Парда бикшод баҳор аз рухи зебоманзар,
Баст сармои зимистон зи Ватан рахти сафар.
Назар афтод маро сӯи гулу лолаи боғ,
Ҳама ороста дидам,
Ҳамаро тозаву тар.
Қадкашӣ дораду сарсабз шуда сарви чаман,
Ба мисоли писару духтари озоди башар,
Бӯи хуш медамаду боди сабо меорад
Ба машоми ман аз он накҳати ҷонбахш хабар.
Булбули маст ба шохи гули бишкуфтаи боғ
Месарояд зи дили шод ба ҳангоми саҳар.
Чун бидидам гули бишкуфта,
аз он гашт аён,
Лаби пурхандаи маҳбубаи даврон ба назар,
Гуфтам: эй гул,
Зи куҷо ёфтӣ ин сурхии рӯй?,
Гуфт: “Ранги рухи ёри ту ба ман кард асар.
Чу шавад аз паи кораш саҳар аз хона бурун,
Мекунад бо тарабу шодӣ аз ин боғ гузар.
Ман фақат хуррамию авҷу шукуфтан дорам,
Зи хазонам асаре нест дар айём дигар”.
Зи ҷавоби хуши гул шод шудам, хандидам,
Фикри устоди чаманпарварам афтод ба сар:
Боғбон аз дилу ҷон тарбияи боғ намуд,
Ҳар яке решаи парвардаи ӯ дод самар.
ӯ ба чашми хиради навъи башар нур диҳад,
Назди вай сархаму таслим шуда шамсу қамар.
Мутрибо, чанг бизан,
то ки бирақсем ҳама
Дар баҳори Ватани шод ба оҳанги зафар.
1937