|
ШОИРЕ БУД АЛОВДАСТА Вақте ки асари адиб Мирзо Қосим дар бораи ҳаёту оҷодиёти Ҳабибулло ба даcnи хонандаи худогоҳ мерасад, сад дареғ, худи муаллиф ҳам чун қаҳрамони дӯстдоштааш ин ҷаҳонро барвақт падруд гуфтааст. Аммо қадрдонию шинохти адиб адибро воқеаи хеле ва хеле фараҳбахш аст.
Зиндагии шоирон, умуман адибон, дар ихтиёри замону муҳити онҳост. Онҳо, ки бештар аз ҳама ва амиқтар аз ҳама набз ва рабти замону муҳитро эҳсос мекунанд, зиёдтар ба ҳаячон меоянд, аз гармию хунукии муҳит зиёдтар азоб мекашсшд, наметавонаид бетарафу бепарво бошанд. Чун ҳар соату ҳар рӯз дар пусту устухони худ, дар магз андар магзи ҷони худ дарди ҷонгудози захми наштори замонро мебинанд, мешӯранд, газаболуд мешаванд ва бо қалами худ, сухани буррои худ қиём мекунанд. Қиёми онҳо ба замон созгор намеояд, замондоронро нороҳшп мекунад, айшашонро мунаггас ва комашонро талх мегардонад. Одам, ки табиатан худхоҳу худбин аст, наметавонад ин ҳамаро таҳаммул кунад ва бо қаҳру газаб мушт мебардораду мезанад ба сари гайримаъқулаш. Ва ин мушти гарон аксари вақт ба сари аҳли адаб мефарояд, чаро киу ба ноҳамвориҳои замон ва муҳит муросо намекунад, чаро ки чашми ҳамабин дораду дшш дардошно.
Ҳабибулло Файзулло ҳам, ки гӯё ҳамин дирӯзакак дар зодгоҳаш Ховалинги биҳиштосову хушманзара панҷоҳсолагии зодрузашро бо тамоми шаҳомат вахотирмон ҷашн гирифта будему ҳоло дар такопӯи ҷашни шастсолагиаш ҳастем, чун шоир фарзанди замону муҳити худ буд. У чун инсон покдилу покният ва саропо меҳру шафқат буд ва чун шоир шӯридадилу беқарору сарбаланд. Аз меҳрубониҳои замон ва одсшони некаш ҳаловат мебурд, чуноне ки ошиқ аз дидори маъшуқа обу адо мешуда бошад, вале пеши рӯи носозгориҳои замона ва одсшоии номафулаш тугён мекард чун баҳр ва попархам меистод чун кӯҳҳои Тоцикистон. Хеле ва хеле ҳассос буд ва пастиву баландии зиндагиро хуб мефаҳмид. Бо шеър васфи диёру ёри нозанин мекард ва бо рафтору кирдор бо за.чону одамоыи каҷрафтору сифлааш даст ба гиребон мешуд. Зиндагиаш дар чанголи замон буду муҳити печ дар печ.
Замон зиндагиашро сӯҳон мекирду шеър хишт-хишт бинои умрашро комил ва пойдор мегардонд. Ва будсшду ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳамаро мебинанду баробари шоир азият мекашанд. Бурду бохти шоирро пай бурдан, ҳамчун худи шоир ба ҳоли замону одамонаш хандидану гириста тавонистан чп қадар бахти бузург аст. Шоирро, умуман аҳли адабро шинохтану кашф кардан кори осон нест. Шоирро аз худи дунёи шоир бояд ҷуст. Зиндагии шоир у.ири шоир нест. Шоир зиндагп намекунад, балки умр мебинад ва ҳаррӯзаш даҳҳо сол умрашро дарозтар мекунад. Умри шоир умри халқаш аст. Халқ ҷовидонист чун шеьру каломи шоири ҳақиқп. Муаллифи ин китоб, ки ҳоло хонанда дар даст дорад, бо ҳамин ният хомаронп кардааст. Мирзо Қосим, ки Ҳабибулло Файзуллоро аз огози фаъолияти эҷодиаш хеле хуб мешиносад, нияти таҳлилу кашфи мазмуну мундариҷаи ашъори адибро накардааст. Кӯшидааст, ки Ҳабибуллоро ҳамчун инсон ба хонанда муаррифп кунад. Кашфи чунин як инсон, ки чидду ҷаҳд ва талоши зиндагп дорад, шикаст хурад ҳам, маглуб намешаеад, роҳи пурпечу пгобаш. рӯ ҷониби муроду мақсади муайян аст ва, чы тавре гуфтем, ҳар рӯзу соат умрашро дароз ва безавол мегардонад, пандест барои дигар инсонҳо.
Асари Мирзо Қосим дар бораи Ҳабибулло Файзулло китоби ёддоштиап. Хеле самимп ва шавқовар қаламдод шудааст ва хонанда онро бо ҳавасу ҳавсалаи зиёд мутолиа мекунад. Ногуфта намонад, ки чуноне муаллифи ин сатрҳо медонад, хислату гиру мони мусаннифи китоб Мирзо Қосими шоир ва носир дар зиндагп бо қаҳрамонаш Ҳабибуллои шоир хеле монанд ҳам ҳаст. Дар боби одаму одамгарп, меҳмондорп, олиҳимматп, мардигарию номусдорй, паи иҷрои мақсад то охир талош кардан, сар додану сир надодан, хиёнат накардан ба дӯст, посдории амонат ва гайра ҳарду аз як кундаанд. Ҳамин аст, ки китоб бештар ба нуктаҳое такя мекунад, ки хоси шахсияти муаллиф ва қаҳрамони ӯст.
Китоби равоншод Мирзо Қосим, бегумон, тӯҳфаи арзандаест ба ҷашни фархундаи шастсолагии Ҳабибулло Файзулло ва папвандони ӯ. Арзанда аст, ки дар бораи Ҳабибулло минбаъд ҳам китобҳо навишта шаванд, то ёду хотираи ӯ абадп боқп монад. Феълу хислати Ҳабибулло метавонад дар зиндагп ба ҷавонони ҳозираи тоҷик, билхоса адибони ҷавои, дарси ибрат гардад, то онҳо гурури матини худшиносп дошта бошанд. Ӯ шоире буд аловдаста.
Шоҳмузаффар ЁДГОРЙ
дигар >> |
|