Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!

АШЪОРИ ЛИРИКИИ ШОИР


Мавзӯи ахлоқ

      Масъалаҳои ахлоқӣ аз маҷмӯаи дуввуми Турсунзода оғоз гардида, минбаъд инкишоф меёбад. Шоир бо тасвири мавзӯъҳои ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, ҷасорату диловарӣ, аҳду вафо, садоқат, меҳрубонӣ, ғамхорӣ, аззату икроми якдигар сифатҳои шостаи инсониро ситоиш карда, ҳамзамон ахлоқи бадро мазаммат менамояд. «Дил дили Зайнаб» (1939), «Хаёли хом» (1940), «Чаманистон» (1940), «Ба кӯҳсори тоҷик» (1940) аз ҷумла беҳтарин ашъори шоир дар ин масъала мебошанд. Дар шеъри «Дил дили Зайнаб» масъалаи муносибати падару фарзанд ба миён гузошта мешавад. Турсунзода тамоми сифатҳои наҷиби пирамардро чун бузургиву ботамкини ва хушмуомилагиву одамдӯстӣ васф мекунад ва баъд савол мегузорад, ки оё чун падар ба ишқи озоди духтари ягонааш муқобил баромада метавонад? Шоир ҷавоби ин саволро дар сурату сират ва ахлоқу одоби духтар меҷӯяд ва ба ин васила падидаҳои ахлоқии гузаштаро дар шакли тоза пешкаш менамояд:

Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст,
Зуҳалу Зӯҳра дар низоми ӯст.

      Шеърро Мирзо Турсунзода бо зарбулмасали халқии «Дил дили Зайнаб» ҷамъбаст намуда, «ихтиёрро ба дасти ӣахтиёр» мегузорад. Ин шеър баёнгари ишқи озод мебошад, ки ба таъбири шоир зуҳуроти ахлоқи нав буд. Мирзо Турсунзода барои хубтару беҳтар ошкор сохтани масъалаҳои пандуахлоқӣ аз тасвирҳои тамсилӣ фаровон истифода мекунанд. Чунончи аз шеърҳои «Дурахши қуллаҳо» (1959), «Дарахти булут» (1962), «Ток ва замин» (1966), «Инсон ва кӯҳ» (1967) низ бармеояд, тамсилҳои шоир ҳар кадом дорои мақсаду мӯҳтавон мушаххас мебошанд. Масалан , дар шеъри «Ток ва замин» масъалаи муносибати ҷузъу кулл ва фарду ҷомеа бардошта шудааст. Шоир бар он аст, ки агар фард ба ҷомеа вафодор бошад, аз ҳар офату носозгориҳои зиндагӣ эмин буда метавонад. Ин маънии тасвири рамзии ток ва замин ба таври муносиб ифода намудааст. Боғбон навдаҳои токи ҷавонро мебурад, лекин чун реша дар замин дорад, он боз афзоиш меёбад:

Решаи ток, ки дар зери замин маскан дошт,
Бо замин ваъдаи як умр вафо кардан дошт.
Аз дами хоки сиёҳ, аз нафаси гарми баҳор
Ток болида амал кардану сабзидан дошт.

      Тараннми ахлоқи ҳамида, чунонки аз шеърҳои «Ошёни баланд» (1968), ва «Дӯстонро гум макун» (1975) маълум мешавад, тамоми марҳалаҳои эҷодии шоирро фаро гирифтааст. Дар шеъри «Ошёни баланд» масъалаи мушкилиҳои рӯзгорро бурдборона паси сар намуданд ба миён гузошта шудааст. Ин маънӣ ба воситаи тартиби ошён гузоштан ва ба тасвир кашидани маъноҳои аслию маҷозии он сурат гирифтааст. Асоси мундариҷавии шеърро талқини ғояҳои худшиносӣ ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад. Содиқ мондан ба суннатҳои миллӣ ва дар заминаи ананаҳои неки падарон созмон додани ҳама даствардҳои нави зиндагӣ – чунин аст хусолае, ки аз бандҳои ҷамъбастии шеър бармеояд:

Гар куни парвоз, бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рӯят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрӯхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.

ДИГАР СОҲАҲОИ ФАЪОЛИЯТ

Адиб зиёд аз 200 мақола, эссе, очерк ва ёддоштҳои сафарӣ таълиф намудааст, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
      Фаъолияти тарҷумонии Мирзо Турсунзода низ зиёда самарабахш мебошад. Адиб як қатор асарҳои А. С. Пушкин, Т. Г. Шевченко, Н. А. Некрасов, Самад Вурғун, Зулфия, Анатолий Сафронов барин қаламҳои варздаи халқҳои гуногун бо маҳорати баланд тарҷума намудааст. Мероси адабии Мирзо Турсунзода дар чор ҷилд Куллиёти адиб (1971–1985) ба табъ расидааст.

МАРҲАЛАИ ДУВВУМИ ЭҶОДИЁТ

      Эҷодиёти Мирзо Турсунзода дар солҳои баъдиҷангӣ ба марҳалаи нави инкишоф расид. Дар давраи дуввум қалами шоир тезтар ва ҷанбаи ҳунарии ашъори ӯ пурқувваттар гардид. Сафарҳои пай дар пай ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои Турсунзода 25 мамлакати хориҷӣ қайд шудааст) ва вохӯриву сӯҳбатҳо бо адибони маъруфи ҷаҳонӣ ба он сабаб шуд, ки паҳлӯҳои услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намояд. Мирзо Турсунзода баъди силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947–1949) чунин асарҳои калонҳаҷмро офарид: силсилаи шеърҳои «Ман аз Шарқи озод» (1950), достонҳои «Ҳасани аробакаш» (1952–1954 ), «Садои Осиё» (1956), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1959), «Роҳи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), силсилаи ашъори «Дастовез» (1975).