Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ХАНҶАР


Бидидам ханҷаре андар намоишхонаи таърих,
Ба даври дастаи он мори айнакдор печида,
Забонашро бароварда
Барои ҳамла омода,
Намуда рост дандони каҷу аз қаҳр ларзида
Ту гӯӣ Аҳриман бӯсида бошад дастаи ханҷар,
Ва ё он аз Заҳҳоки морҳо мондаст меросӣ,
Ба ёд оварда мор он дасти хунолудаи ҷаллод,
Шуда лабрез дарёҳо зи хуни мардуми осӣ.
ҳанӯз он ташнаи хун аст,
Хуни гарми инсонӣ,
Ки асре мемакиду заҳр мерезонд.
Дами он ханҷари фӯлод
Сарҳо мебуриду даҳр меларзонд
ҳама тан дода бар тақдир
Зи хуни одамӣ он мори айнакдор кай шуд сер!
Дами ханҷар, ту гӯӣ, бо забони мор мегӯяд:
Кунун ман ташнаи хунам,
Хумори сарбуриданҳо,
Тапиданҳои бисмилҳо.
Чу мори нимҷон андар намоишхонаи таърих,
ҳамон ханҷар магар дорад умеди
хунфишониҳо!?

<< аввала    дигар >>