Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

ПИСАРИ ВАТАН


V

Баромад байрақи заррини хуршед
Ба рӯи қуллаҳои кӯҳи уммед.

Нидо карда ба меҳнат мардумонро,
Талабгорони бахти ҷовидонро.

Ҳаёти шаҳру деҳ дар ҷӯш омад,
Садои:
	Кӯш, ҷӯра,
		    Кӯш!
			   омад.

Сӯи саҳро назар андохтам ман,
Дили худро ба саҳро бохтам ман.

Назар андохтам то сер бинам,
Рухи он мардуми чун шер бинам;—

Рухи марду занони пилтанро,
Ҳунармандони саҳрову чаманро.

Занад то ин ки хирман пахта чун кӯҳ,
Барорад ғалла сар анбӯҳ-анбӯҳ.

Анору себ то шаҳдоб гарданд,
Тамоми меваҳо сероб гарданд,

Замину обдорони хушиқбол
Хурӯҷи паҳлавонӣ карда думбол,

Ба саҳро духтарони чашмоҳу,
Ҳавонмардони хандонрӯю хушгӯ,

Ба ҳамдигар гаҳе бо ҳар баҳона
Ҳамегуфтанд байти ошиқона.

Равон мешуд ба Қодир гоҳ-гоҳе
Нигоҳи гӯшаи чашми сиёҳе.

Дар ин ҳангом пире ларз-ларзон
Ба сӯи халқ меомад парешон.

Ба оташ ҳамчу испанди фитода,
Чу пӯлоди дар оташ тобдода.

— Ватан! — мегуфту сар то пой месӯхт,          
Ватанро бо муҳаббат чашм медӯхт.

— Ба олам ин чӣ бадаҳдӣ, чӣ пастӣ?   
Чӣ бешармӣ, чӣ расвоипарастӣ?

Агар душман кунун паймоншикан шуд,
Бибояд зидди ӯ дандоншикан шуд.

Ҳазор афсӯс ки бисёр пирам,
Ба монанди зи шастафтода тирам,

Вагарна зуд зин мекардам аспам,
Дубора мегирифтам роҳи касбам...

Илоҷе нест. Мегӯям писарро,
Ки гирад аспу шамшери падарро.

Дар ин ҷо пир агар тадбир ҷӯяд,
Ба ҷои пир асои пир гӯяд.

Ба пеши халқ марди қадхамида,
Нишаста, хеста омад расида:

— Писарҳоям!      
		 Ватан зери хатар шуд,
Ба мо Гитлери нокас ҳамлавар шуд.

Ҳавонони қавибозуи чун шер,
Ба ҳифзи мамлакат гиред шамшер!

Ба Қодир гуфт он пири ғазабнок:
Нишин маҳкам ба аспи зӯру чолок.

Ту ҳам бо дӯстонат рав ба майдон,
Нишон деҳ қудрати худро писарҷон!

Далери ман, сазовори падар бош,
Чу шамшери падар соҳибзафар бош!

Писарҳоро даме хомӯш-хомӯш
Нигаҳ карданд духтарҳои гулпӯш,

Ки бар ҳар як нигоҳе буд ҳувайдо
Адоват бар фашисти ваҳшисимо.

Ба аввал   1   2   3   4   5   6