Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!


     Устод Мирзо Турсунзода аз шӯҳратмандтарин шоирони адбиёти садаи бистуми тоҷик аст, ки эҷодиёти гаронбаҳояш саршори ғояҳои баланди ватандӯстию инсонпарварӣ мебошад. Симои шинохтаву шахсияти сарафрохтаи фарҳангии вай тавассути осори баландғоя ва талошҳои сулҳхоҳонааш дар дилу дидаи мардуми Тоҷикистон ва аҳли тараққихоҳи олам маскан гирифтааст.

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абруйи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,
Чунки то имрӯз модар кӯйи ту дар ёд нест...

     Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор дар хонадони дуредгар ба дунё омадааст. Аввал дар мактаби кӯҳна, ятимхонаи Душанбе, сипас дар омӯзишгоҳи омӯзгории пойтахт ба таҳсил мепардозад. Соли 1930 Дорулмуаллимони Тошкандро ба итмом расонда, аввал дар рӯзномаи " Ҷавонони Тоҷикистон ", баъд дар Театри давлатии мусиқии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) кор мекунад. Соли 1939 ба раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда аз соли 1946 то дами вопасини худ (24 сентябри соли 1977) сарвари Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро шарафмандона бар зимма дошт.

     Фаъолияти эҷодии шоир охири солҳои бистум оғоз ёфта, нахустин маҷмӯаи манзуму мансури ӯ " Байроқи зафар " (1932) ва аввалин манзумааш " Хазон ва баҳор " (1937) чоп шудаанд. Либреттои нахустин операи миллии тоҷик " Шӯриши Восеъ " (1939) бо ҳаммуаллифии Абдусалом Деҳотӣ ба қалами устод Мирзо Турсунзода таалуқ дорад. Эҷоди силсилаи шеърҳо " Қиссаи Ҳиндустон " (1947) ва " Ман аз шарқ озод " (1950) ба устод Мирзо Турсунзода шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшида, ӯро ҳамчун шахсияти тавонои меҳанпарасту озодихоҳ нишон доданд. Сипас достонҳои устод " Ҳасани аробакаш " (1954), " Садои Осиё " (1956), " Чароғи абадӣ " (1958), " ҷони ширин " (1960), " Аз Ганг то Кремл " (1970), ки аз ғояҳои баланди инсонпарварӣ ва муборизаи беамон алайҳи мустамликадорӣ саршоранд, дар адабиёти бисёрмиллатаи шӯрав— мавҷеи хоса пайдо карданд.
     Устод дар таронасароӣ, дромнависӣ, тарҷумаӣ бадеӣ, публисистика низ сухан бар сухан ва ҳунар бар ҳунар афзудааст. Як насли комили адибони тоӣик дар мактаби адабии устод Мирзо Турсунзода тарбият ёфтаанд. Ашъори ӯ ба забонҳои гуногуни мардуми дунё баргардонда шуда, аз рӯи асарҳояш филмҳои бадеии " Ҳасани аробакаш ", " Бо амри дил " ва " Субҳи Ганг " ба навор бардоштаанд. Эҷодиёти рангину пурмазмун, хидматҳои бузурги ҷамъиятии устод Мирзо Турсунзода ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (1948), Ҷоизаи Ленинӣ (1960), Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдак&31251 (1963), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру (1968), Ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон (1971) тақдир шудаанд. Ӯ соли 1961 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва соли 1967 ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор гардидааст.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов соли 2001 бо фармони худ " Барои хизматҳои бузург ва матонат дар бунёди пояҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳ, дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон " фарзанди бузурги миллат, шоири мубориз Мирзо Турсунзодаро бо унвони олии " Қаҳрамони Тоҷикистон " сарфароз гардонд. Устод Мирзо Турсунзода солиёни дароз ба ҳайси Раиси бахши шӯравии Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Афтиқо, узви Раёсати Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ, Раиси Кумитаи тоҷикистонии муҳофизати сулҳ хидматҳои шоиста кард.
     Дар кишварамон ёди неки шоири маҳбуб гиромӣ дошта мешавад.Собиқ шаҳр ва ноҳияи Регар, Дошишгоҳи ҳунарҳои зебо, ду осорхонаи адабӣ ва ду кӯчаи шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд, яке аз қуллаҳои баланди кӯҳистони Помир, Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагон ва Хонаи адибони он номи мубораки Мирзо Турсунзода дорад.