Языки сайта


Тач

Рус

Eng

Как вам наш сайт.

САДОИ ОСИЁ



III

Кӯдакон дар даст гул,
Бардошта бозичаҳо.
Гӯш кардам Шарқро,
ҳам Нилро, ҳам Гангро,
Нармдил хоку замину пуртаҳаммул сангро.
Гӯш кардам...
Варзиши рӯди равон омад ба ёд
Деҳаи ман,дар Ҳисори шодмон омад ба ёд,
Қуллаҳои барфпӯши кӯҳсоронаш ба ёд,
Чашмаҳои нуқрамонанди хурӯшонаш ба ёд.
Рӯди қишлоқи ман аз оҳу сабуктар меравад,
Дар шаби маҳтоб сина пур зи ахтар меравад.
Кокулафшонанд маҷнунбедҳо дар ин диёр,
Шӯълаафшонанд сафҳои чароғони Ҳисор.
Махмалин, абрешимин,кишту зироат дорад он,
Бо саодатҳои бепоён фароғат дорад он,
Ин саодатро надонистанд аҷдодони ман,
Шуд насиб ин бахт, —
ин даврон ба фарзандони ман.
Рӯди хурди деҳаи ман ҷасту хезе мекунад,
Осмони Тоҷикистон рангрезӣ мекунад.
адиои Москва вақте ки мегӯяд суруд
Кӯдакон рақсанд хандон дар лаби руди кабуд.
Рӯди хурди деҳаи ман рӯди пуршӯр аст, шӯр,
Бо садои рӯдҳои Осиё ҷӯр аст, ҷӯр.
Ман ба ин рӯди азизам меҳри дилро додаам,
Ҳамраҳаш дар кӯҳсорон роҳи нав бикшодаам.
Аз лаби ин рӯд, аз қишлоқи ҷоноҷони ман
Сар шуд овози дили ман, —
мурғи хушилҳони ман.
Бо садои Осиё ҳамроҳ шуд,
ҳампой шуд,
Дар сафи эҷодкорони саодат ҷой шуд.
Метавонад ҳар касе ки зӯр шуд,
ғолиб шавад,
Молу мулки дигаронро ояду соҳиб шавад,
Моҳиёнро метавонад, ки наҳанг орад ба ком,
Баҳри бетак рӯдҳоро дам кашад чун май зи ҷом.
Нест аммо қуввае ки азмро орад завол,
Рӯҳи озодипарастонро намояд поймол.
Баҳри озодӣ садои Осиё омад ба гӯш,
Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш,
Омад ба ҷӯш!
1956

Для полного доступа к поэма
используйте ссылку  Книги .

Назад   1   2   3