banner  
 
 
 
 

 
 
Осор ва марҳалаҳои эҷод
Васфи занону модарон
Васфи сулҳ ва дӯстӣ
Қиссаи Ҳиндустон
Ҳасани аробакаш
Мавзӯи ахлоқ
Чароғи абадӣ
Ҷони ширин
Садои Осиё
Дастовез
Ғазал

 

 
ВАСФИ ЗАНОНУ МОДАРОН

Мавзӯи занону модарон дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст. Тасвири мукаммалу мафассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд», «Зан посбони оташ аст», «Чашми ман», солҳои 60-70 таълиф гардидааст. Дар шеъри дили модар хислати модари тоҷик табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст. Барои модар аз даст додани фарзанди калонаш дар ҷанг фоҷиаи ҷонкоф буд. Вале онро ба хотири тарбияи фарзанди хурдӣ паси сар менамояд:

Намурдам, зистам,
Фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯйи арӯси ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро.
Ба келин пешкаш кардам,
Дуо чун модарон кардам.

Ҳастии модар дар шеъри «Дасти модар» боз ҳам мушаххастар ба тасвир омадааст ва воситаи асосии тасвир дар ин шеър дасти модар мебошад:

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаи,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.

Дар ин шеър дасти модар рамзи қувваи беҳамтои зан аст, ки он нафақат тифлро ба воя мерасонад, инчунин дар ободии дунё ва бахти тамоми сокинони сайёраи мо саҳм мегирад.
Ё худ дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» мавқеи модар дар зиндаги ҳунармандона ва ҷолиб ба тасвир омадааст.

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

ё ин ки

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо.

Дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» ҳар байт як паҳлӯи шахсияти модарро табиӣ ва дилпазир ошкор сохтааст. Зан ба оташ монанд шудааст ва ин ташбеҳ тамоми хислатҳои офарандагӣ ва созандагии модарро дар худ таҷассум намудааст.

 

 
Забон

Тоҷикӣ Русӣ

 

 

 

 
   
Рахимов Азим © Studio "AZ" 2011