Зиндагинома
Ҳабибулло Файзуло 15 – уми Марти соли 1945 дар оилаи бобои Файзулло дар шаҳраки Ховалинг ба дунё омадааст. Ховалинг яке аз ноҳияҳои кӯҳсору бонуфузи води Хатлон мебошад. Ин сарзамин ҳама вакт дар чаҳор фасли сол сарсабзу зебо ва ҳамешабаҳор аст. Мавзеьҳояш сердолударахт ва чинорҳояш азиму осмонбусанд. Дар ин мавзеь ҳанӯз фасли сармо ба итмом нарасида, аввалин нишонаҳои баҳор – гӯлҳои наврӯзи аз замин неш зада баромада, зебу зинати талу теппа, кӯҳу дара ва раҳу рӯмегарданд. Ҳабибуллои шӯхтабъу шеърдӯст зодаи ана ҳамин фасли арӯси сол аст. Овони кӯдакию ҳашт соли мактабхониашро дар ҳамин мавзеъ гузаронида, пас барои гирифтани касбу ҳунар ба шаҳри Кӯлоб рафтааст.
Ӯ ҷавоне буд ба завқу бо салиқа ва бо иродаю нангу номус. Дар зиндагӣ азобу азият кашида, касе ӯро аз нияташ гардонда натавонистааст. Чунон ки бе хоҳиши худба омӯзишгоҳи тиббии шаҳри қӯлоб ҳӯҷҷат супорида дохил шудааст. ҳатто якуним сол Хонда бошад ҳам, азбаски таҳсил мақсаднок набуд, орзую иродаашба ин монеъъ гардид. Шавқу завқҳисси шеъру шоирӣ, адабиетдӯсти то рафт авҷ гирифт ва ба сӯяш кашид. Сабаби дигар, Ховалинг нисбат ба Кӯлоб мавзее буд назарногир.камодам ва нообод. Акнун ҳабибуллоба ҷое, ба шаҳре омада буд,ки он марказӣ илму фарҳанг ба ҳисоб мерафт. Ин ҷо қариб ду – се рӯз пас рӯзномаи вилоятӣ мебаромад, ки дар атрофии он адибони соҳибдевон, ҳунармандон, журналистону мухбирони коргару деҳқон ҷаъм омада буданд. Дар шаҳр толибилмону одамони бофазлу ҳунар низ кам набуданд. Акнун ҳабибулло аз доираи як деҳи назарногиру дурдаст баҷое омада буд, ки шароити зиндагию маишат ва маданияташ нисбатан баланд буд. Шояд ин сабаб гардид, ки ҳабибуллои ҷавон омӯзишгоҳи тиббиро тарк кард. Бахости худаш ба доираи одамони нисбатан ба ҷаъмият наздику тарғиботчи ҳамроҳ гардид. Яъне, ӯро ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба рӯзномаи «ҳақиқати Кӯлоб» ба кор гирифтанд. ҳабибулло бо рӯзнома алоқаи наздик дошт. Агар солҳои пеш аз Ховалинг хабару мақолаҳо мефиристод, акнун ин ҷо худаш ба идораи рӯзнома меомад. Бо ходимони адабӣ аз наздик шинос шуда, алоқаи дӯстӣ барқарор кард.
ҳабибуллои ҷавон бо рӯзноманигорони шинохтаю ботаҷриба, ба доираи калони аҳли қалам ва бо сармуҳарири рӯзнома шинос гардид. Журналистони хайрхоҳ дар замири ҳабибулло гӯё кимчизе пайхас карда бошанд, беқарорию кунҷковӣ , ошкоргӯию дидадароии ӯро меписандиданд.
ҳабубулло дар идораи рӯзнома танҳо бо хабару мақоланависӣ қонеъ нагардид. Талош дошт худро дар эъҷоди шеъру шоири нӣз нишон диҳад. Ин албатта, дар замири ҳабибулло то ба шаҳр, то ба Кӯлоб омаданаш падидор гардида буд. Яъне, то синфи ҳаштум дар Ховалинг хонданаш шеър машқ мекард,вале аз ӯ шеъре ба табъ нарисида буд. Доираи адибону рӯзноманигорони Кӯлоб ба ин ҷодаи фаъолияти эҷодии Ҳабибулло таъсири бузург бахшид. ӯ ҳамчунин кор карда, шабона дар мактаби миёнаи коргарҷавонон мехонд.
Ҳабибулло ҷавони соҳиби шавқу завқи баланде буд. ӯ аз ин ифтихор мекард ва ин ба ӯ тамоми умр ҷуръту ғурур бахшидааст. ҳамон солҳо ҳабибулло бе ҳеҷ истиҳолаю ҳарос бо як дафтар шеър ба назди сармуҳарири рӯзнома даромад. Сармуҳарир шахси аз шеъру шоирӣ ва илму фарҳанг бохабар, ашъори навқаламонаи ҳабибуллоро хуш қабул кард. Мутолиа намуду пас барои ба чоп тайёр кардан чанд шеъри ӯро тавсия намуд. Дар яке аз шумораҳои рӯзномаи вилоятии «ҳақиқати Кӯлоб» шеъре, мисраҳои шогирдонае ба табъ расиданд, ки муаллифашон ҳабибулло Файзулло буд.
Баъд аз се сол ҳабибулло мактаби коргарҷавононро хатм кард ва таҳсилро дар донишкадаи олӣ идома доданӣ шуд. Он солҳо барои пешрафти фаъолияти эҷодӣ ва тахсил дар пойтахт ба ҳабибулло вохӯрие сабаб гардид. Вохӯрӣ ин тавр рух дод. Яке аз рӯзҳои баҳори соли1961. ҳабибулло чун дигар сокинони шаҳраки Ховалинг шунид, ки аз марказ, аз шаҳри Душанбе нависандаи маъруф Сотим Улуғзода омадааст. Омадааст, ки дар бораи Восеъ ва корнамоиҳои вай роман нависад. Ба ин хотир устод Ховалингу Балҷувон, Дараимухтор ва дигар мавзеъҳои таърихииҷангии Восеъро дидан мекард. Дидаву шунидаҳои пирону калонсолонро навишта мегирифт.
Албатта барои ҳабибулло барин ҷавони хушсалиқаю адабиётдӯст ташрифи чунин як нависандаи муътабар ба ин мавзеъ мувофиқи мақсад буд. ҳабибулло инро хеле хуб мефаҳмид ва устод Сотим Улуғзодаро ёфта ба ӯ роҳбалад шуд. Бале, ба ҳабибулло ҳам барои устод роҳбаладҳо буданд, вале роҳбаладии ин ҷавони кунҷкову шоиртаъб муамою гиреҳҳои зиёдеро кушод. Алалхусус, он солҳо пирамардон метарсиданд, шунидаву дидаҳояшонро нақл кунанд. ҳатто худро аз одамони ғайру кормандони идеологӣ ва ҳизби дар канор мегирифтанд. ҳабибулло.ки худ зодаи ин сарзамин асту ҳамаро мешиносад, киҳо азҷанги Восеъ ва воқеахои он солҳо огоҳ аст, устод Сотим Улуғзодаро ро ба ин ҳавлӣ мебурд. Анна ҳамин одамдонию одамшиносӣ. Зиракию боҷуръатии ҳабибулло ба устод маъқул гардид.
Устод Сотим Улуғзода дар ин сафари эҷоди бо худ ҳамсафари беминат, завқи шеъру шоири доштаеро дарёфта буд. ҳабибулло низ бо беқарорию шӯхтабиатӣ, бо зиракию ошкоро боре асрори қалб, мақсаду мароми худро кушод. Арз кард, ки шеър менависад ва ҳатто чанд шеърашро ҳам ба устод Хонд. Устод аз созу сӯзиҷавони, аз миени сатрҳои нимхому носуфта. Мушоҳидаҳои борики шоиронае ё ташбеҳи тозаву обдореро шунид. Дар замири дил нигоҳ дошту баъди хатми сафари эҷодӣчанд шеър ва сурати ҳабибуллои ҷавонро бо худ ба ушанбе гирифта бурд.
Чашминтизории ҳабибулло дер давом накард. Устод Сотим Улуғзода чанд шеъри ҳабибуллоро бо сураташ дар матбуоти ҷумҳури чоп кунононд. Ба эҷодҳои навшогирдонаи ҳабибулло пешгуфтор низ навишта буд. Ин. Албатта, барои ҳабибулло барин навқалами ҷавон муввафақияти калону дуои хайре буд барои оянда.
ҳабибулло аз хусуси он рӯзҳои сафари эҷодии устод Сотим Улуғзода дар
« Шиносоӣ бо устод « ном мақолааш ин тавр изҳор намудаас : « Манн назди устод аввалин шеъри худро, ки ба модар бахшида шудааст, Хондам:
Ин қадар дар васфи ту бисёр мебошад суруд,
Ин қадар ҳам меҳри ту пурчӯш мебошадчу рӯд,
Ин қадар дар васфи ту гуфтанд одамҳо дуруд,
Шояд аз ин рӯ, ки оварди ту инсон бар вуҷуд,
|
- Бисёр нағз, - таъриф карданд вабаъд илова намуданд, - аммо калимаи «дуруд» бемавқеъ омадааст ,.,»
Анна ҳамон солҳо, яъне соли 1961 ҳабибулло ба ушанбе омада, муҳассили факултаи таъриху филалогияи тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко гардид. Дар ин донишкадаи бузургу овозадор панҷсол Хонд, ҷаҳони маънавии худро бой гардонд ва дар зиндаги нисбвтан пухтаю ботаҷриба шуд.
ҳабибулло, ки аз кӯҳистони дурдаст ба пойтахт омада буд, зиндагиро дар марказ. Дар ин шаҳри бузургу сернуфус харруз ба таври дигар, бо ҷушу хурӯш медид. Дарҳои театру кинотеатр, маҳфилҳои шеъру шоирӣ, қасрҳои илму фарҳанг ба рӯи ӯ кушода буданд. ҷавоне чун ҳабибулло ташнаи илму дониш соҳибзавқ, аълохону ташкилотчӣ мекушид ҳама вақт дар ҳама ҷо ширкат намояд.
Ба доираи рӯзноманигорони ҷумҳурӣ низ шиносои дошт. Алалхусус, дар Рушду камоли фаъолияти эҷодии ҳабибулло дастгирии рӯзноманигорон – шоиру нависандагон кам нест. Хусусан солҳои муҳассилӣ ба ҳабибулло рӯзноманигорон – шоирон ғоиб сафарзода ва Шоҳмузаффар Ёдгори чун бародарони калонӣ маслиҳатгару мададгор буданд . Пайваста шэърҳояшро дар рузномаи ҷумҳурию донишкада ба чоп мерасонданд. Вале тамоми умр ягона устоду мураббии ғамхори ҳабибулло боз Сотим Улуғзода боқи мондаанд. ҳабибулло ба хонаи устод зуд – зуд рафтуомад мекард . На танҳо аз ҷаҳони маънавию илҳоми саршору меҳру муҳаббати инсондӯстиаш.балки аз ёрии модии ӯ ҳамеша бархурдор мегардид. Дар шахси ӯ мураббии бузургу тавонои худро медид. Ба замми он ки ҳабибулло худ ҷавони пешқадаму ӯҳдабаро ва ташкилотчи буд.
ҳабибулло, инчунин, хислетҳои хубу аҷибе дошт: инсондӯстиву дилсӯзӣ , меҳнатдӯстиву хайрхоҳӣ…Якке аз хислатҳои боз аҷиби ҳабибулло он буд, ки мехост ҳама вақт дар ҳама ҷо ҳозир бошад, ба ҳар кор аввалин шуда даст занаду намунагӣ нишон диҳад.
ҳабибуллопанҷсол самарабахш Хонд. Орзую омолаш дар ин маркази илму фарҳанг амалӣ гардид. Боз ҳам шеър навишту ҳам чоп кунонд. Ё худ кам шоире ёфт мешавад. Ки солҳои муҳассилӣ маҷмӯае ҷамъ карда дар шакли китоб ба табъ расонда бошад. ҳолон ки ҳабибулло аввалин чакидаҳои бо сад орзую умед таълиф кардаи солҳои донишандӯзиашро гирд оварда, соли 1966 соле, ки донишкадаро хатм намуд, бо номи «қатраи борон» ба таъб расонд. Ба маҷмуъа устод Сотим Улуғзода пешгуфтор навишта, дар ин роҳи мушкилу фахри дуои нек додаст : « Кам-кам дар ман нисбат ба шеърҳои ӯ мароқ ва таваҷӯҳе пайдо гардид: аз байни мисраҳои саҳлу нимхому носуфта гоҳ –гоҳ мушҳидаҳои борики шоиронае ё ташбеҳи тозаву обдоре, ё лавҳаи нафиси баромада мемонд. Инҳо ҷавҳари истэъдодро ошкор месохтанд… ӯба кӯшиши тамом дар адабиёт пайроҳаихоси худро меҷӯяд ва ҷустуҷӯяш бемуваффақиятнест.Вай рӯ ба камолот рафта истодааст…»
Хабибулло дар доираи шеъру шоирӣ андаке ҳам бошад, худро нишон дод. Нишон дод, Ки эҷод карда истодааст ва ин касби имрӯзаю фардои ӯ Буда,ба он хотир зиндагӣ мекунад.
Ҳабибуллоро баъди хатми донишкада ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» дар вазифаи мухбири калон ба кор гирифтанд. Баъди соле чанд ба рӯзномаи «Вечерний Душанбе» ба кор гузашт.
Охири солҳои шаст ва аввали ҳафтод дар ҷумҳурӣ як анъанае ба миён омада буд. Шоирону нависандагони ҷавон ва ҳатто миёнсолон барои гирифтани маълумоти олии адабӣ ба Маскав ба курси олии адабии назди Иниститути адабиёти ҷаҳонии ба номи М. Горький фиристода мешуданд. Соли 1971 дар ?атори чанде аз чунин адибон, драматургоону киношиносон шоири хеле ҷавону шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Файзулоро низ ба ин донишкада фиристоданд. ӯ ин ҷо ду сол таҳсил карда, на танҳо ҷаҳони маънавии худро аз назарияи адабиёт , шеъру шоирӣ ғанӣ гардонд, балки бо бисёр адибони ватанию хориҷӣ, ки он ҷо муҳассил буданд, шинос шуд.
|