ҶОНИ ШИРИН
I
Ҷони ширин,
ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам.
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёди ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчи зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,
пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Нестам мисли падарҳои дигар
Дар бари фарзандҳо шому саҳар,
Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,
Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.
Ку падар, гӯяд агар фарзанди мо,
Менамоӣ ту ба сӯи дар нигоҳ.
Дар замони пеш аҷдодони мо
Тарк мекарданд кӯҳистони мо.
Бахт меҷустанд аз бечорагӣ,
Мурда мерафтанд дар оворагӣ.
Мо вале аз он ғарибон нестем,
Дар суроғи бахт сарсон нестем.
Бахтро бо меҳнати озоди хеш
Кард инсони советӣ парвариш.
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо,
Халқҳоро зиндагӣ илқо кунем,
Меҳри дилро ҳадя бар онҳо кунем.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
қалъа аз як пояи девор нест,
Боғ ҳам аз як буни пурбор нест.
Рӯи олам дидан, одам дидан аст,
Неку бадро дар ҷаҳон санҷидан аст.
Ҷони ширин,
худ ки озод аз ғамӣ,
Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.
Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
Бештар хомӯш гарчи менишаст,
Гарчи камтар сӯи нон мебурд даст,
Дигаронро гарчи ӯ мекард гӯш,
Мекашид он гарчи таммоку хамӯш,
Лек чашмонаш шарар мерехтанд,
Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.
Печу тобаш мисли мавҷи об буд,
Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.
Борҳо ин мард зиндон дидааст,
Дар сари мӯ бозии ҷон дидааст.
Рӯ ба халқу кишвари маҳбуб кард,
Марги беинсофро мағлуб кард.
Табъ сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.
Адлҷӯён ӯ ҷаҳонгардӣ кунад,
Дар адои қарзи худ мардӣ кунад.
Зулм гарчи карда мӯяшро сафед,
Лек мегӯяд, ки: дунё боумед,
Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро
Дар баҳои ҷон харад монанди мо.
Ҳар гаҳе ки ёди Покистон кунад,
Ёд аз ношод фарзандон кунад,
Гиряи фарзанд озораш диҳад,
Аз ғазаб қудрат ба гуфтораш диҳад.
Гиря дорад дӯстам — аз гиря фарқ,
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.
Асрҳо бигрист шарқӣ зор-зор,
Шарқ шуд аз гиряи он шӯразор.
Вақти бозӣ, вақти шӯхӣ,беибо
Мекунад Парвези мо ҳам гиряҳо.
Ҳар куҷо ки бачча бошад, гиря ҳаст,
Лекин он гиря дигар ин дигар аст.
Ҷони ширин, фарқ кун дар кӯҳсор
Селро аз обҳои чашмасор.
Дар ватан фарзанди мо бадбахт нест,
Модари он ҳам зани сарсахт нест.
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Назад
1
2
3
4
|