http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj http://www.cit.tj  
  1. Пайкараҳо
 
  1. Ахбор

 
 
  1. Сарпарастон
Babilon - T

Babilon - M

 
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ғазалҳои Лоиқ Шералӣ (овози аслӣ дар шакли mp3)

Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ кучоӣ.mp3
ҳаҷмаш: ~ 1350 kb - 1.3 mb
Ғарқи дарёи ғамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?
Як қалам шакку гумонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Гӯям ар, сӯзад забонам, варна сӯзад устухонам,
Дар замона безамонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Нашъаи суре намонда, ламъаи нуре намонда
Дар замину осмонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Мурдаҳо бегӯр монда, зиндаҳо бешӯр монда,
Хокдон шуд хонадонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Дурбину дурандешон ҳама бар хок рафтанд,
Ман барошон гӯрбонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Рӯзу шаб тобут бар дӯш, бори сад камбуд бар дӯш
Сӯи гӯристон равонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Ҳар куҷо як муштзӯре, ҳар қадам сад қаҳрамоне,
Қаҳрамони бенишонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Ҳар куҷо соҳибкамоне, нест як соҳибқироне,
Дар камини сад камонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Хок шуд омоҷгоҳе, зиндагӣ шуд боҷгоҳе,
Сухраи суду зиёнам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Як тараф дарюзаҷӯӣ, як тараф шерозаҷӯӣ
Ман ғами дил мекашонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Гаҳ ба муши мурда рӯй орам, гаҳе бар гурбаи маст,
Асли худро менадонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Корвонҳо дур рафтанд, аз раҳи маъмур рафтанд
Гарди роҳи корвонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Канда тори шоҳрудам, мурда ёри ҳамсурудам,
Ман дигар бо кӣ бихонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Ҳиммате, эй корвонкаш, то мабодӣ корвонкуш
Аз ҳалокат деҳ амонам, роҳи ободӣ, куҷоӣ?

Лоик Шерали


  1. Интихоби забон
  1. Оё шумо медонед?
Термин "виртуальная реальность" впервые был предложен в 1983 г. программистом Жароном Ланьером.
Дар бораи мактаб| Маводҳои таҳсилӣ| Корҳои мо| Пайвандҳо| Форум| Роҳнамои саҳифаҳо|