Языки сайта


Тач

Рус

Eng

Как вам наш сайт.

ҶОНИ ШИРИН



IV
				
Кишвари маҳбуби моро ҷилвагар,
Балки тобон дид ӯ нури хирад
Дар нигоҳи шоири Ленинград.
Балки истиқболи кӯҳистони он
Аз миёни дуди гулхан шуд аён,
Балки ин афғони озодипараст
Мисли дил дар синаҳои мо нишаст.
Балки ӯ мегуфт: моён дӯстем,
Мисли ду мағзе ки дар як пӯстем.
Бо шумо ҳамсояи деринаем,
Дӯстони беғараз, бекинаем,
Аз миёни хокҳои мо убур
Мекунад Ому ба мисли хатти нур,
Обро аз рӯшноӣ кун қиёс,
Дӯстонро бо нигоҳи дил шинос.
Чодари пашмин ба сар андохта,
Сар чу кӯҳи Ҳиндукуш афрохта,
Рафт, афғон, ёди мо бо хеш бурд,
Дил ба мо, 
	   моро ба хоби хуш супурд.

То саҳар месӯхт гулхан кам-камак,
Хонаро мекард равшан кам-камак.
Бод мезад сар ба кӯҳу кӯҳсор,
Корвон мешуд ба рафтан интизор.
Дидаи мо сӯи оташпора шуд,
Хоб гум аз дидаҳо якбора шуд.
Боз ҳам омад ба сар ёди ватан,
Ёди фарзанди азизу ёди зан.
Шоири маҳбуб бо мо ёр гашт,
Мо надонистем, ки шаб чун гузашт,
Дӯстро кас дар сафар бояд шинохт,
Метавон дилро ба ин сон дӯст бохт.
Ҷони ширин,
		тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.
Дӯстонро аз сафар овардаам,
Аз тамоми баҳру бар овардаам.
Омадам, дар Тоҷикистони азиз,
То бубинам рӯи ёрони азиз,
То ба онҳо ман ҳикоятҳо кунам,
Маҷлиси хурсандие барпо кунам.
То бароям бар сари кӯҳсорҳо,
Сер бинам кишварамро борҳо,
То ба боғу бӯстонаш по ниҳам,
По ба сӯи водию саҳро ниҳам,
То тавонам халқро ёрӣ диҳам,
Аз зафар, аз фатҳ ахборе диҳам,
То ба гӯши дилбарон хонам суруд,
То бигӯям дӯстонамро дуруд.
То равам дар тӯйҳо соқӣ шавам,
Талху ширин чун маи боқӣ шавам,
То ба халқам боз бахшам ҷӯши дил,
То гузорам бори нав бар дӯши дил,
То кунам таъзим мисли пахтачин,
Чорқат гардида бар сӯи замин.
То намоям гӯш ҳар як набзро,
Парварам то ҳар ниҳоли сабзро.
То шавам монанди дасти коргар
Ҳукмрони кӯраҳои пуршарар,
Қатрае аз чашмаи ҷӯшон шавам,
Заррае аз шӯълаи тобон шавам.
Пас чаро пурсанд баъзе дӯстон:
“Чандрӯза омадӣ ту меҳмон”
Пас чаро гӯянд ёрон, марҳабо!
“Меҳмони Тоҷикистон, марҳабо!?”
Меҳмон ман нестам, ёрон, ҳазар,
Аз чунин гапҳои ночаспон, ҳазар.
Ман наям бегона дар ин сарзамин,
Ман наям дур аз диёри дилнишин.
Ман наям беошён паррандае,
Ман наям дар лаб тасодуф хандае.
Дар ҳамин ҷой аст манзилгоҳи ман,
Дар ҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.
Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.
Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,

ар ҳамин ҷо зиндагии безавол,
Дар ҳамин ҷо шуд садои ман баланд,
Дар ҳамин ҷо дӯстро гаштам писанд.
Ҷони ширин,
		дар ҷавонӣ сохтем
Хонае ҳарду, ба ӯ дил бохтем.
Бингар он торафт чун дигар шавад,
Хонаи тоҷик равшантар шавад.
Бингар он оғӯш чун во мекунад,
Во ба сӯи халқи дунё мекунад;
Бингар он чун бо ҳақиқат ёр шуд,
Дӯсташ ҳам дар ҷаҳон бисёр шуд.
Ҷони ширин,
		аз саодатҳои ту
Худ гувоҳӣ медиҳад маъвои ту!

1959

Для полного доступа к поэма
используйте ссылку  Книги .

Назад   1   2   3   4