Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!


КОКУЛАТ


(БА ДУХТАРОНИ ТОҶИК)

Майдабофӣ кард модар шуста тори кокулат,
Тахтапуштат парниёнпӯш аз қатори кокулат.
Боғи ҳуснат гул кунад ҳар рӯзу ҳар соат, чӣ хуш,
Чунки омад мавсими авҷу барори кокулат.
Дар сари ҳар тори мӯят як дил овезон бувад,
Ҳалқадаввак шуд ба гардан банди дори кокулат.
Аз қадамҳои ту миннатдор шуд шаҳри азиз,
Меҳри бепоёни дил кардем бори кокулат.
Бӯи атру гул димоғи кас муаттар мекунад.
Чун чаман бишкуфт оё навбаҳори кокулат,
Орзу дорам, боре кокулат орам ба ҷанг.
Кош медодӣ ба дастам ихтиёри кокулат,
Ҷилвагар гардад ба пеши чашм чун тиру камон.
Бигзарӣ чун аз бари ман рангубори кокулат.
Аз дами миқроз дигар кокулатро дур дор,
Шуд баланд аз нав, азизам, эътибори кокулат.