Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маълумоти Умумӣ

Ҷуғрофия: Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлатест, ки дар Осиёи Маркази ҷойгир буда, бо давлатҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии давлати мазкур 143,1 ҳазор км. мурабаъро ташкил медиҳад.  

Асъори миллӣ: Сомонӣ

Пойтахт: шаҳри Душанбе

Шаҳрҳои бузург: Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ.

Забони давлатӣ: Тоҷикӣ

Дин: Қисми зиёди аҳолӣ мусулмоноро ташкил медиҳанд. Хамзамон, дар байни аҳолӣ гурӯҳи хурде мавҷуд аст, ки динҳои православӣ, протестантӣ ва яҳудиро пайравӣ менамоянд.

Иди миллӣ: Рӯзи истиқлолият – 9 сентябр.

Домени миллӣ: .TJ 

Сарҳади давлатӣ: Аз тарафи ғарб ва шимол дарозии сарҳади Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон– 910 километр, бо Ҷумҳурии Қирғизистон – 630 километр, аз тарафи ҷануб бо Ҷумурии исломии Афғонистон – 1030 километр ва аз ҷониби шарқ бошад бо Ҷумҳурии халқии Хитой – 430 километрро ташкил медиҳад.

Сохтори давлатӣ: Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бо қабули декларатсияи истиқлолият моҳи сентябри соли 1991 ташкил ёфта, моҳи декабри ҳамон сол ба ҳайати Иттиҳоди давлатҳои мустақил ворид гардидааст. Аз соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои Созмони миллали мутаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) ва дигар ташиклотҳои бонуфузи байналмиллали эътироф шудааст.

Аҳолӣ: Зиёда аз 7 млн. аҳолӣ. Дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 80 халқиятҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд. Аз ҷумла, тоҷикон (яке аз қадимтарин халқиятҳои дунё ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи эрониҳои оилаи ҳундуаврупоӣ таалӯқ доранд) – 62%, ӯзбекҳо -24%, русҳо – тақрибан 3%, инчунин тоторҳо, қирғизҳо ва дигар халқиятҳо. Аҳолии шаҳрнишин - 32%. Зичии аҳолӣ 48 нафар ба 1 км. мураббаъро ташкил медиҳад.

Табиат: Дар асос релефи кӯҳӣ бартарӣ дорад. Дар шимол – водии Фарғона, дар шимоли ғарбӣ ва қисми марказӣ – қаторқуҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳиссор ва Алай, дар ҷануби шарқӣ - системаи қаторкӯҳҳои баланди Помир (дар баландии то 7495 м.) ҷойгир аст. Қисми ҷануби ғарбӣ дар сатҳи нисбатан пастар (водиҳои Вахш, Ҳиссор ва ғ.) қарор дорад. Дарё ва кӯлҳои Тоҷикистон аз пиряхҳо ғизо мегиранд. Дарозии умумии 947 адад дарёҳо зиёда аз 28 500 километр мебоашад, ки онҳо 60 % захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намудҳои хайвонҳои ширхор, заёда аз 365 намуди парранда, 49 намуди хазанда, тақрибан 40 намуди моҳиҳо ва зиёда аз 10 ҳазор намуди ҳашарот ҳаёт ба сар мебаранд. Аз ҳайвонҳои палнгҳои барфӣ, силовсин, хирсҳо, гургҳо, рӯбоҳҳо ва саворҳо зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон, оҳу ва гӯсфандҳои кӯҳӣ низ биcёр паҳн шудаанд.

Тоҷикистон маркази туризми кӯҳи ва алпинизим ба ҳисоб меравад. Кӯҳҳои Тоҷикистон ҷойҳои хушманзаратарин буда, қаторкӯҳҳои баландтарини Евроосиё, марғзорҳои кабуд ва алпӣ, инчунин тозатарин дарёҳоро дар худ таҷассум менамоянд. Заминҳо дар асос тирахоку қаҳваранг ва кӯҳи-марғзорӣ мебошанд. Растаниҳои биёбонӣ, даштӣ ва баландкӯҳӣ-марғзорӣ вуҷуд доранд.

Айни замон, дар Тоҷикистон 4 адад маънунгоҳ (Тигровая балка, Ромит, Дашти Ҷум ва Зорқул) 13 адад парваришгоҳ ва парки миллӣ фаъолият доранд. Масоҳати умумии ҳудудҳои табиии ҳифзшванда 21%-и ҳудуди умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Захираҳои табиӣ: Захираҳои табии Тоҷикистон хеле гуногунанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои зиёди металҳои полихимикӣ, нодир ва асил муҳайё гаштаанд, аз ҷумла: синк, сурб, молибден, волфрам, мисс, тилло, нуқра, сурма, симоб, шпати гудохташаванда, қалъ, уран, бисмут, оҳан, манган, намаки ошпаз, магний ва дигар металҳое, ки содршаванда ҳастанд. Ба конҳои маъруфи Тоҷикистон конҳои тиллои Панҷакент ва Шуғнон, кони нуқрагии Конимансури Калон, кони сурмаи Анзоб, конҳои санги мармар дар Ванҷ, Панҷакент, Дарвоз, Шаҳристон ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, конҳои ангишт, газ, нафт, мармар ва масолеҳи сохтмонӣ низ вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати захираҳои ангишт Тоҷикистон яке аз ҷойҳо болоиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Захираҳои геологии умумии он 4,0 миллиард тоннаро ташкил медиҳад, ки аз он 80%-аш ба ангишти коксӣ тааллуқ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чашмаҳои беҳамтои шифобахш ва обҳои минералӣ мебошад.

Захираҳои обӣ: Дарёҳои асосӣ: Сирдарё, Амударё, Вахш, Панҷ, Зарафшон. Каналҳои обёрии бузург: Ҳисорӣ, Далверзимн, қисмати тоҷикистонии каналҳои бузрги Фарғона ва Фарғонаи шимолӣ Аз ҳисоби кӯлҳо низ Тоҷикистон бой мебошад. Аз ҷумла шумораи умумии онҳо тақрибан 1300 адад бо масоҳати умумии 705 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Калонтарини онҳо – Қарокул, Сарез, Ёшилкул ба ҳисоб мераванд. Дар асос кулҳо дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.

Бузургтарин обанборҳо:

Ҳаҷм млн. м3

Қайроқум 4160

Нурек 10500

Бузургтарин пиряхҳо:

Ҳаҷми прияхҳо, м3

Федченко 93,6

Гармо 111,4

Витковский 6,882

АН СССР 5,242

Наливкин 8,588

Бивавчий 8,05

Грум-Гржимайло 19,84

Дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон захираҳои азими барфу ях ҷамъоварӣ шуда, сарҳади иқлими барфи доимӣ дар баландии 3500-3600 метр дар ҷониби ғарбӣ оғоз мегардад ва дар тарафи шарқӣ бошад, то ба баландии 5800 метр боло мебарояд. Масоҳати прияхҳои Тоҷикистон зиёда аз 8476 метри мурабаъро ташкил менамояд. мебошад. Дар ин ҷой зиёда аз ҳазор пиряхҳо бо дарозии 1,5 километр ба қайд гирифта шудааст. Дарозии 16 адад пиряхҳо зиёда аз 16 километр ҳар якеаш мебошад, аз ҷумла пиряхҳои Федченко ва Грум-Грҷимайло.

Иқлим: Мӯътадил ва хушк. Дар моҳи январ ҳарорат дар водиҳо ноустувор аз 0 С то +2 С-ро ташкил дода, дар баландкӯҳҳо то ба -30 С мефарояд, дар моҳҳои июл ҳарорат дар водиҳо аз +23 С то +40 С ва дар кӯҳҳо аз +4 С то +15 С мебошад. 

 

 

 

Аксҳо

Пайвандҳо

Адрес: Маяковски 60/1
Телефон: 985863886
E-mail: ehson10_1995@mail.ru

E-mail: fathullo.nurulloev@mail.ru