Адабиёти точикон

Назму насри форсу-точик тули чандин асрхо таракки мекард. Давраи нашъу намои адабиёти форсу-точик ба асрхои миёна рост меояд, вакте, ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати точикон ба вучуд меояд (874-1005). Махс дар хамин давра тараккиёти миллати точик ба хисоб меравад. Сомониён ба илм ва адабиёт диккати махсус зохир мекарданд. Шоирон ва олимони хамон давра ба монанди Рудаки, Абуали ибн Сино(Авиценна), Фирдавси, Унсури, Дакики дар даргохи шохони Сомониён кор ва фаъолият мебурданд. Эрониён ва точикон он вактхо як кавмро бо решахои бо хам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм хам дастраси хамагон буд. Рудаки асосгузори адабиёти форсу-точик мебошад. Истилои арабхо ба Осиёи Миёна дигаргунихои зиёде овард. Маданияти бой ва архитектураи тоисломии точикон нест карда мешуд, китобхо сузонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом чори шуда забони араби-умуми гардид. Забони нави адаби – забони форсу-точик дар асрхои IX-X ташаккул гардид. Рудаки – шоири барчаста, асосгузори адабиёти форсу-точик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрхои адабии он замонро ба вукуъ овард. Махз аз хамон давра сар карда адабиёти форсу-точик ташаккул ёфта дар тамоми олам машхур гардид. Дар охири асри X Фирдавси «Шохнома»-и безаволи худро 'эчод кард, ки аз чихати маъно ва хачм дар тамоми адабиёти олам хамтоё надорад. Асри XI бо ба вукуъ омадани эпосхои романтики машхур шудааст. Махз дар хамин жанр силсилаи достонхои Унсури, Айюки, Гунгури, Умар Хаём мебошанд, вале «Хамса»-и Низомии Ганчави аз хама зеботар мебошад, ки асри XII эчод карда шудааст. Дар асри XIII «Бустон» ва «Гулистон»- и Саъди, дар асри XIV достонхои Амир Хусрави Дехлави ва Хоча Кирмони, Камоли Хучанди ва газалхои Хофизи Шерози эчод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Чоми машхур гардидааст.


Интихоби забон
    --
Хаво дар Душанбе

 

Курби асъор
Таджикских сомони Таджикский сомони валюта Таджикистана
(RUB)//-//
(CHF)//-//
(GBP)//-//
(EUR)//-//
(USD)//-//
(INR)//-//
(JPY)//-//


Исмоили Сомони Ахрори 107
Тел:919-14-06-60, 93-515-71-69
E-mail: gwjoko@inbox.ru
Copyright © 2012 Хусайнов Абдурахим