Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)
Аз сарзаминҳои ногушуда

Ҳангоме, ки сухан аз шеъру шоир дар миён аст, нахустин суоле, ки ба зеҳн мерасад ин аст, ки ин даста аз мардумро, ки шоирашон хондаанд, чи афзалияту манзалатест, ки аз дигарон мутафовиташон месозад. Мардумони дигар дар хилоли рӯзгори худ хоставу нохоста ба ин тоифа бархӯрд мекунанд, аз офаридаву нигоштаи онҳо лаззат мебаранд ва гоҳо баъд аз қироати порашеъре як орзӯи ҳасратолуде дар ботини эшон пайдо мешавад, ки эй кош онҳо ҳам метавонистанд мисли шоирон сухан бигӯянд, дунёро мисли онҳо бубинанд. Воқеан, ҳайратангез аст, ки мо ҳама дар як обу ҳаво танаффус мекунем, дар синаи як сарзамин зиндагӣ мекунем, аммо диди мо, сатҳи талаққӣ ва бардошти мо аз муҳити перомун, мазоҳири зиндагӣ аз диди шоирон комилан фарқ мекунад. Ағлаб дар ҷавори мо, пешорӯи мо чизҳое ҳастанд, ки мо вуҷуди онҳоро эҳсос намекунем ё зуҳури онҳо таваҷҷӯҳи моро ҷалб намесозад. Вале шоирон ин мавҷудоти пешипоуфтодаро нодида намегиранд ва ҳангоме, ки бо шавқу шӯр саргузашту ҳастии онҳоро ҳикоят мекунанд, мо таконе дар ботин эҳсос мекунем ва гоҳо ангушти надомату пушаймонӣ бар лаб мениҳем, ки чаро мо қаблан манзараи тарсимкардаи эшонро надидаем . Бале, дасти ҳамагири шоир аҷзои мухталифро ба ҳам пайванд медиҳад ва чунин манзараҳои маҷзубкунанда месозад. Аз ин дидгоҳ агар ба суоли «шоирон кистанд?» посух биҷӯем метавон гуфт, ки шоирон мусофирони сарзаминҳои ногушуда, биёбонҳои сӯхтаи роҳгуманд. Дар ин мусофират эшонро на роҳбаладест, на барномаи сафари аз пеш таъиншуда ва на ҳадафу мақсади мушаххасе.
Танҳо зеҳни эшон аст, ки онҳоро ғайриихтиёрӣ ба нуқоти гуногун ба тамошо мекашонад. Дар оғози ин мусофират худи шоир намедонад, ки ӯро чи манозире дар пеш аст. Куҷо таваққуф мекунад, бо кӣ дидор мебинад, аз чи сарчашмае об мехӯрад, барояш маълум нест. Тааҷҷуб аст, ки дар ин сафар ӯ ҳамроҳу роҳтӯшае ҳам надорад. Танҳо вожагон ҳастанд, ки дар кулабори зеҳни ӯ мунтазири пайванду иттисоланд. Пайванду иттисол , ҳамдӯшиву ҳамхонагӣ бо вожагоне, ки шояд бо ҳам ҳаргиз ҳамҷавору ҳамсоя ва мусоҳиб набуданд. Маҳз, зеҳни зояндаву чашми ҳамабини шоир аст, ки дар лаҳазоти ҳассос тасмим мегирад, ки кадом вожаро ба куҷо ва бо чи калимае якҷо биншонад, ҳамхонавода созад то мазмуни тоза, маънии бикр, арзи вуҷуд намояд. Ин лаҳзаи пайванд ниҳоят ҳассос ва зудгузар аст. Ба қавли Нимо Юшиҷ ин кор «лутфу завқ мехоҳад». Инҷо гузиниш, интихоби дурусту саҳеҳу ҳунармандонаи калимаҳо ниҳоят муҳим аст. Ин лаҳзаи офариниш аст, лаҳзаи зодан аст. Офаридану зодани сухани баланд, шеъри баланд, ки дар навбати худ ба ҳар шоире ҳам муяссар нест. Аз ин нигоҳ, Ҳабибулло Файзулло шоири фақиди тоҷик ҳунарманди муваффақ буд. Ҷанбаи тахаюл дар ашъори ӯ ниҳоят қавист. Пойи зеҳн, чашми заррабини вай ба сарзаминҳое расида, ки касро ба ҳайрат меоранд. Шеъри ӯ шӯру мавҷу талотум дорад, аносири табиат, зиндагии мардумони деҳ дар ҳар саҳфаи ашъораш мавҷ мезанад. Албатта, ҳар касе тибқи завқу салиқа, дилбастагиву масоили мавриди алоқаи худ даст ба домони девони шоирон мезанад ва аз шеър кӯмак мегирад. Агар гурӯҳе дар дунёи пуршитобу фарози шеър ҷавонии хешро ҷустуҷӯ кунанд, дастаи дигар орзӯ доранд дар вуҷуди абёт, дар оинаи шеъри шоирон нишоне аз симои дӯстдоштании модару падари худ пайдо кунанд. Бархе дигар китоби шеър ба даст мегиранд, то мазоҳири шигифтангези табиатро назора кунанд. Орзӯҳо, таваққӯъ ва интизориҳо аз шеър сершумору мухталиф аст ва қобили шумор ҳам нест. Мақсуди мо таъкиди ин нукта аст, ки мероси ҷавонии Ҳ. Файзулло машҳуни ин ҳасанот аст ва ҳар ниёзманде метавонад аз шеъри ӯ эҳтиёҷоти хешро бароварда созад. Албатта, дидаҳову офаридаҳои ӯ аз ҳар нигоҳ зиёданд. Ҳунари шоирии вай вижагиҳои хос дорад, ки дар ин мухтасар мо ба баъзе онҳо ишора мекунем. Ҳабибулло ошиқи сарсахти табиат буд. Ин аст, ки тарсиму бозтоби аносири табиат дар шеъри ӯ ниҳоят муассиру ҷаззоб аст.
Махсусан, шеърҳои ӯ аз таркибҳои тоза, ташбеҳоту истиороти бикр лабрез аст. Дар миёни ашъори ӯ шеърест мавсум ба «Баргҳои тирамоҳ». Мазмуни шеър ба таври умум тасвири ҳолати равонии инсонист. Воқеияти зиндагист, ки дар ҳар як фасле аз сол одамӣ мафтуни мазоҳиру саҳнаҳои дилангези табиат ба ёди фасли баъдӣ мерасад. Дар шеъри ёдшуда шоир айнан ҳолати мавсуфро тарсим мекунад. Зимни васфи зебоиҳои тирамоҳ ёде аз баҳорон мекунад.