ҶОНИ ШИРИН
II
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Кард зан вазъияти моро дигар,
Чун насими тоза дохил шуд ба сар.
Чашми хоболудро бедор кард,
Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард.
Дур шуд зан — модар аз аҷзу ниёз,
Тифл дар гаҳвораи ноз аст, ноз.
Кӯдакон шодон қадафрозӣ кунанд,
Кайф карда хандаву бозӣ кунанд.
Шодии фарзанд чун афзун шавад,
Рӯи модар бештар гулгун шавад.
Саъй бинмо, то набинад насли мо
Баъд аз ин манҳус рӯзи ҷангро.
Саъй кун фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хандаву эҷодкориҳо кунанд,
Халқро эъҷози нав савғо кунанд.
Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош,
Як нафас биншин ту дар паҳлӯи ман,
Як нафас хандида бингар сӯи ман.
Ёд кардам ҳарфи ширини туро,
Меҳрубониҳои дерини туро.
Гарчи пайдо гашт чин дар рӯи мо,
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мӯи мо,
Орзу бисёр дорад дил ҳанӯз,
Ҷӯши ишқи ёр дорад дил ҳанӯз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мӯҳои сафеди сар занад,
Орзу дорад, ки бинад дурро,
Ҳикмати ояндаи машҳурро.
Хаймаи заррин занад бар рӯи моҳ,
Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.
Як нафас биншин, гапамро гӯш кун,
Сӯҳбати имрӯзаро пурҷӯш кун.
Аз сафар овардаам савғои хуб,
Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.
Ёди онҳое, ки ҷонон одаманд,
Дар ғами осудагии оламанд.
Гар ба онҳо дил диҳӣ, ҷон медиҳанд,
Ҷон ба роҳи аҳду паймон медиҳанд,
Бо ту то мурдан бародар мешаванд,
Дар ғаму шодӣ баробар мешаванд.
Сулҳ гӯӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гӯӣ, аз ғазаб тӯфон шаванд.
Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб,
Нест бахту нест парвози нишот,
Нест ин ҳусну латофат дар ҳаёт.
Халқҳоро ҳастии мо хуб шуд,
Давлати мо — давлати маҳбуб шуд.
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зӯр,
Бин чӣ сон шуд дӯстӣ моро зарур.
Шиква дорӣ, ки фалон бадгӯй зан
Таъна зад, писханд зад рӯзе ба ман.
Чун маро бинад, лабашро каҷ кунад,
Сӯҳбати бисёр талху фач кунад.
Гӯяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,
Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.
Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,
Рӯзҳо, шабҳо ба раҳпоии ту.
Ҷони ширин,
ин қадар дигар маранҷ,
Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.
Гар зане лаб каҷ намояд, ғам махӯр,
Менамояд ҳазл шояд, ғам махӯр.
Аз дугона сахт
ранҷидан хатост,
(Дӯстонро ноз кардан ҳам равост.)
Беҳтар он ки сӯҳбати дигар кунем,
Бо хаёли дӯстон гап сар кунем.
Ҷашни шоир Рӯдакиро ёд ор,
Доштӣ дар хона меҳмон бешумор.
Меҳмон аз дуру аз наздик буд,
Оламе дар хонаи тоҷик буд.
Рус омад, турк омад аз дарат,
Духтари ҳиндӣ нишаст андар барат,
қомати онро сарӣ печонда буд,
Дар ҷабинаш холи ҳинду монда буд.
Кокули маъшуқаи ошиқнавоз
Буд мисли мӯйҳои ту дароз.
Чун зани тоҷик — соҳибхоназан
Доштӣ пироҳани атлас ба тан.
Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,
Аз чунин ташвиш будӣ шодмон.
Ёд дорӣ, ки ҳабаш биншаста буд,
ӯ лаби нони туро бишкаста буд.
Дӯстро чашмони он мекофтанд,
Сӯи ҳар кас чун шафақ метофтанд.
Ин писар аз кишвари Ангола буд,
Дар дилаш ғамҳои чандинсола буд.
Сарзаминаш гарчи дорад найшакар,
Гарчи хирман-хирман алмосу гуҳар,
Меҳмон аммо каси бечора буд,
Ба аввал
1
2
3
4
|