ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
III
Ки аз ӯ дигаронро ҷуз ҳазар нест?!
Магар ин расм як расми қадим аст,
Магар чӯхра гунаҳкори азим аст?!
Ки ӯ монад қадам гар дар хиёбон,
Бараҳманро кунад хотирпарешон.
Ба ӯ гӯянд, ки “Эй марди дарвеш,
Палидӣ ту, палидӣ ту, наё пеш!”
Чаманро дар миён як ресмонест,
Ки ин аз бандагӣ ӯро нишонест.
Бараҳманро фитад гар сояи ӯ,
Намояд шустушӯяш дояи ӯ.
Чамар гирад агар дасти трамвай,
Ҳазаромез гӯяндаш, ки “Ҳай! Ҳай!”
Ҳазорон сол боз ин турфа мардум
Зи ҳаққи зиндагонӣ гашта маҳрум.
Ба ин оину ин расми хабисӣ
Чаро розист лорди англисӣ?!
Ба мулки ношиносе бо рафиқон
Шудам як моҳ мисли дӯст меҳмон.
Касе бо ман дар он ҷо рӯ ба рӯ шуд,
Зи ҷону дил шарики гуфтугӯ шуд.
Чаро сар то по ларзиду наншаст?
Наяфшурд аз барои чӣ маро даст?
Чу оҳуи биёбонӣ назар кард
Ба ҳар сӯе, магар аз ман ҳазар кард?
Ба ман ӯ гуфт бо овози хомӯш:
“Намесозам туро ҳаргиз фаромӯш”.
Равон гаштем бо чандин васила
Ба назди ҳиндувони ин қабила.
Маро ҳаргиз нахоҳад рафт аз ёд
Рухи он мардуми мазлуми ношод.
Сиришки дидаҳои ғуссахона,
Дили тири маломатро нишона,
Дароз он дастҳоеро, ки дидам
Ба сӯи одами ин мулки аъзам, —
Ба сӯи одами озоди гетӣ —
Саодатманд фарзанди советӣ.
Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой,
Замини сабзи зебое саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Барояд бо табассум гар зи хиргоҳ
Хиёнаткори ҷамъият чу рӯбоҳ,
Бирав халқи ситамкашро хабар кун:
“Махав омад, махав омад, ҳазар кун!”