Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

ПИСАРИ ВАТАН


I

Падар мезад нишаста назди фарзанд,
Варақ заррин китоби ҳикмату панд.

Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,
Саросар достони қаҳрамонӣ:

Гаҳе аз мардии Фарҳод мегуфт,
Гаҳе аз Хусрави бедод мегуфт;

Гаҳ аз виҷдони Лайлии гуҳарпок,
Гаҳ аз фарёди Маҷнуни ҷигарчок;

Гаҳ аз Заҳҳоки морон достоне,
Гаҳе аз ҷанги Оҳангар баёне;

Ба фарзандаш падар мегуфт такрор,
Ки ин панди маро дар гӯши худ дор,

Дар ин дунё ҳар он чизе, ки дидам,
Ҳар он чизе, ки аз мардум шунидам,

Сухан аз ашку аз занҷир буданд,
Зи шӯри халқи бетақсир буданд.

Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст,

Муқаддас дошт ҳар кас ки шарафро,
Набинад ҷабру зулми нохалафро.

Барои бахти хандони чунин рӯз
Намудам ҷанг бо хасми ҷаҳонсӯз,

Ба дастам буд теғи партизонӣ
Дурахшон чун чароғи зиндагонӣ.

Диёре, ки ба рӯи туст хандон,
Туро боғе ки мебошад гулистон,

Замине, ки дар он по мегузорӣ,
Ба он ту меҳри беандоза дорӣ,

Пур аз хунҳои сурханду сиёҳанд,
Ба ҷанги беамони мо гувоҳанд.

Ба аввал   1   2   3   4   5   6