Конститутсия

КОНСТИТУТСИЯИ
(САРҚОНУНИ)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Б о б и   с е ю м

МАҶЛИСИ ОЛӢ

Моддаи 48. Маҷлиси Олӣ-парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Моддаи 49. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 35 кам набошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад узви Маҷлиси миллӣ интихоб ё таъин шавад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад. Қонуни конститутсионӣ шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоби онҳо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиқ набудани ваколати аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро танзим мекунад.

Моддаи 50. Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд. Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Моддаи 51. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад. Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад. Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Моддаи 52. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

Моддаи 53. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад. Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд. Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд. Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

Моддаи 54. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

Моддаи 55. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя: 1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат; 2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда; 3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон; 4. Таъини интихоботи Президент; 5. Қабули истеъфои Президент; 6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ; 7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Моддаи 56. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ: 1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо; 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент; 3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ; 4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ; 5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Моддаи 57. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон: 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент; 2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ; 3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ; 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ; 5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ; 6. Таъини раъйпурсӣ; 7. Таъсиси судҳо; 8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ; 9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ; 10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ; 11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус; 12. Муайян намудани маоши Президент; 13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд. Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

Моддаи 58. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

Моддаи 59. Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд. Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад. Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Моддаи 60. Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад. Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф. Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад. Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

Моддаи 61. Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд. Тафсири Конститутсияро Маҷлиси Олӣ тибқи тартиби мазкур баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул менамояд.

Моддаи 62. Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд. Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд. Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Моддаи 63. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.