Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Flower Flower

Ҳангоме, ки ҳавопаймо аз болои қуллаҳои барфпӯши Помир-Олой парвоз мекунад, табиати афсонавӣ ба назари мусофирон айён мегардад. Чароғҳои фурӯзони бешумори шабонгоҳон, ки ба тамом аз шӯълаҳову ҷилои худ касро мафтун мекунанд, гӯё оҳиста-оҳиста дар зери сафинаи ҳавоӣ шино мекунанд. Ин шаҳри дурахшон - пойтахти давлат дар Осиёи Марказӣ буда, дар фазои минтақаи Авроосиё ҷойгир мебошад, ки он ҷо кӯҳҳои баландтарини Помир ва Тиёншон бо ҳам пайваст буда, аз давраҳои қадим бо номи Душанбе машҳур мебошад. 93 фисади ҳудуди Тоҷикистон аз кӯҳҳо ва теппаҳо иборат аст. Доманакӯҳҳои гулпӯш ва теппаҳои сарсабз пойтахтро, ки дар баландии 930 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, фаро гирифтаанд.
Сарфи назар аз он, ки Тоҷикистон аз уқёнусҳо ва баҳрҳо дар масофаи дур ҷойгир шудааст, он сарчашмаи асосии захираҳои обӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар назди мо вазифаи муҳим ин истифодаи сарфакоронаи боигарии обии кишвар мебошад. Ташаббуси Роҳбари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон дар бораи солҳои 2005-2015-ро эълон намудани амалиёти байналхалқии даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эътироф гаштааст, тасдиқи гуфтаҳои боло мебошанд. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо шаҳри соҳилӣ меноманд. Ин шаҳр дар соҳилҳои дарёи Варзоб, ки аз пиряхҳо ва қуллаҳои барфпӯши водии Ҳисор сарчашма гирифта, дар дохили шаҳр номи Душанберо мегирад, аз ҷануб то соҳилҳои пуроби Кофарниҳон тӯл кашида, самти худро аз шохаҳои кӯҳии Қаротегин оғоз мекунад, ҷойгир аст.
Душанбе шаҳри таърихӣ ва навбунёд мебошад. Аз рӯи тадқиқотҳои бостоншиносон таърихи ҳазорсола дорад. Ҳуҷҷатҳои Бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт навбунёд мебошад.
Ҳафриёти археологӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар ҳудуди сарҳади ҳозираи шаҳр дар арафаи ҷашнвораи он гузаронида, ба бозёфти гаронбаҳои таърихӣ оварда расонд. Бозёфтҳои гирду атрофи Душанбе, олоти мухталифи халқҳои қадима, ки дар охири асри санг, дар давраи неолит, ҳазорсолаи IV - III-и пеш аз мелод ёфт шудаанд, дар Осорхонаи қадими миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳр намоиш дода мешаванд. Инҳо олотҳои сангӣ ва ашёи рӯзгор, пӯст, досту ғаллакӯбак, кӯза барои захираи об ва гандум мебошанд. Ба нигораҳои нодири осорхона оинаи биринҷӣ, тангаҳои қадима, олоти меҳнат, ороишҳои гуногуни бозёфти археологҳое, ки соли 1939 ёфт шудаанд, дохил мегарданд.
Дар давоми қарнҳо мавзеъҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе марҳиллаҳои гуногунро аз сар гузаронидаанд. Аз байни ин шаҳр Роҳи бузурги Абрешим ва корвонҳои тиҷоратӣ аз Шарқ ба Ғарб ва аз Ғарб ба Шарқ мегузаштанд.

Flower Flower Flower Flower

Аз давраҳои қадим дар Душанбе бозорҳои фаровон ҷамъ мешуданд. Дар ин ҷо ба ғайр аз маҳсулоти маҳаллӣ ҷав, гандум, зағир, пилла, мева ва сабзавот, инчунин моҳути англисӣ, абрешими хитоӣ, чити русӣ ва дигар маҳсулотҳо савдо мешуданд.
Моҳи октябри соли 1924 Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Худмухтор ва аз соли 1929 пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон карда шуд. Дар ташкил, ободонӣ ва тараққиёт ҳиссаи худро ҳамаи намояндагони кишвар гузоштанд. Дар муддати кӯтоҳ, биноҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, театри «Опера ва балет», меҳмонхонаи Вахш, ҷои истироҳатии кули Ҷавонон, майдони варзишии Динамо ва дигар иморатҳо ба истифода дода шуданд.
Бо шарофати меҳнати фидокоронаи шаҳрвандон Душанбе, ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри гузашта ба шаҳри ҳозиразамон, ободгардида, зебо ва диққатҷалбкунанда табдил гардид.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аҳолии даҳҳо муассисаҳои калонтарини Москва, Ленинград, Урал, Украина, ки барои ғалаба бар фашизм кор мекарданд, муваққатан аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойҳои осуда кӯчонида мешуданд. Ҳамчунин ба пойтахти мо бисёр мактабҳои олӣ, театрҳо ва омӯзишгоҳҳои ҳарбӣ гузаронида шуданд. Дар шифохонаҳо, госпиталҳои пойтахт ҳазорҳо ҳарбиёни маъюб саломатии худро барқарор мекарданд.
Даҳҳо ҳазор шаҳрвандони шаҳри Душанбе дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда, қаҳрамонона барои ҳимояи Ватан ҷон супурданд. Ёди онҳо ҳамеша ҷовидон аст. Дар майдони Ғалаба ва Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе барои онҳое, ки Ватани худро ҳимоя намудаанд, ҳайкалҳои шоиста гузошта шудааст. Ҳазорон ҷанговарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо, 63 нафарашон бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мукофотонида шуданд.
Дар пойтахт бо суръати баланд биноҳову иморатҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ қомат афрохтанд, аз он ҷумла китобхонаи миллӣ ба номи Фирдавсӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи техникӣ, театри драмавии ба номи Лоҳутӣ, меҳмонхонаҳои Авесто, Пойтахт, Тоҷикистон, фурудгоҳ, Истгоҳи роҳи оҳан ва Истгоҳи мошингард, маҷмааи «Кохи Ваҳдат», Қасри иттифоқи касаба (ҳоло Филармонияи давлатии Тоҷикистон), ки мероси гаронбаҳои шарҳсозии солҳои 70 - 80 -уми қарни гузаштаро дар худ таҷассум мекунанд.
Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфт. Дар пойтахт ба миқдори 40 фисад (%) иқтидори саноати мамлакат ҷамъ карда шуд. Дар ин ҷо тақрибан 15 фисади (%) аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ намуда, чоряки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакатро истеҳсол менамоянд.
Душанбе яке аз калонтарин маркази илмӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба он 20 Пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ шомил буда, дар онҳо дар соҳаҳои физика, астрофизика, риёзиёт, зилзилашиносӣ, кимиё, геология, гастроэнтрология, зоология, ботаника, растаниҳои физиологӣ, генетика, иқтисод, фалсафа, ҳуқуқ, таърих ва бостоншиносӣ, этнографӣ, забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тадқиқотҳо бурда мешаванд. 18 донишгоҳҳу донишкадаҳои пойтахт ҳар сол ҳазорҳо мутахассисони соҳаи гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳуриро тайёр менамоянд.
Нақши Душанбе дар рушди фарҳангӣ бузург аст. Устодони барҷастаи сухан Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Лоиқ Шералӣ ва дигарҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки дар дигар мамлакатҳои Шарқу Ғарб машҳур буда, саҳми беандозае гузоштаанд.
Солҳои 30 -уми асри гузашта санъати кино дар Душанбе бо эҳё ва рушди худ шӯҳратёр гашт. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» филмҳои бадеии «Дохунда», «Мансаби баланд», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Марги судхӯр», силсилафилмҳо аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигарҳо офарида шуданд. Филми «Тақдири шоир» дар фестивали байналмиллалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Миср бо ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» мушараф гардид.
Душанбе дар пешрафти санъати миллии анъанавӣ ва муосир «Шашмақом», «Фалак», «Опера ва балет» нақши муҳим бозидааст. Устодони бомаҳорати саҳна ва кино ба мисоли Муҳаммадҷон Қосимов, Аҳмад Бобокулов, Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова, Малика Собирова, Ҳошим Гадоев, Фаррух Рӯзиматов ва бисёри дигарон маҳз аз Душанбе ба ҷаҳони санъат роҳхат гирифта, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намуданд.
Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш шуғли дӯстдоштаи сокинони пойтахт мебошад. Толори варзишӣ, ки дар наздикии кули Ҷавонон ҷойгир аст ва ба он яке аз калонтарин варзишгоҳи Марказӣ, ки барои 20 ҳазор тамошобин муқаррар шуда, ҳавзи калонтарини 50 метраи шиноварӣ бо гармкунакҳои сунъӣ, толори теннис, толори бозиҳои дастӣ ва ҳазорон майдонҳои варзишӣ дохил мешаванд, ҷои писандидаи истироҳати шаҳриён гаштааст.
Дар тамоми кураи замин Душанбе бо номҳои варзишгарони машҳур ба монанди Саидмӯъмин Раҳимов ва Афзалшо Олимов (гуштингирӣ), Иброҳим Ҳасанов ва бародарон Юрий ва Михаил Лобановҳо (заврақронӣ), Юрий Баранов (парашутчӣ), Зебуниссо Рустамова (камонвар), Андрей Абдувалиев (гурзпартоӣ) ва дигарон шӯҳратёр гардидааст.
3 сентябри соли 1924 рӯзи фаромушнашаванда дар таърихи ҳавопаймоии ватанӣ мебошад. Дар ин рӯз дар Душанбе ҳавопаймои аввалин фаромад, ки онро ҳавонавардон Пётр Камаров ва Рашидбек Ахриев идора мекарданд. Ин тайёра аз Бухоро парвоз карда дар Душанбе фуруд омад. Дар Душанбе, ки онро кӯҳҳои сар ба фалак иҳота мекарданд, дар он солҳо на хати парвози ҳавопаймоҳо ва на бинои фурудгоҳ мавҷуд буд. Ҳоло бошад, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз марказҳои ҳавоӣ мубаддал гаштааст. Тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик-эйр», «Сомон-эйр» имрӯзҳо ба хатсайрҳои Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Ҳиндустон, Олмон, Туркия, Покистон, Эрон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо Тоҷикистонро пайваст менамояд.
Аз соли 2003 шурӯъ намуда, ҳавопаймои бо аломати муаррифии «Тоҷикистон» бо рамзи давлатии он ба воситаи Уқёнуси Ором ба ИМА парвоз намуд, инчунин роҳи ҳавоии Тоҷикистон-Индонезия кушода шуд.
Ҳамасола Душанберо ҳазорҳо сайёҳон аз шаҳрҳои мухталифи дунё, барои шиносоӣ бо пойтахтамон, ки анъанаҳои қадимаро нигоҳ доштааст, зиёрат мекунанд.
Солҳои 80-уми асри XX нақшаи рушди пойтахт омода гардид, ки он табдили шаҳри Душанберо ба шаҳри зебо пешбинӣ мекард.
Мутаассифона, ҳодисаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми қарни XX, ки кишварро ба вартаи ҷанги гражданӣ дучор карданд, на танҳо ба иҷрои ин нақша халал расонанд, балки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти пойтахт ва тамоми ҷумҳурӣ таъсири манфии худро гузоштданд.
Хушбахтона роҳбарияти нави давлат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, бо пешниҳоди барномаи раҳо намудани ҷумҳурӣ аз бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ, тавонист дар кишвар сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии миллиро барқарор намуда, онро ба роҳи осоиштаи дигаргуниҳои демократӣ равона созад.
Эҳёи Тоҷикистон аз Душанбе - қалби ҷумҳурӣ оғоз карда шуд. Роҳбарияти ҷумҳурӣ бо проблемаҳои калон ва масъалаҳои ҳалталаб дучор шуданд. Ҳукумати шаҳр аз сари нав ба фаъолият шурӯъ кард ва он аз ҳалли масъалаҳои муҳимтарин: ба монанди ободонии пойтахт, таъмини шаҳрвандони он бо об, қувваи барқ, газ, барқарорсозии ҳаракати автобусҳо, троллейбусҳо ва ғайраҳо ибтидо мегирифт. Нашрияҳои даврӣ аз ҷумла, рӯзномаю маҷаллаҳои давлативу ҳизбӣ ва хусусӣ мунтазам аз чоп мебаромаданд.
Ҳаёти пойтахт ба маҷрои пештарааш бармегашт. Дар навбати аввал ин хизмати шоистаи Роҳбарияти давлат ва ҳукумати шаҳр, ки тадриҷан барои беҳтар гаштани шароити зист, меҳнат, маишат ва истироҳати шаҳрвандон кӯшиш ба харҷ доданд.
Саҳми ҳукумати шаҳр дар ободонии пойтахт бараъло намоён аст. Натиҷаи ин меҳнати созанда ва ғамхорӣ он шуд, ки Душанбе дар муддати хеле кӯтоҳ симои худро дигар карда, ба як боғшаҳри ободу зебо табдил ёфт.
Мо ифтихор дорем, ки ҳаёт дар пойтахт дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва дӯстӣ байни намояндагони беш аз 100 миллатҳову халқият ва мазҳабҳои динӣ ба роҳ монда шуда, фаъолияти самараноки сокинон дар таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ дар кишвар, ташаббусҳои роҳбарият барои ба мақсад расидани барномаи дигаргун кардани ҳаёти мардум, таъмини амният ва волоияти қонун асоси даргоҳи сулҳу дӯстӣ гардидани Душанбе гаштааст.
Барои саҳми беандозаи пойтахтамон дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳамрайъӣ дар ҳайёти ҳамарӯза 4 августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои 2002-2003 дода шуд.
Моҳи марти соли 1997 аввалин шуда аз байни пойтахти мамлакатҳои Ҳамҷавор, дар рӯзҳои ҷашни 850 солагии шаҳри Маскав, Рӯзҳои фарҳанги пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Маскав гузаштанд, ки дар ҳаёти маънавии душанбегиҳо марҳаллаҳои муҳим шуданд.
Ҳамкориҳои самараноки шаҳрҳои моро ташрифи Раиси шаҳри Маскав Юрий Михайлович Лужков ба Душанбе, ҳанӯз дар соли 1996 асос гузошта буд. Моҳи марти соли 1998 дар рӯзҳои ҷашни иди Наврӯз шаҳри Душанбе ҳайати вакилон, ходимони фарҳанг, санъат ва адабиёти шаҳри Маскавро қабул кард.
Имрӯз бошад, Душанберо бо боварии комил шаҳри сулҳ, дӯстӣ ва бародарӣ меноманд. Дар муддати кӯтоҳ, миқдори муайяни кор дар ободонӣ ва азнавсозии шаҳр иҷро карда шуд. Дар ин давра, пойтахти Тоҷикистон ба як шаҳре табдил ёфт, ки ба ҳар як нафари ин ҷо аз гӯшаи ҷаҳон омада ҳаловати ҳақиқӣ бахшад. Дар шаҳр биноҳои нав, хиёбонҳо, гулгаштҳо ва фаввораҳо сохта шудаанд. Маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон» бо пайкараи Исмоили Исмонӣ дар майдони «Дӯстӣ» бино карда шуд.
Ҳамчун давлати соҳибистиқлол Тоҷикистон бомуваффақият бо мамлакатҳои хориҷ дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат ва иқтисод ҳамкорӣ менамояд. Дар ин ҷабҳа, ба ҳамкорӣ бо институт ва идораҳои пешбарандаи байналмиллалии молиявию иқтисодӣ: Фонди байналхалқии асъор, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигарҳо таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Ба Душанбе роҳбарони давлатҳои Руссия, Украина, Беларусия, Латвия, Хорватия, Туркия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова, Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Яман, Полша ва дигар давлатҳо ташриф оварданд. Тоҷикистон кишвари бо меҳмоннавозӣ сарони давлат ва намояндагони созмонҳои байналмиллалиро истиқбол мегирад.
Лаҳзаи таърихӣ дар ҳаёти пойтахт ин ташрифи Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан мебошад.
Душанбе бо шаҳрҳои дунё: Санкт-Петербург (Россия), Лусака (Замбия), Монастир (Тунис), Сана (Яман), Клагенфурт (Австрия), Лахор (Покистон), Боулдер (ИМА), Урумчӣ (Хитой), Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон ва Шероз (Эрон), Минск (Беларус), Анқара (Туркия) бародаршаҳр мебошад.
Дар баробари ин, пойтахти Тоҷикистон аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ОГМВ), Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП) мебошад.
Дар Душанбе намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Фонди байналхалқии асъор ва дигар институтҳои байналмилалии бонуфуз, корпуси дипломатии давлатҳои хориҷӣ мустақар мебошанд.
Бо иштироки сарони давлатҳо, намояндагони расмӣ, арбобҳои сиёсӣ, намояндагони тиҷоратии ҷаҳонӣ, конфронсҳо, симпозиумҳои байналмилалӣ ва мулоқотҳо доир ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра гузаронида мешаванд.
Чорабиниҳои муҳим ба монанди: 1100 солагии давлати Сомониён (1999), вохӯрии сарони давлатҳо-аъзоёни Созмони Ҳамкории Шанхай (2000), Симпозиумҳои байналхалқии «Таҷрибаи таърихии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон» (2001), «Аҳамияти байналмилалии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ва нақши он дар такомули назария ва таҷрибаи давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002). Чорабиниҳои сафарии Ассамблеяи байнипарлумонии иттиҳоди иқтисодии Авроосиёӣ (2002), Нишасти Шӯрои Созмони Ҳамкории байнидавлатии Осиёи Марказӣ (2003), Бозиҳои V-уми Осиёи Марказӣ (2003), Нишасти Сарони давлатҳо - иштирокчии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (2004), Форуми сеюми байнипарламентии «Тоҷикистон - Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» (2008), конфронсҳои бонуфузи илмӣ-таҷрибавӣ, рӯзҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ва ғайра ба ин қабил маҳсуб меёбанд.
Соли 2003 дар таърихи пойтахт саҳифаҳои навро кушод. Дар ин ҷо, рӯйдоди муҳим - Форуми Байналхалқии Душанбе оид ба оби тоза баргузор гардид, ки дар он аз 50 кишвар ва ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат варзиданд.
Душанбе, ҳамчун пойтахти кишвар тӯли 85 сол дар давраҳои душвортарини таърихи рушди мамлакат пойдор монда, пешсафи иқдомот ва таҳаввулоти бузурги сохти давлатдории навину ягона ба ҳисоб меравад.
Дар Душанбе фаъолияти худро Президенти кишвар, Парлумон, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомотҳои марказии сохторҳои давлатӣ амалӣ месозанд.
Шиносоии меҳмонон бо шаҳр одатан аз бозорҳо оғоз мегарданд. Бозори шарқӣ – дунёи афсонавӣ ва пурасрор аст. Бозор на танҳо бо хоҳиши харидории ашёҳои зарурӣ, балки бо файзу неъматҳои фаровони сарзамини мо касро ба худ ҷалб менамояд.
Душанберо бе чойхона тассавур кардан мумкин нест. Дар пойтахт шумораи онҳо хеле зиёд аст. Чойхонаи «Роҳат» яке аз ҷойҳои истироҳатии калонтарин ва серодам барои меҳмонон ва сокинони шаҳр мебошад.
Осорхонаҳои Душанбе ҳамоишҳои беназири арзишҳои таърихӣ ва фарҳангиро фаро гирифтанд. Онҳо барои мо саҳифаҳои ҳаёти халқи тоҷикро дар марҳиллаҳои мухталифи таърихи он боз мекунанд. Осори қадимтарин роҷеъ ба маскунияти одамон дар ин ҷойҳо то замони мо аз давраҳои палеолит – асри сангин боқӣ мондаанд. Ҳанӯз миллион сол қабл аз ин гузаштагони мо истифода бурдан аз самараҳои замини пурбаракатро омӯхтаанд, ки дар ин бора нигораҳои аз давраи неолит боқӣ монда шаҳодат медиҳанд.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи К.Беҳзод, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии этнографӣ моро бо фарҳанги моддӣ ва маънавӣ шинос менамоянд, инчунин масъулияти марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангӣ-равшанфикриро бар дӯш мегиранд.
Ташкилотҳо ва корхонаҳои шаҳр, новобаста аз шакли моликият, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ масъулияти ба истифода додани 80 иншооти ҷашниро бахшида ба 80-солагии пойтахт ба зиммаи худ гирифтанд. Ба иншоотҳои беназири ҷашнӣ «Боғи фароғатии «Пойтахт-80», марказҳои тиҷоратӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва компютерӣ, биноҳои маъмурӣ, биноҳои истиқоматӣ ва хизматҳои маишӣ, маркази тандурустиро метавон шомил намуд.
Ҳамзамон, биноҳои Қасри Миллат, Боғи устод Рӯдакӣ, меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Азиягрант», «Hayattregency», нахустин Маркази Исмоилия дар Осиёи Марказӣ, сафоратҳои хориҷӣ, бонкҳо ва садҳо дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим қомат афрохта, баҳри хизматрасонии сокинону меҳмонони пойтахт фаъол гардидаанд.
Намои меъмории Душанбе пайваста мавриди таҷдид аст. Ин ҷо дар асоси сиёсати шаҳрдорӣ ва фазои ҳуқуқӣ имкониятҳои васеъ барои сармоягузории ширкатҳои ватанию хориҷӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар ташаббуси созанда аз ҷониби шаҳрдорӣ пазируфта мешавад ва пайваста қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу таъиноти гуногундошта баёнгари ин сиёсат аст.
Имрӯз Душанбе бо суботу осудагии худ миллионҳо сармояи хориҷиро баҳри бунёди иншооти мухталиф аз худ менамояд, ки дар ин самт саҳми ширкатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Хитой, Туркия, Ҳиндустон, кишварҳои Араб, Кореяи ҷанубӣ ва Хазинаи Оғо Хон муассир мебошанд.
Бо шарофати ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ, пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди илм ва фарҳанг шаҳри мо боз ҳам зебо ва дилписанд гардидааст.
Табиати афсонавии Тоҷикистон, осорхонаи зебоеро зери осмон мемонад. Дар сарзаминии мо зиёда аз 150 мӯъҷизоти табиии нодир мавҷуданд, ки ҳамтои худро дар ҷаҳон надоранд. Яке аз мӯъҷизоти табиӣ – «Кони Малики Суғд» - гудозаи зеризаминии водии Яғноб, ки ҳазор сол фурӯзон аст, нишонаҳои афтиши метеоритҳо дар Помири Шарқӣ, аксҳои динозаврҳо дар санги дараи Шеркент таърихи ҳазорсола дошта, яке аз зуҳуроти нодиртарини табиат ба шумор мераванд. Замини Тоҷикистон аз чашмаҳои ҷӯшон, ба монанди чашмаи Гармчашма (дар баландии 2325м), шаршараҳои кӯҳӣ, кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин ғанӣ аст. Ба ҷойҳои тамошобоби табиии Тоҷикистон боғи шикорӣ-мамнӯъгоҳи Искандари Мақдунӣ дар болооби Зарафшон ва Кӯли Сарез (дар баландии 3239м), ки яке аз ҷавонтарин офаридаҳои табиӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Бо зебогии хоса бошад атрофи пойтахт тафовут дорад, махсусан дараи Варзоб, ки пойгоҳи асосии сайёҳати кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ ва варзиши лижаронӣ дар ин мавзеъ ҷойгир аст. Варзоб аз канданиҳои фоиданок бой аст, дар ин ҷо якумин қатори нерӯгоҳҳои барқӣ, ки солҳои 30-юми қарни гузашта сохта шудаанд то ҳол ба хонахои одамон равшанӣ медиҳанд.
Варзоб - макони чарогоҳҳои беканор аст. Чашмаҳои дарёи Варзоб аз пиряхҳои теппаҳои Ҳисор сарчашма мегиранд. Шумораи чунин манбаъҳои хурду калон аз садҳо зиёданд, ки баъзеашон то ҳанӯз ҳатто номгузорӣ нашудаанд.
Доманаи Ҳарамқули водии Варзоб, «Қутби боришот» дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта макони пайдоиши тармаҳои барфин дар кӯҳҳои Тоҷикистон мебошад. Ҳавзаи Варзоб захираҳои ғании оби ошомиданӣ ва маъданӣ, хусусан нарзанро нигоҳ медорад.
Оби ҷӯшону радонии Хоҷа-Обигарм ин водиро шӯҳратманд намуда, табобатгоҳи Хоҷа-Обигарм, ки дар баландии 1800 метр ҷойгир шудааст, берун аз ҷумҳурӣ шӯҳрати беандоза дорад. Ин табобатгоҳ яке аз он муассисаҳои тандурустии дунё ба ҳисоб меравад, ки он ҷо бо буғи оби радонӣ табобат менамоянд. Беморони зиёд, ки умеди шифоёбии саломатии худро гум карданд, дар ин ҷо умри дубора дарёфтаанд.
Меҳмонони гиромӣ! Ин Сомона Шуморо бо таърих ва ҳаёти имрӯзаи пойтахти Тоҷикистон ошно сохта, ҳамчун роҳбалад дар хиёбонҳову боғҳо ва майдонҳо хизмат намуда, ба Шумо рӯҳбаландӣ ва табъи хуш мебахшад.

Flower Flower Flower Flower Flower Flower
Интихоби забон
    --
Хаво дар Душанбе

 

Курби асъор
Таджикских сомони Таджикский сомони валюта Таджикистана
(RUB)//-//
(CHF)//-//
(GBP)//-//
(EUR)//-//
(USD)//-//
(INR)//-//
(JPY)//-//


Исмоили Сомони Ахрори 107
Тел:919-14-06-60, 93-515-71-69
E-mail: gwjoko@inbox.ru
Copyright © 2012 Хусайнов Абдурахим