Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

САДОИ ОСИЁ



II

— Зиндаам,
чунки Ватан нӯшид аз оби ҳаёт,
Мегузорад по ба роҳи бахт бо азму субот.
Киштзороне, ки зери бор сархам кардаанд,
Бар суруди ман
суруди тозаро зам кардаанд.
Месароям ман ба базми дӯстдорони замин,
Дар замини навҷавонгардида,
дар оғӯши Чин.
қитъаи огоҳдил,
қитъае, ки кард қомат рост
аз болои гил.
Ман суруди коргар —
муздури бандаргоҳҳо,
Ҳамдами дарёдавардон,
посбони роҳҳо”.
Осиё ҳамроҳи Африка сухан оғоз кард,
Бо ду дасти худ дари иқболи худро боз кард.
Осиё гӯяд сухан аз печу тоби руди Нил,
Аз булӯрин қатраҳои сард-оби рӯди Нил.
Руди Нил ояд ба хоки Миср аз роҳи дароз,
Реги саҳро рӯ ниҳад
бар Нил бо аҷзу ниёз.
Бо хати хоно навиштанд —
аз замонҳои қадим
Ташнагон дар санги хоро мадҳи дарёи азим:
“Нил агар саршор бошад,
лаб занад,ҷӯшад,дамад,
Ризқи фаллоҳон фаровон,
баҳрашон ояд мадад.
Нил агар хоҳад,
ба ҳар кас медиҳад ҷоҳу ҷалол”
Мисриёнро зистан бе Нил?
ин амри маҳол!
Мардуми ин сарзамин
дар рӯзи мотам,
рӯзи тӯй,
Мекунад бо меҳрубон рӯди бузургаш гуфтугӯй.
Модарон оранд тифлонро ба назди оби рӯд
Бо таваллоу тазаррӯъ бо салому бо суҷуд.
Орзу доранд, ки фарзандашон монанди Нил
То абад пурҷӯш бошад, арҷманду софдил.
Ассуан лабташнагони Мисрро ёрӣ кунад,
Дар биёбон обҳои Нилро ҷорӣ кунад.
Дар забон орад араб шодона Аттаҳрирро1
Нек бинад чеҳраи ояндаи тақдирро.
Аз гузашти рӯзгори бад бузургон гуфтаанд,
Дурри маъниро ба сӯҳони тафаккур суфтаанд:
“Саъдӣ, ту бирав хайма ба гулзори дигар зан,
К-ин меваи бори ту ба тороҷ расидаст”.
Шарқ акнун шод бошад аз самар, аз бори худ,
Хаймаи худро занад дар гӯшаи гулзори худ.
Шарқ борашро намояд ҳифз аз ғоратгарон,
Аз ҳуҷуми гармселу офати боди хазон.
Аввалин бор аст, ки чун офтоби нав-тулӯъ,
Шери сангин1 пардаи асрор бардорад зи рӯ.
Шери сангин пардаро бардошт...
Раъду барқ хест,
Аз Сувайс омад садои халқ:
“Мебоист зист!”
Бо ҳамин нийят садои Осиё ояд баланд,
Бо ҳамин нийят намояд пора занҷиру каманд.
Бо ҳамин нийят ба Деҳлӣ омаданд
аз ҳар канор
Ходимони бешумори Осиёи номдор.
Бо ҳамин нийят занони Ҳинд
шамъ афрӯхтанд,
Ҷабҳа рангин карда дар каф уду
маҷмар рӯхтанд.
Бо ҳамин нийят гузар карданд аз паҳлӯи мо,

Ба аввал   1   2   3