http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Corpuses
 
  1. News

 
 
  1. Sponsors
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Авалин пайкараҳои забони тоҷикӣ

Кумитаи ҷумҳурии истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ «Фалакро сақф бишкофта, тарҳе дарандохтанд». Бори аввал пайкараи миллии забони тоҷикӣ тарҳрезӣ ва бунёд мегардад. Эчоди пайкараи (корпуси) забони тоҷикӣ бар пояи на камтар аз 10 миллион вожаи матнҳои тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба андешаи созандагони пайкараи миллии забони тоҷикӣ дар он пеш аз ҳама матнҳое ҷойгир мешаванд, ки намоёнгари забони фаоли муосири тоҷик ҳастанд. Ба пайкара матнҳои гуногун, ки қариб ҳама паҳлуҳо ва ҳавзаҳои фаолияти забони муосирро дар бар мегиранд, дохил мешаванд:

  • намунаи матнҳои осори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони классики тоҷик (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Румӣ ва ғ.)
  • насру назми жанрҳои гуногун адабиёти муосир
  • матни ба эфир паҳншудаи барномаҳои радио и телевизиони тоҷик
  • матни рӯзномаҳо ва ахбор
  • матни маҷалаҳо
  • матнҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ
  • матнҳои таҳсилӣ
  • матнҳои расмӣ-идорӣ ва ҳуқуқӣ
  • матнҳои луғоту фарҳангҳои маъруфи тоҷикӣ ва дузабона
  • матнҳои маишӣ (номанигорӣ, муошират ва ғ.)

Матнҳо дар ҳаҷму андозае дар пайкара гирдоварӣ мешаванд, ки ба саҳми онҳо дар маҷмӯи воҳиди матнҳои имрӯз мутаносибан асар доранд. Руйхати таркибу мундариҷаи пайкарасозии оварда ба ба шакку шубҳа оиди мувозинат ва намоёнгарии пайкараи милли забони тоҷикӣ ҷое намегузорад.

Чун ин тарҳ корест- миллӣ, маслиҳату машварати мутаххасисони некбину некухоҳ бамаврид ва боиси ифтихору сипосгузорист. Бораи шиносоии бештар бо раванд ва марҳилаҳои амалисозии ин падида ва ширкати бевосита дар он пайваста бо сайтҳои cit.tj ва termcom.tj метавонед дар тамос бошед.

  1. Choice of language
  1. You know ...
"Фортран" – первый высокоуровневый язык программирования.
About school| Material's| Library| Our work| Contact's| Forum| Site map|