Саҳифаи асоси
            Осор
            Зиндагинома
            Эҷодиёт
            Ёднома
            Аксҳо
            Наворҳо
            Сурудаҳо (.mp3)

ДАРЁИ ФОН


Дарёи Фон
Ба сад забон
Фарёд мезанад
Мавҷаш ба кӯҳ
Чу тешаи Фарҳод мезанад.
Аз қуллаҳо фаромада
Чун тоб мехӯрад.
Аз ташнагӣ
Нигоҳи ман
Барфоб мехӯрад.
Ин тангно
Чу тобути таърихи кӯҳсор.
Давраш нишаста қуллаҳо
Хомӯшу сугвор,
Дарё чу моми навҳагар
Рухсора меканад.
Бо қатра рахна
Дар дили шаҳпора меканад.
Дар рахнаҳои тангно
Як дам фурӯ равад.
Як дам ба қаъри асрҳо
Беному бенишон шавад
Дар ҳафриёти хештан.
Чун бостоншинос.
Овози қарнҳо кунад,
Бо савти худ қиёс.
Чун бо ғиреву тундарӣ,
Пайдо шавад зи нав,
Аз рахнаҳо бурун шуда,
Дарё шавад зи нав.
ҳамроҳи мавҷи худ барад
Эҳсосу ҳуши ман,
Афсонаҳои суғдиён
Хонад ба гӯши ман...

<< аввала    дигар >>