Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!


НОНРЕЗА

Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
Чунки ман ҳам дар замони худ даравгар будаам,
Хӯшачину боғбанду дос дар бар будаам.
Гӯш мекардам суруди марди хирманкӯбро,
Мешунидам зарбҳои говрона — чӯбро.
Побараҳна, дилгурусна сар-сари кӯҳу адир,
Хӯрҷин дар китф мегаштам чу як марди фақир.
Рӯзу шаб чун коҳҳои монда дар саҳро будам,
Дар парешонӣ чу боди бесару бепо будам.
Нонвои шаҳр меояд кунун гар пушти дар
Нони гарми хешро бардошта вақти саҳар,
Кӯчаҳоро пур кунад аз бӯи нони ширмол,
Пур кунад хони арӯсон дар шаби тӯи висол.
Хӯшаҳо дар киштаҳо вақте ки сар хам мекунанд,
Шодию хурсандии хурду калон зам мекунанд.
Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Дидаву санҷидаву болида мемолам ба чашм.

Ба кафо