Языки сайта


Тач

Рус

Eng

Как вам наш сайт.

ҚИССАИ ҲИНДУСТОН


(Силсилаи шеърҳо)

БОЗГАШТ
I
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
Муддате будам агарчи дур, аммо ёди он
Мевазонидам ба сар боди фараҳноки Ватан.
Хешро мебинам акнун боз дар оғӯши ӯ,
Боз мехонам суруди тозае дар гӯши ӯ,
Боз мегирам нафас ман аз ҳавои беғубор,
Боз менӯшам ман об аз чашмаи пурҷӯши ӯ.
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.
Ман аминам, мерасад ҳар як садои мо ба ӯ,
Ҳар як овози пур аз меҳру вафои мо ба ӯ,
Кӯҳсорон ҳеҷ натвонанд садди раҳ шаванд,
Мебарад бӯи муаттарро ҳавои мо ба ӯ.

1947

ҚИССАИ ҲИНДУСТОН


Аз аҳолии Ҳиндустон 60.000.000 нафар ба
 кастаи “нафратзадагон” тааллуқ доранд.

Маро рӯзе ҳикоят кард бобо,
Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро:
“Замоне буд берун аз Самарқанд
Ба чашми кас намоён кулбае чанд.
Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,
Махавҳоро ҷудоӣ як макон буд.
Намеафтод онҳоро гузоре
На аз ёре, на аз хешу таборе,
Намедиданд рӯзу рӯшноӣ
Ба дунё ғайри хорию гадоӣ.
Махав мегашт рӯзе гар намоён,
Аз ӯ пиру ҷавон мешуд гурезон.
Ҳамеша аз халоиқ дур мегашт,
Ба мисли зиндаи даргӯр мегашт.
Агар ӯро касе медид дар роҳ,
Рафиқи хешро мекард огоҳ,
Ки, эй ҷӯра!
		Ба атрофат назар кун,
“Махав омад, махав омад, ҳазар кун”.
Махавкоса гаҳе дар дасти мискин
Хабар медод бо овози ғамгин.

Ки: “Эй озодкас, бигрез аз мо,
Нарас ҳаргиз,
		нарас ҳаргиз махавро!”

Назад   1   2   3