,
Бо ду дасти худ
дари иқболи худро боз кард.
Осиё гӯяд сухан
аз печу тоби руди Нил,
Аз булӯрин қатраҳои сард-оби рӯди Нил.
Руди Нил ояд ба хоки Миср аз роҳи дароз,
Реги саҳро рӯ ниҳад
бар Нил бо аҷзу ниёз.
Бо хати хоно навиштанд —
аз замонҳои қадим
Ташнагон дар санги хоро мадҳи дарёи азим:
“Нил агар саршор бошад,
лаб занад,
ҷӯшад,
дамад,
Ризқи фаллоҳон фаровон,
баҳрашон ояд мадад.
Нил агар хоҳад,
ба ҳар кас медиҳад ҷоҳу ҷалол”
Мисриёнро зистан бе Нил?
ин амри маҳол!
Мардуми ин сарзамин
дар рӯзи мотам,
рӯзи тӯй,
Мекунад бо меҳрубон рӯди бузургаш гуфтугӯй.
Модарон оранд тифлонро ба назди оби рӯд
Бо таваллоу тазаррӯъ
бо салому бо суҷуд.
Орзу доранд, ки фарзандашон монанди Нил
То абад пурҷӯш бошад, арҷманду софдил.
Ассуан лабташнагони Мисрро ёрӣ кунад,
Дар биёбон обҳои Нилро ҷорӣ кунад.
Дар забон орад араб
шодона Аттаҳрирро
Нек бинад
чеҳраи ояндаи тақдирро.
Аз гузашти рӯзгори бад
бузургон гуфтаанд,
Дурри маъниро ба сӯҳони тафаккур суфтаанд:
“Саъдӣ, ту бирав хайма ба гулзори дигар зан,
К-ин меваи бори ту ба тороҷ расидаст”.
Шарқ акнун шод бошад аз самар, аз бори худ,
Хаймаи худро занад
дар гӯшаи гулзори худ.
Шарқ борашро намояд ҳифз аз ғоратгарон,
Аз ҳуҷуми гармселу
офати боди хазон.
Аввалин бор аст, ки чун офтоби нав-тулӯъ,
Шери сангин1
пардаи асрор бардорад зи рӯ.
Шери сангин пардаро бардошт...
Раъду барқ хест,
Аз Сувайс омад садои халқ:
“Мебоист зист!”
Бо ҳамин нийят садои Осиё ояд баланд,
Бо ҳамин нийят намояд пора занҷиру каманд.
Бо ҳамин нийят ба Деҳлӣ омаданд
аз ҳар канор
Ходимони бешумори Осиёи номдор.
Бо ҳамин нийят занони Ҳинд
шамъ афрӯхтанд,
Ҷабҳа рангин карда дар каф уду
маҷмар рӯхтанд.
Бо ҳамин нийят гузар карданд аз паҳлӯи мо,
Кӯдакон дар даст гул,
Бардошта бозичаҳо.
Гӯш кардам Шарқро,
ҳам Нилро, ҳам Гангро,
Нармдил хоку замину
пуртаҳаммул сангро.
Гӯш кардам...
Варзиши рӯди равон омад ба ёд
Деҳаи ман,
дар Ҳисори шодмон омад ба ёд,
Қуллаҳои барфпӯши кӯҳсоронаш ба ёд,
Чашмаҳои нуқрамонанди хурӯшонаш ба ёд.
Рӯди қишлоқи ман
аз оҳу сабуктар меравад,
Дар шаби маҳтоб
сина пур зи ахтар меравад.
Кокулафшонанд
маҷнунбедҳо дар ин диёр,
Шӯълаафшонанд
сафҳои чароғони Ҳисор.
Махмалин, абрешимин,
кишту зироат дорад он,
Бо саодатҳои бепоён фароғат дорад он,
Ин саодатро надонистанд аҷдодони ман,
Шуд насиб ин бахт, —
ин даврон
ба фарзандони ман.
Рӯди хурди деҳаи ман
ҷасту хезе мекунад,
Осмони Тоҷикистон рангрезӣ мекунад.
адиои Москва вақте ки мегӯяд суруд
Кӯдакон рақсанд хандон
дар лаби руди кабуд.
Рӯди хурди деҳаи ман
рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё
ҷӯр аст, ҷӯр.
Ман ба ин рӯди азизам
меҳри дилро додаам,
Ҳамраҳаш дар кӯҳсорон
роҳи нав бикшодаам.
Аз лаби ин рӯд,
аз қишлоқи ҷоноҷони ман
Сар шуд овози дили ман, —
мурғи хушилҳони ман.
Бо садои Осиё ҳамроҳ шуд,
ҳампой шуд,
Дар сафи эҷодкорони саодат ҷой шуд.
Метавонад ҳар касе ки зӯр шуд,
ғолиб шавад,
Молу мулки дигаронро ояду соҳиб шавад,
Моҳиёнро метавонад, ки наҳанг орад ба ком,
Баҳри бетак рӯдҳоро дам кашад чун май зи ҷом.
Нест аммо қуввае ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш,
Омад ба ҷӯш!
1956
1 2
|