Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Осор
ЁДГОРИ УМР
Шаст сол муқаддам дар мавзеи зебоманзари Ховалинг, аввали баҳор, 15 марти соли 1945 тифле ба дунё омад, ки уро падару модари деҳқонзодааш Ҳабибулло номгузорї карданд. Бо сад умеду орзу хоҳони он буданд, ки фардо ба воя расаду дастгирашон шавад ва номбардори онҳо бошад. Оре, аҳли оила баробари дигар фарзандони накӯномашон Ҳабибуллоро ҳам хуб тарбия намуданд ва хононданд. Солҳои тифливу ҷавонї паси сар шуданд. Ҳабибулло Файзулло ибтидо дар шаҳраки Ховалинг хонд, босавод шуду нишгоҳи давлати... идома >>
ДУСТОН, ЁДИ ШУМО БАЗМ МАРОСТ
ЁДНОМАИ ХАБИБУЛЛО ФАЙЗУЛЛО
Дар ба ҳори соли 1961 маро сафари кӯҳистон иттифоқ афтода буд. Дар Ховалинг навҷавони қишлоқие маро дар кӯча дида ба сӯям омад, шармгинона саломам дод, худро шиносонд. Ӯ барои тамом кардани синфи даҳум ба Кӯлоб рафта, дар ин шаҳр мехондааст ва ҳам дар газетаи районӣ мусаҳҳеҳ (коррек-тор) шуда хизмат мекардааст. идома >>
ЁДГОРИ ДИЛ
Эй хома, зи рози дилам ого ҳ шуди
Ману Ҳабибулло ҳамсолем. Вақте ки ӯ шоирн машҳур буд, ман ҳанӯз аз пайи чоп кардани шеърҳои аввалинам будам. Ҳеҷ як маҷлиси садорат, ҳеҷ як анҷумани нависандагон, ки он вақт таҳти раёсати устод Мирзо Турсунзода мегузашт, бе ёдоварӣ аз шеъри Ҳабибулло мурур намекард. Номи ӯ ҳамеша дар радифи номи Лоиқ, Қутбй Киром, Ғоиб Сафарзода, Мастон Шералӣ қарор дошт. идома >>