Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

ЧАРОҒИ АБАДӢ


II
МУЛОҚОТИ ЯКУМ

Саҳар шуд, шаҳр ҳам омад ба таҳрик,
Мунаввар шуд фазои кӯҳи тоҷик.
Ба тан пӯшида ҷелак,— ҷомаи суф,
Дигар ташвишҳоро монда мавқуф,
Фитодам дар ҷаҳони серҷанҷол,—
Ба дунёи пур аз фарёди атфол.
Чи дар хона, чи дар раҳрав — каридор,
Ба гӯшам мерасид овози бисёр.
Яке фарёд лӯлакпеч мезад,
Дигар поро ба по бе ҳеҷ мезад.
Яке чашмони худ накшода ҳоло
Ғизо меҷуст во карда даҳонро.
Рақамҳо — нумраҳо буданд авезон
Ба дасти дӯстрӯ гирянда хурдон.
Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст,
Ба модар з-аввалин соат шинос аст.
Чӣ сон нашносад овози дилашро?
Давоми умр, парвози дилашро?
Ба модар нури чашмон аст фарзанд,
Даванда реша дар ҷон аст фарзанд.
Гирифта доя тифлеро дар оғӯш,
Баромад аз даре мағрур, хомӯш.
Агарчи доя ҳоло худ ҷавон буд,
Валекин кӯдаконро меҳрубон буд.
Расад рӯзе ки худ фарзанд бинад,
Чу модар назди фарзандон нишинад.
Дилаш хоҳад, ки бошад шоду хурсанд,
Набинад ҳеҷ дарду доғи фарзанд.
Назар кардам ба тиллоранг мӯяш,
Ба чашмони кабудаш, сурх рӯяш.
Чунин духтар, чунин симои хушгил,
Кӣ медонад, киро хуш карда дар дилҷ
Дар ин хона — таваллудгоҳи инсон
Нигаҳ кардам ба рангоранг тифлон,
Яке бе мӯй буду сап-сафедак,
Дигар мӯи сияҳ буд печ-печак.
Яке ором, дигар бесаранҷом,
Яке шакле гирифта, дигаре хом.
Ба хона, аз қафои як тиреза,
Нигаҳ мекард марде бо ситеза.

Ба кин мӯи лабашро тоб медод,
Қасам бар хулқу бар одоб медод,
Кушода чашмро чун шоҳкоса,
Занашро таъна мезад он.
				 Хулоса,
Ба ман гуфтанд, ки аз зан қимоб аст.
Зи духтар зодани зан дар азоб аст.
Намехоҳад, ки бинад духтарашро,
Муборакбод гӯяд модарашро.
Ба дил гуфтам, ки:
			  “ҷоҳил мард будаст,
Тани моро нишаста гард будаст”.
Ба ҷои ӯ сано гуфтам худи ман,
Ба ин навзод духтарча, ба ин зан
Сано гуфтам ба занҳое ки имрӯз
Ба кори мамлакат ҳастанд дилсӯз,
Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,
Ба ҳар як модари дорои фарзанд.
Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав
Шавад фардо ба модарҳош пайрав.
Азизи халқ, донишманд гардад,
Ба кори судовар банд гардад.
Агар марде шавад пайдо ки онро
Кунад таҳқир, ранҷонад занонро,
Чунин номардро нодон шуморад,
Ба дарё ташна бурда, ташна орад.
Ба момо дӯхтам чашмони худро,
Гирифтам дар шиканҷа ҷони худро.
Рухи момо ба чашм осуда бинмуд,
Нигоҳе карду лаб бо ханда бикшуд:
Падар гаштед як тиллописарро,
Муборакбод мегӯям падарро.
— Саломат модарашҷ              
                  — ҷонаш раҳо ёфт,         
Ба бахташ кӯдаки олампано ёфт,
Ман аз шодӣ зи ҷо ҷастам, паридам,
Рухи фарзанди навзодам бидидам,
Нахустин бор бишнидам садояш,
Дари дилро кушодам ман барояш.
Даҳан во карда меҷунбонд лабро,
Ба дил мекард ҷо ишқи насабро
Маранҷ аз ман ту,
			эй додои духтар,

Ба аввал   1   2   3