ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
II
Ту дигар дар Самарқанд ин чунин кас
Набинию нахоҳӣ дид аз ин пас.
Кунун ман худ бигӯям баччагонро
Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро:
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне
Ман аз ин кишвари чун бӯстоне.
Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой
Замини сабзи зебое саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Нагӯям ман дар ин як шеъри кӯтоҳ
Зи ҳар чизе ки мо гаштем огоҳ.
Нагӯям ман на аз ҷодугаронаш,
На аз чашмони тарсодухтаронаш,
На аз осорҳои мармаринаш,
На аз мумтозҳои нозанинаш,
На аз раққосаи товусхиромаш,
На аз овозхони хушкаломаш,
На аз оҳуи кӯҳии раманда,
На аз кабки ғазалхони паранда,
На аз фили сафеди кӯҳвораш,
На аз ғоратгарони киштзораш,
На аз рикшу на аз ҳиндуи бадбахт,
На аз оғову давлатманди дилсахт,
На аз бабру паланги даҳшатангез,
На аз хашму адоватҳои хунрез.
Ҳикоят мекунам бо қалби пуршӯр
Ҳаёти мардумони зиндадаргӯр.
Ба рӯи қабри онҳо гул нарӯяд,
Агар рӯяд, касе онро набӯяд.
Ба олам касби онҳо ҷойрӯбист,
Фақат занбаркашию сангкӯбист.
Фурӯ бар зери конҳо муфт рафтан,
Ба нохун оҳану пӯлод суфтан,
Ҳазор алфози бад ноҳақ шунидан,
Лабони хеш бо дандон газидан.
Чӣ нуқсон дорад ин мардум, ки ин сон
Надорад қадру қимат мисли инсон?
Надорад иллате,
Зулми замона
Намуд онро ба бадбахтӣ равона.
Магар ин каста авлоди башар нест,
Назад
1
2
3