|
Устод Ашӯр Сафар барои беқарориаш бо навозиш Ҳабибуллоро гунҷишкак ном мебурд. Шодравон Ғоиб Сафарзода ҷиҳати ногаҳон фошо-фош изҳор кардани ақидааш ҳазломез ӯро рози ниҳон меномид. Дар ҳар сурат, Ҳабибулло то нафаси охирин ба шеър содиқ монд. сатҳи эҷодиёташро паст нафаровард, китобҳои зиёде ҳам ба нашр расонд. Ҳарчанд дар бораи ашъораш қариб мақолахои тавсифй ба табъ нарасидаанд, вай беҳтарин унвонро чун ҳаққи ҳалол соҳиб шуд: Шоир!
На беномам, на марди номдорам,
На магрурам, на он сон хоксорам.
Ҳамеша дар раҳи паймони қавлам,
Чу кӯҳистони мулкам пойдорам.
Қаламрави Ховалинг (шояд дар гузаштаи дур Ховарон), саросар чашмасор аст. Табиати дилрабо ва оби гуворову ширини чашмаҳояш асрҳост, ки марҳами ҷони мардуманд. Ҳабибулло дар ҳамин диёри биҳиштосо чун чашмаи шӯху ҷӯшон арзи ҳастӣ кард; даврони бачагӣ ва чавонии чаҳоннодида-ашро бо шӯру қиём басо зебову рангин сароиду ҷавон рафт, ҷисман умри кӯтоҳ дид, лек ӯ аз ҷавонтарин насли овозадори солҳои шастуми асри бист буд, ки дар адабиёт нақши дурахшон гузошт. Ва осори маргуб, пора-пора шеърҳои равону хубаш умри маънавии ӯро бардавом, ташнагони каломи мавзунро шодоб хоҳад дошт. Ва ин байти ӯ пешбиние шуд 6а сарнавишташ:
Мо дусад бор зи нав зинда шавем,
Гар дусад бор зи дунё гузарем..
Мутаассифона, ағбаи умри Ҳабибулло сивупанҷ будааст, хушбахтона умри маънавияш бардавом. Ва боз ёрони ҳамқалам ва мухлисони сухан имсол дар бузургдошти 60-солагии ӯ гирд меоянд ва забон бо шеъри ӯ ширин ва хотир ба ёдаш шод мекунанд. Оре, мисраъ-мисраъ, пора-пора шеъри ноб ҳам ба шоир умри ҷовидона мебахшад.
дигар >> |
|