Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ВАТАН


Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман,
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.

Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам,
Шавад иншо ба рӯи дафтари дил.
Ситода рост гӯё кӯҳсораш,
Ба мисли посбоне бар дари дил.

Даруни синаи ман хуфта гӯё,
ҳама сарбозҳои ҷонсупурда.
Агарчи хуфта онҳо дар дили хок,
Валекин ёдашон дар дил намурда.

Даруни синаи ман бешазорест,
Даруни синаи ман кӯҳу саҳрост.
Даруни синаи ман кӯҳсорест,
Даруни синаи ман ними дунёст.

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст.
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман,
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
дигар >>