Қаҳрамонон |
Мирзо Турсунзода
Тарҷумаи ҳол Мирзо Турсунзода соли 1911 дар деҳаи хушманзараи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш, усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин води буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи у қашоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки Мирзо соҳиби хату савод шавад. Мирзои хурдсол чанде дар назди муллои деҳа таҳсил кард. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябри Кабир, ба рӯи мардуми камбағал дари бахту саодат ва илму маърифат кушод. Дере нагузашта дар Қаратоғ мактаби нави Советӣ ташкил ёфт ва Мирзо аз ҷумлаи аввалин талабагони он гардид. Дар солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсили худро давом медиҳад. Дар солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи педогогӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода дар солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошкент хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар аст, бинобар ин беҳтарин сахифҳои эҷодӣ ба Ватан ва мардумони он бахшида шудаанд. Хизматҳои Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири пешқадами замон бо мукофотҳои Давлатӣ ва Ленинӣ қадр карда шудаанд. Ӯ сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардидааст. Соли 2001 барои хизматҳои адабӣ, ҷамъиятӣ ва давлатиаш ба ӯ унвони қаҳрамони халқи Тоҷикистон дода шуд. ЮНЕСКО қарор қабул кард, ки 90-солагии устоди назм Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон ва дар тамоми дунё чашн карда мешавад.
- Аксҳо
- Наворҳо
- Мусиқи
- Душанбе
- Вилояти Суғд
- Вилояти Хатлон
- Вилояти М.К.Бадахшон
- Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
- Китоби дархостҳо
Вилоятҳои Тоҷикистон
Алоқа
Пурсиш
Сайти маро баҳо диҳед!
ОБУ ҲАВО
Қурби асъор