|
|
ШАБЕ ДАР БАҳРИ НОРАК
Дар шаби маҳтоб мавҷи баҳри Нор,
Гулхане афрӯхта дар кӯҳсор.
Панҷа гоҳе мезанад бар қуллаҳо,
Рехта аз кафкҳояш шӯълаҳо.
Дар бағал гирад гаҳе харсангҳо,
Шуста аз соҳил рахи ожангҳо.
Чун кулаҳ гоҳе ба фарқи об ҳаст,
Он қадар зебову шинам менишаст.
Гӯиё ҷӯшанда шире чини об,
З-оташи маҳтоб хӯрда печутоб.
Мавҷ бо доман варо пӯшиданист.
Ё варо чун қатрае нӯшиданист.
Шарфааш аз тангно ояд ба гӯш,
Шир-шире к-аз шохаҳо ояд ба гӯш.
Бол афшонад чу қӯ болои баҳр,
Боз афзунтар шавад лолои баҳр.
Гоҳ чун гаҳвора паҳлӯ мезанад,
Гаҳ фурӯ рафта гаҳе рӯ мезанад.
Мавҷ исёни дигар такрор кун,
Даштҳои хуфтаро бедор кун.
Дар шаби маҳтоб мавҷи баҳри Нор,
Гулхане афрӯхта дар кӯҳсор.
Панҷа гоҳе мезанад бар қуллаҳо,
Рехта аз кафкҳояш шӯълаҳо.
<< аввала дигар >>
|
|
|
|
|