Языки сайта


Тач

Рус

Eng

Как вам наш сайт.

ҶОНИ ШИРИН



III
				
Хушк-маҳкам мисли оҳанпора буд.
Аз ҷафоҷӯён шикоят дошт он,
Ҳам шикоят, ҳам ҳикоят дошт он.
Чунки ӯ медид дар атрофи хеш

Дӯстони бовафоро беш-беш:
Ман сиёҳам,— гуфт,— авлодам сиёҳ,
Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ.
Бо ҳабаш торикшаб ҳамранг шуд,
Ин ҷаҳон чун гӯр моро танг шуд.
Бандаҳои ҳалқабаргӯшем мо,
Зиндаҳои хонабардӯшем мо.
Хоҷагон аз мо ғуломон бурдаанд,
Симу зар ҳамён-ҳамён бурдаанд.
Мо на дар зери ҳарорат сӯхтем,
Балки аз зулму асорат сӯхтем.
Сӯхтем аз зарпарастони сафед,
Сӯхтем аз мулкдорони сафед,
Аз ҳабаш ҳастанд гарчи пурҳазар,
Гарчи месозанд дур аз мо гузар,
Гарчи бо мо ҳамтабақ ҳам нестанд,
Ҳамдабистон, ҳамсабақ ҳам нестанд,
Дур, аммо нестанд аз хоки мо,
Аз бари ганҷинаву амлоки мо.
Ҳақталошӣ мекунад акнун ҳабаш,
Менамояд зулмро вожун ҳабаш.
Вақти бедории Африқо расид,
Офтоби субҳи озодӣ дамид.
Дӯстро бисёр мехоҳем мо,
Беғараз ғамхор мехоҳем мо.
Ҷони ширин, ин суханҳоро шунав,
Дардмандонро ту ҳам дармон бишав.
То даме ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзае беғам нишаст.
Он ки бо ёрони худ масрур буд,
Дӯсти ман, шоири машҳур буд —
Тихонов бо мӯйҳои сап-сафед
Кард табдил сӯҳбати моро ба ид.
Дӯстиро ман аз ӯ омӯхтам,
Кишвари дилро аз ӯ афрӯхтам.
Ман аз ӯ омӯхтам касби адаб,
Ҳам муҳаббат, ҳам рафиқӣ, ҳам ғазаб.
Метавонад ӯ ба дарди дигарон 
Ёр гардад чун рафиқи меҳрубон.
Борҳо бо ӯ сафар кардем мо,
Сайри чандин баҳру бар кардем мо.
Регзорону биёбон дидаем,
Сардбарфу гармборон дидаем.
Кӯҳсоронро гузар кардем мо,
Бар нишебиҳо назар кардем мо,
Гоҳ дар зери сари мо санг буд,
Гоҳ манзил қасри Шоҳавранг буд.
Гоҳ медидем фавҷи одамон,
Гоҳ танҳо ахтарони осмон.
Гоҳ шаҳру гаҳ деҳот омӯхтем,
Алғараз, сирри ҳаёт омӯхтем.
Ёд дорам соли чилу нӯҳро,
Тай намуданҳои роҳи кӯҳро.
Дар сари раҳ Ҳиндукуш паҳлу кашид,
Аз бари домони мо ҳар сӯ кашид,
Мо ба зери кӯҳҳо пинҳон шудем,

Меҳмон дар қасри кӯҳистон шудем.
Корвон мерафт, фарёди ҷарас,
Мерасид аз кӯҳҳо бар гӯши кас.
Бехабар буданд аз мо Бомиён,
Сангпайкар, сангдил бутҳои он.
Офтоб аз мо панаҳ мекард рӯй,
Сояҳо карданд моро ҷустуҷӯй.
Боз шуд дарвозаи Искандарӣ,
Бе дами шамшеру зарби ханҷаре.
Дар шаби торик пеш омад “Дуоб”
Меҳрубон шуд, дод бар мо ҷои хоб,
Кулбаи хаспӯшро тақдим кард,
Мизбон дар пеши дар таъзим кард.
Ҷои бистар бӯрё густурда буд,
Гар чароғе буд, он ҳам мурда буд.
Дар миёни хона гулхан даргирифт,
Шифти онро дуду хокистар гирифт...
Дудҳо чун ресмон печон шуданд,
Обҳои чашми мо резон шуданд.
Давра биншастем дар гирди алав,
Ҷой ҷӯшиду муҳайё шуд палав.
Бо ғазаб мезад ба бому дар шамол,
Гӯш кар мекард, монанди шағол.
Ҷанг бо сармо вале гулхан намуд,
Хонаро ҳам гарм, ҳам равшан намуд.
Соҳиби ин хона афғони ҷавон
Шодмон буд аз қудуми меҳмон.
Дӯстона меҳмондорӣ намуд,
То тавонист ӯ ба мо ёрӣ намуд,
Хуб медонист, ки мо кистем,
Аз куҷо, дар ҷустуҷӯи чистем.
Балки ӯ мехонд дар симои мо
Достони ишқи беҳамтои мо,
Балки пай мебурд аз чашмони мо
Орзуи халқи ҷоноҷони мо.
Балки ӯ медид дар пеши назар

Назад   1   2   3   4