Забонҳои сайт


Точ

Рус

Eng

Сайти моро баҳо диҳед!


ШЕЪРИ МАН

Шеъри ман!
Хуни ҷигар,ё пораи дил гӯямат,
Ё шитоби корвон дар роҳи манзил гӯямат,
Ё хурӯҷи мавҷ дар домони соҳил гӯямат,
Роҳатат аз ҳад зиёду заҳматат з-он бештар,
Мухтасар сар то ба по савдои мушкил гӯямат.

Аз ту омад гар табассум дар лабе, таҳсин туро,
Рафт хоб аз чашми муштоқон шабе,таҳсин туро,
Зистӣ бо мақсаде, бо матлабе, таҳсин туро,
Гар нишастӣ соате дар сӯҳбати ёри азиз,
Шодмон кардӣ диле бо як гапе, таҳсин туро.

Рӯзу шабҳоро паси сар карда, хидмат мекунӣ,
Ҷон фидои номи дилбар карда, хидмат мекунӣ,
Аз арақ пушти лабат тар карда, хидмат мекунӣ,
Гӯш нандозад ба фарёдат агар бераҳм ёр,
Аз фиғон гӯши фалак кар карда хидмат мекунӣ.

Гар даме хомӯш монӣ, шӯру исён мекунам,
Баҳрҳоро ман ба ҷӯш оварда, тӯфон мекунам,
Кӯҳро зеру забар аз зарби вулқон мекунам,
ар ту ёбӣ лоиқи ҳусни нигорам як сухан,
Кишвари дилҳои мардумро гулистон мекунам.

Шеъри ман!
Медонамат зебо саманди ман туӣ,
Рӯзи майдон беамон тиру каманди ман туӣ,
Осмони беғубори дилписанди ман туӣ,
Дуртар, болотар аз арзу само парвоз кун,
Чунки танҳо кавкаби бахти баланди ман туӣ.

Ба кафо