Языки сайта


Тач

Рус

Eng

Как вам наш сайт.

САДОИ ОСИЁ



I

Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё,
ғурриши баҳри дамонро бишнавед!
Осиё бедор шуд, бедор,
тарки хоб кард,
Ростиву дӯстиро
оқибат дарёб кард,
Шеъри Ҳофизро ба ёд оред, —
дарди Шарқро,
Нолаҳои зор-зору оҳҳои сардро:
“Шаби торику бими мавҷу гардоби чунин ҳойил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо”.
Дар шаби торик,
бими мавҷ дигар Осиё
Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо.
Мефишоранд аз таҳи дил
дасти онро дӯстон,
То сари онро расонанд аз замин бар осмон.
Рафт он давре, ки одамро пур аз таҳқир буд,
донаи занҷир буд.
Рафт давре, ки ҷудо буданд мисли чашмҳо
Халқҳо-ҳамсояҳо дар сарзамини Осиё.
Меваҳо аз меваҳо гиранд пайванди наве,
Гирад аз ҳамсояҳо
ҳамсоя ҳам панди наве.
Рафт давре, ки садои Чин
намеомад ба гӯш,
Хуни дил мехӯрд ҳиндӣ —
буд Ҳиндустон хамӯш.
Рафт давре, ки
ба гирдаш индонезӣ хӯрд ҳеҷ
Дар ғами як луқма моҳӣ,
дар ғами як каф биринҷ
Мешавад нобуд акнун фирмаи ҷабру ситам,
Занг мебандад дар оби баҳр занҷири ситам
Бирма чун боғи ҷавон майли шукуфтан мекунад,
Дар Сарандеб коргар ҷуръат ба гуфтан мекунад.
Осиё!
монанди модар меҳрубонастӣ маро
Мӯҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷонастӣ маро.
Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам,
Чеҳраи хандони фарзандони онро дидаам.
Дидаам садҳо нишони мозии манҳусро,
Аз қафои панҷара нолидани маҳбусро.
Аз намоишгоҳи Ханкоу гузарҳо кардаам,
Ёди деҳқонони Чинро дар дилам овардаам.
Ғоиб аз чашмам намегарданд мазлумон ҳанӯз,
Теғу шамшеру камону кундаву зиндон ҳанӯз.
Сангдил жандармаву фармони сардорон ҳанӯз,
Даҳшатафкан,
ларзаафкан
ҳайкали ҳоқон ҳанӯз.
Дар намоишгоҳ дидам
чорпоя моларо,
Садямоқӣ ҷомаҳои пораи садсоларо.
Аз даруни синаи деҳқон
дилеро кандаанд,
Саркашонро дар таги чоҳи сияҳ
афкандаанд.
Духтари даҳсоларо дар деги ҷӯшон пухтаанд.
Метавонам оварам ин қисаҳоро
чанд-чанд...
Зинда бошад,
зинда бошад,
ин ҷавондухтар ҳанӯз,
Мебарояд чун шафақ дар пешвози субҳи рӯз.
ӯ садои Чин бувад,
ӯ шӯълаҳои Осиё,
Халқҳои рӯи оламро расонад ин нидо:

Назад   1   2   3