| Одам наям, эй рӯди Зарафшони зарафшон, Гар аз ту ба ҳар нийятам ибрат напазирам.
 
Чун қатраи обат, ки муҷассамшуда бар туст,Ҳамдаст ба мардум шаваму кишвари гулпӯш.
 
Боз хушрӯёни навдилбохта аз ҷӯши ишқБар ду абрӯ усмаи тар мекашанд.
 
Меравам бар коми оташбори марг,Хайр, модар!
 
Алвидоъ, эй мардумон, хоҳам мудомБар шумо рӯзи хушу ҷашни мурод,
 
Хуни поки тоҷикам,Мефишонам ман варо бар ҳифзи хоки кишварам.
 
Зи шохе бар дигар шохе бупечам,Ҷаҳонро то ба чашми гул бубинам.
 
Бигзарам аз назди қабристони хомӯши шаҳидонДаст бар рӯ бурда, омин мекунам.
 
Мисли занбӯри асал ҷон медиҳам, гар ногаҳонБар вуҷуди бегуноҳе аз хато неше занам.
 
Посбонам бар дуои мӯсафедон,Пандҳои арҷманди модарон,
 Саҳифаи 1/135    |