КОНСТИТУТСИЯИ
(САРҚОНУНИ)
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУҚАРРАРОТИ ИНТИҚОЛӢ
1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд. 2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани "Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон" амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд. 3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад. 4. Судяҳои ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани "Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон" интихоб ва ё таъин шудаанд, ваколати худро то анҷоми мӯҳлаташон нигоҳ медоранд. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳо судяҳо ба мӯҳлати 10 сол интихоб ва ё таъин мешаванд.