Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

МАВҶ


Баргҳо мавҷи заминанд зи бод,
Сари ҳар шоха ба шӯр омадаанд.
Абрҳо мавҷи самоянд ба дод,
Кӯчбардор зи дур омадаанд.

Раъд гӯё чу саҳарбонги ҷарас,
Мебарад қофила борони баҳор.
Барқ ҷаста чу шароре зи нафас,
Оташ афрӯхта домони баҳор.

Рӯд борад гӯй аз дидаи абр,
Рӯдҳо мавҷкашон меоянд.
Рӯдҳо гӯӣ чу шерон бо ғирев,
Хашмгин, наъразанон меоянд.

Ахтарон мавҷзанон менигаранд,
Аз дили тираи шабҳо ба дилам.
Мавҷ дар дидаи ман мешумаранд,
Мавҷ не, шӯриши дарё ба дилам.

Дили ман низ чу айёми баҳор,
Зинда бо мавҷу гулу борон аст.
Ғулғулангез чу пайғоми баҳор,
Мавҷҳо дар дили ман пинҳон аст.

Мавҷҳои ҳавасу армонам,
Мавҷҳои ғаму шодии башар.
Мавҷи дарде, ки бувад дармонам,
Мавҷи ишқаст к-аз ӯ ҷаста шарар.

Байни амвоҷи заминему само,
Ману дил киштии дарёгузарем.
Мо дусад бор зи нав зинда шавем,
Гар дусад бор зи дунё гузарем.

<< аввала    дигар >>